Дар шӯриши зиндони Хуҷанд дастикам 22 нафар кушта шудааст

Дар шӯриши шаби гузашта дар зиндони шаҳри Хуҷанд дастикам 22 нафар ба ҳалокат расидааст. Марги ду нафари онҳо, ки нигоҳбонҳои зиндон буданд, тасдиқ шуд.

Ҷасади яке аз нозирони кушташудаи зиндони шаҳри Хуҷанд рӯзи панҷшанбе дар зодгоҳаш – ноҳияи Мастчоҳ – дафн карда шуд. Эҳсон Ёқубови 29-сола чанд сол боз дар маҳбас кор мекард.

Ҳамчунин гуфта мешавад, дар байни зиндониҳо ва нозирони маҳбас теъдоди захмиҳо зиёд аст. Як манбаъ дар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон рӯзи 8-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, шаш зиндонбони захмӣ ба бемористони шаҳри Хуҷанд интиқол ёфтанд. Дар бораи теъдоди зиндониҳои маҷруҳ маълумоти дақиқ дар даст нест.

Мақомоти расмии Тоҷикистон то ҳол дар ин бора хабар надода, рақами мушаххасеро дар мавриди кушташудаҳо ва захмиҳо баён накардаанд. Манобеъ мегӯянд, феълан ҳодисаро як кумиссюни махсус бо раҳбарии яке аз муовинони додситони кул таҳқиқ дорад.

Ҷасади Эҳсон Ёқубовро дафн карданд

Ҷасади яке аз нозирони кушташудаи зиндони шаҳри Хуҷанд рӯзи панҷшанбе дар зодгоҳаш – ноҳияи Мастчоҳ – дафн карда шуд. Эҳсон Ёқубови 29-сола чанд сол боз дар маҳбас кор мекард.

Эҳсон Ёқубов пас аз зуҳри панҷшанбе дафн карда шуд
Эҳсон Ёқубов пас аз зуҳри панҷшанбе дафн карда шуд

Шоҳкарим Муҳаммадиев, раиси маҳаллаи деҳаи Пастиғав рӯзи 8-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҷасади Эҳсон Ёқубовро субҳи 8-уми ноябр ба наздиконаш супурданд.

Масъулони ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ, маҳалли зисти нозири кушташуда, мегӯянд, Эҳсон Ёқубов баъд аз адои хидмат дар артиш то ин вақт дар зиндон кор мекард. Аз Эҳсон Ёқубов ду фарзанди ноболиғ боқӣ мондааст.

Ошӯб дар зиндони Хуҷанд пахш карда шуд

Манобеи Радиои Озодӣ шаби 7-уми ноябр хабар доданд, ки дар зиндони рақами 3/3-и шаҳри Хуҷанд шӯриш ба амал омадааст. Дар бораи сабабҳои шӯриш маълумоти дақиқ дар даст нест. Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бар асари задухӯрд хисороти ҷонӣ ҳаст, аммо теъдоди кушташудаҳо ва захмиҳо маълум нест. Як манбаъ дар Суғд рӯзи 8-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки 5-6 нафар захмиро аз зиндон ба бемористони шаҳри Хуҷанд интиқол доданд.

"Нирӯҳо зуд ба ҷои ҳодиса сафарбар шуда ва ошӯбгаронро пахш карданд. Онҳо асосан бо силоҳи сард ҳамла карда буданд", - афзуд як манбаъ.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Иззатулло Шарифов: "Касе аз зиндон нагурехтааст"

Дар мавриди ин ки оё касе аз маҳбусон фирор кардааст ё не, иттилое дар даст нест. Як манбаи дигари огоҳ аз ҳодиса гуфт, ҳоло теъдоди зиёди нирӯҳои интизомӣ дар вилояти Суғд ба хидмати шабонарӯзӣ ҷалб шуда, махсусан дар дарвозаҳои вурудӣ ба Хуҷанд фаъол гардидаанд.

Мақомоти расмӣ ҳанӯз дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Аммо навбатдори Идораи зиндонҳо дар шаҳри Хуҷанд ба Радиои Озодӣ гуфт, "мақомот "Бонги хатар" эълон кардаанд, вале тирпаррониву фирори маҳбусон нашудааст".

Ӯ гуфт, "Бонги хатар" ба набати аввал ба афсарон ва кормандони ҳамаи маҳбасҳо, ки зери назорати ин ниҳод аст, дахл дорад ва онҳо дар ҳолати омодабош оварда шудаанд. Навбатдор ҷузъиёти онро ки чӣ амалҳое дар доираи ин "Бонги хатар" роҳандозӣ мешавад ва то кай давом мекунад, бинобар махфӣ будани он ошкор накард.

Танҳо гуфт, ҳар замон чунин "Бонги хатар" ва ба ҳолати омодабош овардани афсарони раёсати назорати маҳбасҳо ва худи зиндонҳоро амалӣ мекунанд.

Ҳабибулло Воҳидов
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Боздошти ду масъули зиндони Хуҷанд барои фирори се маҳбус. ВИДЕО

 

 

 

Маҳбаси низомаш сахти рақами 3, ки ошӯб онҷо сар зад, дар байни маҳаллаҳои навбунёди 14-15-и шаҳри Хуҷанд воқеъ мебошад ва маҳбусоне, ки ба ҷиноятҳои сангин, аз ҷумла қатл, қочоқи маводи мухаддир ва терроризм даст задаанд, дар он нигаҳдорӣ мешаванд. Як масъули идораи зиндонҳо ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин зиндон барои 750 нафар пешбинӣ шуда, феълан дар он 800 нафар нигаҳдорӣ мешавад.

Зимнан, ин зиндон қаблан занона буд, ки онро ба Норак кӯчониданд. Барои ҳамин шояд деворҳояш симхор надорад ва дидбонҳояш (вишкаҳояш) ҳам чандон зиёд нест.

Дар маҳбаси рақами 5-и назди идораи Бозрасии Давлатии Автомобилии вилоят дар маҳаллаи 16, ки низомаш пурзӯр мебошад, аз ҷумла аъзои созмонҳои мамнӯи ДИИШ ва Ҳизби Таҳрир, нигаҳдорӣ мешаванд. Шумораи маҳбусони ин зиндон тақрибан ду баробар аз маҳбаси рақами 3 аст.

Дар гузашта баъзе аз маҳбусон талош карда буданд, ки аз зиндони шаҳри Хуҷанд фирор кунанд. Танҳо дар соли 2016 ду мавриди фирори маҳбусон аз зиндони рақами 3/3-и Хуҷанд сабт шуда буд. Баъзе аз ин маҳбусон ҳангоми фирор кушта шуда, бархеи дигар пас аз муддатҳо боздошту зиндонӣ гардидаанд.

Пурсарусадотарин мавриди фирор аз маҳбасҳои Тоҷикистон, ки бо барканории раиси вақти Кумитаи давлатии миллӣ Хайриддин Абдураҳимов ва тақрибан ҳамаи муовинони ӯ анҷом ёфт, фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи ин кумита дар Душанбе дар моҳи августи соли 2010 буд.

Амалиёти таъқиби маҳбусони фирорӣ то боздошти охирин нафари онҳо дар маҷмӯъ 1 солу 3 моҳ тӯл кашид. Дар ҷараёни ин амалиёт, ба ҳисоби мақомот, 14 нафар дастгир ва 7 тан аз фирориҳо кушта шудаанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон