ИСЁНИ МУСАЛЛАҲОНАИ МАҲБУСОНИ ДОИШӢ ВА ТАҲРИРӢ ДАР ЯК ЗИНДОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Намози ид дар маҳбас. Соли 2012. Акс аз REUTERS/Nozim Kalandarov

Бино ба хабарҳои расман тасдиқношуда, шаби 7 ноябр дар як зиндони низомаш вилояти Суғд маҳбусон ошӯб бардошта, яроқи посбонони зиндонро тасарруф кардаанд ва ин зиндонро тасарруф кардаанд. Нирӯҳои амниятӣ атрофи зиндонро муҳосира кардаанд ва нирӯи барқро дар дохили маҳбас хомӯш кардаанд. Манбаи "Ахбор” аз Хуҷанд мегӯяд, дар задухӯрдҳо дар дохили маҳбас чанд нафар куштаву захмӣ шуданд. Ба гуфтаи ӯ, ошӯбгарон дар зиндони Хуҷанд онҳоеянд, ки бо ҷурми узвият дар созмони террористии ДОИШ ("Давлати исломӣ”) ва ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи Таҳрир маҳкум шудаанд. Хешовандони маҳбусони ин зиндон дар ташвишанд, ки аҳволи наздикони онҳо чӣ мешавад? Ин хабар то ин соат аз ҷониби мақомот расман тасдиқ ё рад нашудааст.

Манобеи сомонаи "Ахбор” аз шаҳри Хуҷанд дар бораи ошӯби мусаллаҳона дар яке аз зиндонҳои низомаш шадиди вилояти Суғд хабар дод. Ба гуфтаи ин манобеъ, дар ин зиндон маҳбусоне нигоҳ дошта мешаванд, ки асосан бо ҷурми даст доштан дар ҷиноятҳои вазнин ва терроризму ифротгароӣ маҳкум шудаанд.

Манобеи "Ахбор” гуфтанд, ки рақами ин зиндонро намедонанд, вале маҳбусони муттаҳам ба терроризму ифротгароӣ дар вилояти Суғд асосан дар зиндони рақами сеюми шаҳри Хуҷанд адои ҳукм мекунанд. Ин маҳбас бо низоми фавқулодда шадидаш ном баровардааст.

Манобеи "Ахбор” мегӯянд, маҳбусони ошӯбгар асосан онҳое будаанд, ки бо ҷурми узвият дар созмони террористии ДОИШ "(Давлати исломӣ”) ва ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи Таҳрир (Ҳизб-ут-Таҳрир) зиндонӣ шудаанд. Онҳо шаби 7 ноябр ба зиндонбонҳо ҳамла карда, чанд силоҳи оташфишон ба даст овардаанд ва зиндонро тасарруф кардаанд. Дар ҷараёни задухӯрдҳо, ба гуфтаи манбаи "Ахбор”, мутассифона, чанд нафар куштаву захмӣ шудаанд.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони "Ахбор”, нирӯҳои амниятӣ дар пайи тасарруфи маҳбас аз ҷониби маҳбусони ошӯбгар атрофи ин зиндонро ба муҳосира гирифта, нирӯи барқро дар дохилаш хомӯш кардаанд.

Хешовандони чанд маҳбус низ дар сӯҳбат бо сомонаи "Ахбор” аз сарнавишти наздикони худ дар ин зиндон изҳори ташвиш карданд. Онҳо мегӯянд, аз ин тарс доранд, ки дар сурати амалиёт ба зидди ошӯбгарон маҳбусони дар ин ошӯб дастнадошта низ метавонанд бегуноҳ қурбон шаванд.

БОЗДОШТИ 5 МИЛИСАИ "ФИРОРӢ” ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД

Маҳбаси рақами сеи шаҳри Хуҷанд қаблан низ чандин бор дар сархатти ахбори матбуот қарор гирифтааст.

Шаби 17 июни соли 2016 се маҳбуси зиндони ХуҷандРамзуллохон Дадохонов,ҲабибҷонЮсуфовваМирзозариф Қаюмоваз зиндони рақами 3/3-и шаҳри Хуҷанд талоши фирор кардандЯкеи онҳо барои ширкат дар ҷангҳои Ироқ ва якеи дигар барои ширкат дар амалиётҳои ҷангӣ дарВазиристони Покистон маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон шуда буданд.

Ҳангоми фирор онҳо Ёрмамад Алимамадов, сардори бахши назорат ва тарбият дар ин маҳбасробо корд куштандАммо аз фирориҳо Мирзозариф Қаюмов дар задухӯрд бо зиндонбонҳо ба ҳалокатрасидаҲабибҷон Юсуфов захмӣ ва билофосила дастгир шудТанҳо Рамзуллохон Дадохоновтавонист аз девори бетонии симхорпечи маҳбас берун ҷаҳидафирор кунад.

Аммо ӯро алакай рӯзи 19 июн дар канори Хуҷанддар ҳудуди ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровгирд кардандВазорати корҳои дохила хабар додки"маҳбуси фирорӣ Додохонов РамзуллохонҶӯрабоевич ҳангоми муқовимати мусаллаҳона нишон додан аз силоҳи оташфишоназ ҷониби мақомотҳои дар боло зикргардида безарар гардонида шуд."

 

Ҳамин тавр,Амонуллохон Носирӣ, сокини 26-солаи деҳаи Чилгазии ҷамоати Навгилеми ноҳияиИсфараки дар соли 2009 барои ғоратгарӣ ба 14 соли зиндон маҳкум шуда будшоми 24 ноябри соли2016 аз маҳбаси рақами 3/3-и шаҳри Хуҷанд фирор кардвале алакай рӯзи 26 ноябр дар зодгоҳаш деҳаи Чилгазӣ дастгир шуд.

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ахиран Амонуллохон Носириро бар асоси қисми аввали моддаи 365-умиКодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Гурехтан аз ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣба 5 соли зиндон маҳкумкардАкнун ин маҳбус то соли 2028 пушти панҷара хоҳад монд.

Аммо бузургтарин ошӯб дар зиндони рақами сеи шаҳри Хуҷанд моҳи апрели соли 1997 рух дода буд. Дар ҷараёни саркӯби он ошӯб 24 маҳбус кушта шуда, 35 маҳбуси дигар ҷароҳат бардоштанд.

5 СОЛ БАРОИ ФИРОР АЗ ЗИНДОН

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон