ХУДКУШИИ МОДАР БАЪДИ ВАФОТИ ТИФЛИ НАВЗОДАШ

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд як модар баъди якуним моҳи вафотитифли навзодаш худкушӣ кардааст.

Як манбаъи огоҳ аз ин ҳодиса гуфт, ки Маҳфуза Ҳошимова сокини ҷамоати Чашмасори ноҳияи Б. Ғафуров буда, соҳиби ду фарзанд буд. Маҳфуза моҳи сентябр тифли дуюмашро таваллуд мекунад, вале ин кӯдакбаъди чанд рӯзи таваллуд бо сабаби номаълум якбора вафот мекунад.

Баъди фавти тифли навзод Маҳфуза парешонҳолу рӯҳафтода гардида, ҳамеша бо чеҳраи гирифтаву ғамзада мегашт. Шояд фавти фарзанд модарро аз зиндагӣ дилсард кард, ки даст ба худкушӣ зад. Наздиконаш мегӯянд, то вафоти тифл Маҳфуза бо оилааш зиндагии оромона дошт ва шавҳараш низ аз зиндагӣ шикоят намекард.

Маҳфуза Ҳошимова баъди марги фарзанд чанд бор муддати 3-4 соат нопадид шуда, боз пайдо мешуд. Нисфирӯзии 6-уми ноябр баъди чанд соати нопадид шудани Маҳфуза пайвандонаш ҷисми беҷони ӯро дар оғилхонаашон дарёфтаанд. Маҳфуза бо ресмон худро дар сақфи оғилхона овехтааст.

Бино ба гузориши маркази матбуоти РВКД дар вилояти Суғд Ҳошимова Маҳфуза Турғунбоевна, миллаташ тоҷик, соли таваллудаш 1993, оиладор, соҳиби ду фарзанд аз сабаби вафоти фарзандаш санаи 29-уми сентябри соли 2018, худро 6-уми ноябр дар оғилхонаи ҳавлии истиқоматияш бо роҳи доркашӣ ба ҳалокат расондааст.

Ҳангоми азназаргузаронии ҷасад марги маҷбурӣ мушоҳида нашудааст. Тафтиши ҳодиса идома дорад.

Равоншиносон мегӯянд, дар чунин ҳолатҳои маъюсиву афсӯрдагӣ, хусусан баъди вафоти шахсони наздик, мардум ба кумаки равонӣ эҳтиёҷ доранд, вале мутааасифона, дар ҷомеаи Тоҷикистон муроҷиат ба равоншинос ҳанӯз як амри роиҷ нашудааст ва бисёриҳо дарду ғами худро берун намебароранд, ки дар бархе мавридҳо мунҷар ба оқибатҳои фоҷиаборе, ба мисли худкушии Маҳфуза Ҳошимова мешавад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон