БОРИ АВВАЛ ДУ ЗАНИ МУСУЛМОН ВАКИЛИ КОНГРЕССИ АМРИКО ШУДАНД

Илҳон Умар (аз чап) ва Рашида Тлайб

Рӯзи 6 ноябр дар интихоботи миёндавраии Амрико бори аввал ду зани мусулмон вакили Конресс интихоб шуданд. Илҳон Умар, ки солҳои 90 аз Сомалии ҷангзада ба Амрико паноҳ оварда буд, аз аёлати Миннесота ва Рашида Тлайб аз Мичиган соҳиби курсии вакили Маҷлиси намояндагон – палатаи поёнии парлумони Амрико шуданд. Ҳардуи онҳо аз ҳизби демократ намояндагӣ мекунанд. То кунун танҳо ду мусулмон – Эллисон Кейт ва Андре Карсон (ҳарду аз ҳизби демократ) ба Конгресси Амрико роҳ ёфта буд.

Бори аввал дар таърихи Конгресси Амрико ду зани мусулмон ба парлумони ин кишвари абарқудрат роҳ ёфтанд.

Илҳон Умар, зодаи Сомалӣ дар аёлати Миннесота ҳамчун номзади демократҳо пирӯз шуд. Ӯ дар Маҷлиси намояндагони Конгресс Эллисон Кейтро иваз мекунад. Эллисон Кейт нахустин вакили мусалмон дар Конгресси Амрикост, ки баъди тарки парлумон, бино ба хабарҳо, ба мақоми додситони аёлати Миннесота хоҳад нишаст.

Илҳон Умар дар солҳои 90, вақте ҳанғз ноболиғ буд, ҳамроҳи волидонаш аз кишвари ҷангзадаи африқоии Сомали ба Амрико паноҳ овард. Илҳон Умар, ки ҳамагӣ 36 сол дорад, аз қаноти чапи ҳизби демократ намояндагӣ мекунад ва бори аввал дар соли 2017 вакили конгресси аёлати Миннесота интихоб шуда ва инак ба Конгресси Амрико роҳ ёфт.

Хоҳари дугоники ӯ Саҳро Нур роҳбари хадамоти бемористонҳои Миннеаполис мебошад.

Волидони Рашида Тлайб аз Фаластин мебошанд. Рашида Тлайб дар шаҳри Детройт ба воя расида, ҳамчун фаъоли иҷтимоӣ дар инҷо ном баровардааст. Тлайб ва ӯ дар мавзеъгириҳояш аз сиёсатҳои президенти кунунии Амрико Доналд Трамп ва ҳамчунин аз Исроил интиқод мекунад. Ду сол пеш Рашида Тлайб барои халал расондан ба суханронии Доналд Трамп дар шаҳри Детройт – "пойтахт”-и корхонаҳои мошинсозии Амрико ҳатто ҳабс шуда буд.

Рашида Тлайб 42 сол ва ду писар дорад: Адам ва Юсуф.

Рашида Тлайб дар Маҷлиси намояндагони Конгресс вакили демократ Ҷон Конйерсро иваз кард. Конйерс ба далели бадрафтории шаҳвонӣ курсии вакилиашро аз даст дод.

То кунун танҳо ду мусулмон ба Конгресси Амрико роҳ ёфтааст. Яке ҳамон Эллисон Кейт - нахустин вакили мусулмони Конгресс аст, ки инак курсии худро барои вакили дигари мусулмон – Илҳон Умар холӣ кард. Вакили дуюми мусулмони Конгресси Амрико Андре Карсон низ намояндаи ҳизби демократ буда, аз аёлати Индиана вакил интихоб шудааст.

Интихоботи миёндавраии Конгресси Амрико натиҷаҳои яксон наовард. Бар асоси натиҷаҳои муқаддамотӣ, ҳизби демократ назорати Маҷлиси намояндагон – палатаи поёнии Конгрессро ба даст овард, вале Сенат – маҷлиси болоии Конгресс таҳти назорати ҳизби ҷумҳурихоҳ, ки президент Доналд Трамп намояндаи ҳамин ҳизб аст, боқӣ монд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон