Синаро сипар карданд: чаро занон дар Осиёи Марказӣ бараҳнагиро нишони озодӣ медонанд?

Кадр из клипа Зере Асылбек Кыз

Чаро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ заноне пайдо шуданд, ки тани урёнро нишони озодӣ медонанд? Овозхоне дар Қирғизистон бо тани урён суруд мехонаду рассоме дар Тоҷикистон акси маҳрамонаи занро мекашад. Ин амали занони озодихоҳ вокуниши шидиди ҷомеаро дар пай овардааст. Аммо "гунаҳкорон" ин тасмимашонро "барои озодии занон" унвон кардаанд

Дар ҷомеаи Қирғизистон як намоҳанги овозхони ҷавон Зере Асилбек ҷанҷоли калонеро ба миён овардааст. Овозхон дар он бо тани нимурён суруд мехонад.

Новобаста аз вокуниши шадиди мардон, заноне пайдо шуданд, ки бо нишони дастгирӣ аз ин амали овозхон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳои нимурёни худро мунташир мекунанд. Аммо мардони маҳаллӣ ин амали онҳоро маҳкум мекунанд.

Тавре РИА Новости менависад, акнун ба зани ҷавон хатар таҳдид мекунад.

"Маҷбур бараҳна мешавем"

“Кай бошад, ки ба мо фармон доданро бас кунанд: ин хел кун, ин хел накун, нагӯянд! Чаро ман чунон бошам, ки дигарон мехоҳанд?” – месарояд Зере Асилбек.

Дар намоҳанги таронаи “Қиз” (“Духтар”) овозхон худро озод ҳис мекунад: лабони сурх, таҳпӯшҳои турӣ ва пиҷак ба бар кардааст. Дар навор дигар духтарон низ пайдо мешаванд. Яке ҳиҷоб дорад ва пироҳани миллии қирғизиро ба бар кардааст, дигаре нимурён аст.

Намоҳанги овозхони ҷавон вокуниши шадиди ҷомеаи Қирғизистонро ба бор овард.

“Ҳар як духтар бояд тарзи зиндагиашро худаш интихоб кунад”, “ту водор мекунӣ, ки мардум роҳҳои мубориза бо зӯроварӣ ва фишор ба занонро ҷӯянд”, - менависанд зери намоҳанги Зере корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ.

Занони зиёде бо нишони ҳамрайъӣ бо овозхон аксҳои нимурёни худро ба шабакаҳои иҷтимоӣ мегузоранд. Дар ҷомеаи падаршоҳӣ “барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ маҷбур мешавӣ, ки урён шавӣ”, менависанд онҳо.

Тавре ба РИА Новости худи Зере гуфтааст, ӯ қасдан ин намоҳангро сохтааст.  Яке аз далелҳои пайдо шудани намоҳанги мазкур ҷой доштани мушкилии духтаррабоӣ дар ҷомеаи Қирғизистон будааст. Бино бар иттилои СММ аз чор як зани қирғиз камаш як маротиба шиканҷа шудааст, аз панҷ як нафарро дуздидаанд. Дар ҷомеаи Қирғизистон ҳолатҳое мешаванд, ки духтаронро мардони тамоман бегона медузданд. Гоҳо арӯсрабоӣ барои ба ҷо овардани анъана баргузор мешавад, яъне бо розигии волидони арӯс, аммо дар бисёр маврид ҷабрдидаҳо лаб мегазанд.  Панҷ сол пеш мақомоти қишвар барои духтардуздӣ ҷазои сангин пешбинӣ карда буд, аммо ин иқдоми ҳукумати кишвар роҳи духдардуздонро то ҳол гирифта натавонистааст.

Муҳаббати рабуда

Ба гуфтаи Зере, ӯро тақдири як духтари қирғиз бо номи Бурулой сахт нигарон кард. Духтар 19 сол доштааст ва дар коллеҷи тиббии Бишкек таҳсил мекардааст. Онҳо бо ҷавоне аҳду паймон карда, бо розигии волидон рӯзи тӯяшонро низ таъин карда буданд. Аммо ду моҳ пеш аз тӯй Бурулойро рабуданд. Марс Бодошев ном ҷавони 30-солае пештар низ кӯшиши дуздидани духтарро мекардааст, аммо волидонаш садди роҳи мард мешудаанд. Аммо волидон ин дафъа ба мошине, ки духтарро мебурданд, расида наметавонанд.

Пулис мошинро медорад ва онҳоро ба шӯъба мебарад. Бурулай дар ин вақт ба волидонаш занг зада, хабар медиҳад, ки аҳволаш хуб аст. Ҳамин вақт Марс ба қафаси сина ва шиками духтар корд мезанад. Ҷавон ҳатто дар бадани духтар "Н+Б=Х" менависад. Ба "Б" номи духтар ва ба "Н" номи дӯстдоштааст оғоз мешудааст.

 

“Дар кишвари мо чунин воқеаҳо зиёданд. Ман ба хулосае омадам, ки бояд коре кард”, - мегӯяд Зере.

Мардони қирғиз қиёфаи ҷанҷолии сарояндаро зери танқиди шадид гирифтанд. Ба ӯ номаҳои пур аз таҳдид мерасиданд.

“Баъзеҳо дар номаҳои худ тасвир мекунанд, ки бо ман чи корҳо кардан мехоҳанд. Ё таҳдид мекунанд, ки маро мекушанд”, - мегӯяд вай. Зере ба полус муроҷиат кардааст.

Ӯро мехоҳанд бо ҳар роҳ танқид кунанд: на танҳо суруд ва ҳунари ӯро баррасӣ мекнунанд, балки намуди зоҳирии вайро зери тозиёна қарор медиҳанд. Собиқ сарвазири кишвар, Феликс Кулов гуфтааст, “агар бадани Зере зебо мебуд, ин навор ҳоло гирди забони сокинон намегашт”.

Новобаста аз ин ҷанҷолҳо, овозхони ҷавон аз тасмими гирифтааш даст намекашад ва мақсад дорад барои озодии занон мубориза барад.

Соли гузашта низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ як навори ҷанҷолбарангези духтари қирғиз пайдо шуда буд.  Дар он Сайкал Жумалиева дар нақши арӯси деҳотӣ ва дар даст ҷорӯб рақс мекард.



назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон