МАНБАЪ: БАДРАФТОРИИ ЗИНДОНБОНҲО САБАБИ ОШӮБИ МАҲБУСОН ДАР ХУҶАНД ШУДААСТ

Акс аз "Азия Плюс"

Як манбаи сомонаи "Ахбор” дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд гуфт, ду зиндонбони навбатдор дар зиндони 3/3-и шаҳри Хуҷанд шаби 7 ноябр як маҳбусро дар ҳавои боронӣ луч карда, дар берун зери борон гузоштаанд. Ҳамин бадрафторӣ боис шудааст, ки як гуруҳи маҳбусон ошӯб бардошта, бо корду табар ва чӯбу оҳан ба зиндонбонҳо ҳамла кардаанд. Ошӯби тахминан соати 22:30 оғоз ёфта, соати 23 нирӯҳои вижаи "Алфа” ва ОМОН ошӯбгаронро саркӯб кардаанд. То ин лаҳза шахсияти 22 маҳбус ва ду зиндонбони кушташуда мушаххас карда шудааст. 7 корманди дигари зиндон ва тақрибан 50 маҳбуси дигар, ба гуфтаи манбаи "Ахбор”, дар ҷараёни саркӯби ошӯб дар маҳбаси рақами 3/3 тир хӯрдаанд. Вазъи бисёрии онҳо вазнин боқӣ мемонад.

 

Як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд рӯзи 8 ноябр дар сӯҳбат бо сомонаи "Ахбор” баъзе ҷузъиёти ошӯби шаби 7 ноябр дар маҳбаси рақами 3/3-и шаҳри Хуҷанд (раисаш – Файзулло Сафаров)-ро шарҳ дод. Ин зиндони низомаш сахт бо бархӯрди бади зиндонбонҳо нисбат ба маҳбусон ном баровардааст.

Шаби 7 ноябр як майор, ки он шаб навбатдор будааст, яке аз маҳбусонро барои кадом кирдоре ҷазо доданӣ шуда, ӯро луч кардаанд ва дар ҳамин ҳолат дар зери борон дар берун дар рӯи саҳни ҳавлии зиндон гузоштаанд.Бадрафторӣ нисбат ба ин маҳбус боиси шӯридани як отряди маҳбусон шудааст.

Онҳо бо корду табар ва чӯбу сангу тахта мусаллаҳ шуда, ба зиндонбонҳои бадрафтор ҳамла кардаанд.

Манбаи "Ахбор” мегӯяд, интиқоми маҳбусон аз ин ду зиндонбон хеле даҳшатовар буд: "Маҳбусон панҷаҳои дастаи зиндонбонҳоро бо табар зада, мебуранд. Сипас ба ошӯб отрядҳои дигар ҳамроҳ мешаванд. Ин кор соати тахминан 22:30 сар задааст. Баъди оғози ошӯб дар вилоят "Бонги хатар” заданд ва алакай соати 23 нирӯҳои вижаи "Алфа” ва ОМОН ба зиндони рақами 3/3 ворид шуда, ошӯбро бо истифода аз силоҳ ва сагҳо саркӯб карданд.”

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар ҷараёни саркӯби ошӯб аз ҷониби маъмурияти зиндон 2 нафар ба ҳалокат расида, 7 зиндонбон ҷароҳат бардоштаанд: "Аммо талафоти аз ҳама зиёд дар байни маҳбусон аст. То ин лаҳза шахсияти 22 маҳбуси кушташударо муайян кардаанд ва ба наздикони онҳо гуфтаанд, ки то бегоҳ ҷасадҳоро месупоранд. Вале шумораи кушташудаҳо метавонад боз биафзояд, чунки аз тарафи маҳбусон тақрибан 50 кас тир хӯрдаанд ва вазъи бисёрии онҳоро вазнин мегӯянд.”

Як сокини маҳаллаи 13-уми Хуҷанд гуфт, соати тахминан 23 дар назди маҳбаси рақами се шумори бузурги кормандони мақомот бо силоҳу сагҳо ҷамъ шуданд ва аз онҷо садои тир ба гӯш мерасид.

Манбаи дигари "Ахбор” дар мақомоти интизомии вилояти Суғд хабар дод, ки дар ошӯби шаби 7 ноябр ду корманди муассисаи ислоҳии рақами 3/3-и шаҳри Хуҷанд Эҳсонхоҷа Мухторзода, зодаи деҳаи Пастиғави ноҳияи Мастчоҳ ва майор Мирсаид Қодиров, зодаи шаҳри Хуҷанд ба ҳалокат расидаанд. Ӯ афзуд, ки Мирсаид Қодировро дар Хуҷанд ва Эҳсонхоҷа Мухторзодаро дар деҳаи Пастиғави ноҳияи Мастчоҳ алакай ба хок супурдаанд.

Ин манбаъ шумораи захмиён дар байни кормандони зиндонро 6 нафар гуфт. Ӯ ҳам муайян шудани шахсияти 22 маҳбуси кушташударо тасдиқ кард ва гуфт, баъди анҷоми ташхисҳо ин ҷасадҳоро ба наздиконашон месупоранд.

Дар ҳамин ҳол, манбаи аввали "Ахбор” хабарҳои қаблан нашршуда дар бораи ошӯб бардоштани аъзои ДОИШ ва Ҳизб-ут-Таҳрир дар зиндони рақами 3-ро беасос хонд ва гуфт, чунин маҳбусон дар маҳбаси низомаш пурзӯр нигоҳ дошта мешаванд, вале низоми маҳбаси рақами 3 танҳо сахт аст, на пурзӯр: "Дар инҷо асосан онҳое, ки барои ҷиноятҳои вазнине, чун куштор, маводи мухаддир, таҷовуз ба номуси кӯдак, ҳамчунин пешсудшудаҳо адои ҳукм мекунанд. Шояд дар байнашон ифротгароҳо ҳам бошанд, вале каманд.”

Як маҳбуси собиқи зиндони Хуҷанд ба сомонаи "Ахбор” гуфт, бадрафтории зиндонбонҳо дар инҷо ҳамеша як амри роиҷ буд: "Бо ҳар роҳу шева маҳбусонро азоб медиҳанд, шаъну шарафи инсониашонро паст мезананд. Маҳбусро ягон зарра инсон намешуморанд. Метавонанд бе ягон асос бурда дар ШИЗО чанд рӯз маҳкам кунанд, ё дар ҳавои сард тани луч карда, соатҳо дар берун нигоҳ бидоранд. Мутаассифона, мақомоти назоратӣ ба ин рафтори зиндонбонҳо аз паси панҷа нигоҳ мекунанд ва ба шикоятҳои маҳбусон эътибор намедиҳанд. Пештар ҳам чанд дафъа маҳбусон ба ҷон омада, зиндонбонҳоро латукӯб карда буданд дар маҳбаси рақами се, вале ин хабарҳо дар даруни чордевори маҳбас мемонд, берун намерафт.”

Хабари ошӯб дар зиндони рақами сеюми шаҳри Хуҷандро аввалин шуда, сомонаи "Ахбор” ҳанӯз шаби 7 ноябр гузориш дод.

Манобеи "Ахбор” дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд хабар доданд, ки шаби 7 ноябр маҳбусон дар зиндони Хуҷанд ошӯб бардоштаанд. Ба гуфтаи ин манобеъ, маҳбусони ошӯбгар асосан онҳое будаанд, ки бо ҷурми узвият дар созмони террористии ДОИШ "(Давлати исломӣ”) ва ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи Таҳрир (Ҳизб-ут-Таҳрир) зиндонӣ шудаанд. Онҳо шаби 7 ноябр ба зиндонбонҳо ҳамла карда, чанд силоҳи оташфишон ба даст овардаанд ва зиндонро тасарруф карданд.

Маҳбаси рақами сеи шаҳри Хуҷанд қаблан низ чандин бор дар сархатти ахбори матбуот қарор гирифтааст.

Шаби 17 июни соли 2016 се маҳбуси зиндони Хуҷанд Рамзуллохон Дадохонов,ҲабибҷонЮсуфов ва Мирзозариф Қаюмов аз зиндони рақами 3/3-и шаҳри Хуҷанд талоши фироркардандЯкеи онҳо барои ширкат дар ҷангҳои Ироқ ва якеи дигар барои ширкат дар амалиётҳоиҷангӣ дар Вазиристони Покистон маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон шуда буданд.

Ҳангоми фирор онҳо Ёрмамад Алимамадов, сардори бахши назорат ва тарбият дар ин маҳбасробо корд куштандАммо аз фирориҳо Мирзозариф Қаюмов дар задухӯрд бо зиндонбонҳо ба ҳалокатрасидаҲабибҷон Юсуфов захмӣ ва билофосила дастгир шудТанҳо Рамзуллохон Дадохоновтавонист аз девори бетонии симхорпечи маҳбас берун ҷаҳидафирор кунад.

Аммо ӯро алакай рӯзи 19 июн дар канори Хуҷанддар ҳудуди ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровгирд кардандВазорати корҳои дохила хабар додки"маҳбуси фирорӣ Додохонов РамзуллохонҶӯрабоевич ҳангоми муқовимати мусаллаҳона нишон додан аз силоҳи оташфишоназ ҷониби мақомотҳои дар боло зикргардида безарар гардонида шуд."

Ҳамин тавр, Амонуллохон Носирӣ, сокини 26-солаи деҳаи Чилгазии ҷамоати Навгилеми ноҳияиИсфараки дар соли 2009 барои ғоратгарӣ ба 14 соли зиндон маҳкум шуда будшоми 24 ноябри соли2016 аз маҳбаси рақами 3/3-и шаҳри Хуҷанд фирор кардвале алакай рӯзи 26 ноябр дар зодгоҳаш деҳаи Чилгазӣ дастгир шуд.

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд баъдан Амонуллохон Носириро бар асоси қисми аввали моддаи 365-умиКодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Гурехтан аз ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣба 5 соли зиндон маҳкумкардАкнун ин маҳбус то соли 2028 пушти панҷара хоҳад монд.

Аммо бузургтарин ошӯб дар зиндони рақами сеи шаҳри Хуҷанд моҳи апрели соли 1997 рух дода буд. Дар ҷараёни саркӯби он ошӯб 24 маҳбус кушта шуда, 35 маҳбуси дигар ҷароҳат бардоштанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон