ДАР ХОРУҒ ЧӢ ГАП ШУД? ҶУЗЪИЁТИ ТИРПАРРОНИИ ФАРМОНДЕҲИ ОМОН ГЕНЕРАЛ ХУРШЕД МУҲАММАДЗОДА

Фармондеҳи ОМОН Хуршед Иззатулло Муҳаммадзода

Дар саҳифаҳо ва гуруҳҳои тарафдорони ҳукумат дар шабакаи Фейсбук бо истинод ба «Панҷшанбе Олуев, сокини шаҳри Хоруғ» ҷузъиёти нафи тирпарронии шаби гузашта дар шаҳри Хоруғ, ки боиси ҷароҳат бардоштани ду сокини маҳаллӣ гардид, нашр шудааст. «Панҷшанбе Олуев» фарзияи чопшуда дар сомонаи «Фарғона»-ро рад мекунад, вале дар айни замон ширкати генерал-майор Хуршед Иззатулло Муҳаммадзода дар тирпарронии шаби 4 ба 5 ноябрро тасдиқ мекунад. «Панҷшанбе Олуев» навиштааст, ки Муҳаммадзода ба хотири дифоъ аз худ аз туфангчаи травматикӣ истифода бурдааст.

«Панчшанбе Олуев» менависад, ки ба ӯ ҳамчун ба сокини Хоруғ муяссар шуд, ки ҳақиқати ҳолро аз дасти аввал ба даст биорад. Аммо ӯ шарҳ надодааст, ки манзураш аз «дасти аввал» генерал Муҳаммадзода аст ё дигар шоҳидони айнии ин ҳодиса?

Ӯ менависад:« Он бегоҳ дар назди тарабхонаи «Варқа», ки соҳибаш Толиб Аёмбеков аст ва он дар маҳаллаи «Турчид»-и УПД шаҳри Хоруғ ҷойгир шудааст, чун ҳамеша мардуми зиёд ҷамъ шуда буд. Дар ин вақт фармондеҳи ОМОН генерал-майор Хуршед Изатулло Муҳаммадзода ҳамроҳи як мошини дигари кормандони ВКД ҶТ ин минтақаро дидбонӣ мекарданд. Вақте аз пеши тарабхона мегузаштанд, яке аз муштариёни тарабхона ба балони мошини ҳамроҳи Муҳаммадзода зада, ба унвони онҳо дашномҳои қабеҳ фиристод. Баъди инХуршед Изатулло шишаи мошинашро пойин карда, аз онҳо хост, ки ором шаванд ва тартиботи ҷамъиятиро вайрон накунанд. Вале рафтори хашмгинона идома ёфт ва сипас чанд нафар ба тарафи мошини генерал ҳаракат карданд. Сипас, Хуршед Изатулло Муҳаммадзода аз мошин баромада, бори дигар аз онҳо хост, ки ором шаванд ва ба мошин наздик нашаванд. Вале 5 ҷавон дар даст ашёҳои номуайян ба тарафи генерал давиданд. ФармондеҳиОМОН Хуршед Изатулло Муҳаммадзода тибқи талаботи қонун дар бораи дифоъ аз худ аз силоҳи ҷангӣ истифода набурд, ҳарчанд ҳақ дошт, чунки онҳо 5 нафари мусаллаҳ буданд. Ӯ аз силоҳи травматикӣ истифода бурд ва ин ҷавонони сархушро, ки мехостанд корманди давлатро ҳангоми иҷрои вазифааш бадном кунанд, манъ кард. Аз ин фактҳо метавон танҳо як хулоса баровард, ки бархе ашхос ва аъзои гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ хулосаи дуруст набаровардаанд ва ба таҳрик додани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки вазифаи худ ҷиҳати барқарор кардани тартибот дар шаҳри Хоруғро иҷро мекунанд, идома медиҳанд. Ва онҳо мунтазири фурсатанд, то мақомоти қудратиро ба поймол кардани ҳуқуқи сокинони маҳаллӣ айбдор кунанд, ҳарчанд дар асл худашон иғвогаранд.”

Хуршед Иззатулло Муҳаммадзода соли 2015 фармондеҳи ОМОН таъйин карда шуд. Ӯ дар ин мақом полковник Гулмурод Ҳалимовро иваз кард. Гулмурод Ҳалимов се сол пеш ба Ховари Миёна фирор карда, ба сафи созмони террористии ДОИШ («Давлати исломӣ») пайваст ва дар он гуруҳ то ба мақоми «вазири ҷанг» расид.

 

Хабаргузории «Фарғона» қаблан бо такя ба манбаъҳояш дар Бадахшон хабар дод, ки шаби 4 ба 5 ноябр бар асари тирпарронӣ аз туфангчаи травматикӣ дар шаҳри Хоруғ ду ҷавони маҳаллӣ ҷароҳат бардоштаанд. Яке аз миёнаш ва якеи дигар аз дасту пояш тир хӯрдаанд.

Субҳон Ҳамзалиев, ки аз дасту пояш тир хӯрд, ба "Фарғона” гуфт, ӯ бо дӯстонаш дар пеши хонаашон сӯҳбат дошт ва ба сӯи онҳо кормандони милитсия ногаҳон тир кушоданд"Ҳама чиз ногаҳон рух дод. Вақте мошин ба назди мо расид, шишаҳояшро поён карда, оташ кушоданд. Мо ҳама гурехтем, вале дер кардем. Ман ду тир хӯрдам: аз поям ва аз дастам, як ҷавони дигар аз миёнаш тир хӯрд. Дар ин лаҳза як ҷавонзан бо модараш аз мағоза берун мешуданд ва онҳо аз тарс ба доду фарёд сар карданд. Шавҳари ин зан низ фарёд кашид, ки шумо чӣ кор карда истодаед? Вале марде, ки бо туфанча тирпарронӣ мекард, ба онҳо низ таҳдид кард.”

 

«Панчшанбе Олуев» ин фарзияро иғво меномад:«Ба онҳо баҳона барои митингу сходка лозим аст. Ин ҷамъомадҳоро фақат бо роҳи иғво аз худ ҷабрдида тарошидан метавонанд ташкил кунанд.”

Хабари тирпарронӣ дар Хоруғ дар ҳолест, ки дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ва навоҳии ин вилоят чорабиниҳо ҷиҳати таъмини амният ва барқарор кардани тартибот бо ҷалби нирӯҳои иловагӣ, аз ҷумла нирӯҳои ОМОН, идома дорад.

Маъракаи барқарор кардани тартибот дар ВМКБ дар пайи як интиқоди тунди президент Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи ВМКБ ва фаъолияти роҳбарони ин минтақа оғоз ёфт.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15 сентябр, дар анҷоми сафари панҷрӯзааш ба Бадахшон роҳбарони ин вилоятро айбдор кард, ки "зӯратон ба 3-4 ҷинояткор намерасад.” Ӯ барои барқарор кардани тартибот дар ВМКБ як моҳ фурсат дод ва гуфт, барои ин метавонанд ҳатто аз нирҳои мусаллаҳ низ истифода кунанд.

Ба дунбол як ситоди байниидоравии таъмини амният дар ВМКБ таъсис ёфта, раиси вилоят бо тамоми муовинонаш, раисони Хоруғ, Рӯшон, Роштқалъа, ҳамчунин роҳбарони додгоҳҳову додситониҳо ва милисаи вилоят ва ноҳияҳои онро пурра иваз карданд.

Ситоди байниидоравӣ рӯзи 16 октябр гузориш дод, ки дар ин як моҳ дар ВМКБ 186 мил силоҳ супурда шуда, садҳо мошини сиёҳшишаро пок карданд. Саймӯмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ахиран гуфт, баъди супурдани силоҳ аз ҷониби сокинон ва саркардагони гуруҳҳои муташаккили ҷиноии Хоруғ тасмим гирифт, ки дар Бадахшон амалиёт доир накунанд.

Рӯзи 22 октябр 7 лидери ғайрирасмии Бадахшон:

1.Толиб Аёмбеков

2. Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров

3.Ёдгор Мамадасламов

4.Мунаввар Шанбиев

5.Хурсанд Мазоров

6.Амриддин Аловатшоев

7. Зоир Раҷабов бо намояндагони Ситоди байниидоравӣ ба протоколҳои эълони огоҳии расмӣ ба ин лидерон имзо гузоштанд.

Мақомот аз лидерони Бадахшон дар ин санад талаб мекунанд, ки даст аз амалҳои ғайриқонунӣ бардоранд, вагарна баъди ин огоҳӣ ҳар кирдори ғайриқонуниашон ҳамчун амали барқасдона таъбир хоҳад шуд. Лидерони Бадахшон низ ба навбати худ ваъда додаанд, ки аз ташкили гуруҳҳои ҷиноӣ, муомилот бо силоҳу маводи мухаддир даст кашида, гуруҳи ҷиноӣ ташкил намекунанд ва ҷамъомад ё сходкаи гуруҳҳои ҷиноиро низ дигар баргузор нахоҳанд кард ва сирф ба ягон кори мулкӣ, мисли тиҷорат машғул хоҳанд шуд.

Ҷолиб он аст, ки дар матбуоти расмӣ, аз ҷумла дар хабаргузории давлатии "Ховар” имзои ин протоколҳоро ҳамчун "маросими савгандёдкунӣ”-и лидерони ВМКБ ба қалам доданд.

Ба дунболи ин, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймӯмин Ятимов изҳор дошт, ки дигар зарурати роҳандозии амалиёти вижа бо ҳадафи барқарор кардани тартибот дар Бадахшон боқӣ намондааст, вале посгоҳҳои иловагӣ то замони супурдани тамоми силоҳҳо боқӣ хоҳанд монд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон