ТИРПАРРОНӢ ДАР ХОРУҒ

Акс аз хабаргузории "Фарғона"

Шаби 4 ба 5 ноябр бар асари тирпарронӣ аз туфангчаи травматикӣ дар шаҳри Хоруғ ду ҷавони маҳаллӣ ҷароҳат бардоштаанд. Яке аз миёнаш ва якеи дигар аз дасту пояш тир хӯрдаанд. Дар ин бора хабаргузории «Фарғона» бо такя ба манбаъҳояш дар Бадахшон хабар дод. Субҳон Ҳамзалиев, ки аз дасту пояш тир хӯрдааст, гуфт, ба сӯи онҳо кормандони милитсия тир кушодаанд.

Сокини 31-солаи шаҳри Хоруғ Субҳон Ҳамзалиев ба хабаргузории «Фарғона»гуфт, шаби 4 ба 5 ноябр ӯ ҳамроҳи волидонаш аз як маросими фотиҳа бармегашт, ки дар назди дарвозаашон бачаҳои ҳамсояро дид ва бо онҳо монд, ки каме сӯҳбат кунад.

Баъди чанде аз назди онҳо як мошини «Мерседес» гузашт. Субҳон Ҳамзалиев гуфт, аз даруни ҳамин мошин ба тарафи онҳо оташ кушоданд.

"Ҳама чиз ногаҳон рух дод. Вақте мошин ба назди мо расид, шишаҳояшро поён карда, оташ кушоданд. Мо ҳама гурехтем, вале дер кардем. Ман ду тир хӯрдам: аз поям ва аз дастам, як ҷавони дигар аз миёнаш тир хӯрд. Дар ин лаҳза як ҷавонзан бо модараш аз мағоза берун мешуданд ва онҳо аз тарс ба доду фарёд сар карданд. Шавҳари ин зан низ фарёд кашид, ки шумо чӣ кор карда истодаед? Вале марде, ки бо туфанча тирпарронӣ мекард, ба онҳо низ таҳдид кард.”

Субҳон Ҳамзалиев ба ягонҷо шикоят накардааст. Ӯ гуфтааст, шикоят беҳуда аст ва танҳо чизе ки мехоҳад, ин ҳарчӣ зудтар бардоштани посгоҳҳо аз шаҳри Хоруғ аст.

Хабари тирпарронӣ дар Хоруғ дар ҳолест, ки дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ва навоҳии ин вилоят чорабиниҳо ҷиҳати таъмини амният ва барқарор кардани тартибот бо ҷалби нирӯҳои иловагӣ, аз ҷумла нирӯҳои ОМОН, идома дорад.

Маъракаи барқарор кардани тартибот дар ВМКБ дар пайи як интиқоди тунди президент Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи ВМКБ ва фаъолияти роҳбарони ин минтақа оғоз ёфт.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15 сентябр, дар анҷоми сафари панҷрӯзааш ба Бадахшон роҳбарони ин вилоятро айбдор кард, ки "зӯратон ба 3-4 ҷинояткор намерасад.” Ӯ барои барқарор кардани тартибот дар ВМКБ як моҳ фурсат дод ва гуфт, барои ин метавонанд ҳатто аз нирҳои мусаллаҳ низ истифода кунанд.

Ба дунбол як ситоди байниидоравии таъмини амният дар ВМКБ таъсис ёфта, раиси вилоят бо тамоми муовинонаш, раисони Хоруғ, Рӯшон, Роштқалъа, ҳамчунин роҳбарони додгоҳҳову додситониҳо ва милисаи вилоят ва ноҳияҳои онро пурра иваз карданд.

Ситоди байниидоравӣ рӯзи 16 октябр гузориш дод, ки дар ин як моҳ дар ВМКБ 186 мил силоҳ супурда шуда, садҳо мошини сиёҳшишаро пок карданд. Саймӯмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ахиран гуфт, баъди супурдани силоҳ аз ҷониби сокинон ва саркардагони гуруҳҳои муташаккили ҷиноии Хоруғ тасмим гирифт, ки дар Бадахшон амалиёт доир накунанд.

Рӯзи 22 октябр 7 лидери ғайрирасмии Бадахшон:

1.Толиб Аёмбеков

2. Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров

3.Ёдгор Мамадасламов

4.Мунаввар Шанбиев

5.Хурсанд Мазоров

6.Амриддин Аловатшоев

7. Зоир Раҷабов бо намояндагони Ситоди байниидоравӣ ба протоколҳои эълони огоҳии расмӣ ба ин лидерон имзо гузоштанд.

Мақомот аз лидерони Бадахшон дар ин санад талаб мекунанд, ки даст аз амалҳои ғайриқонунӣ бардоранд, вагарна баъди ин огоҳӣ ҳар кирдори ғайриқонуниашон ҳамчун амали барқасдона таъбир хоҳад шуд. Лидерони Бадахшон низ ба навбати худ ваъда додаанд, ки аз ташкили гуруҳҳои ҷиноӣ, муомилот бо силоҳу маводи мухаддир даст кашида, гуруҳи ҷиноӣ ташкил намекунанд ва ҷамъомад ё сходкаи гуруҳҳои ҷиноиро низ дигар баргузор нахоҳанд кард ва сирф ба ягон кори мулкӣ, мисли тиҷорат машғул хоҳанд шуд.

Ҷолиб он аст, ки дар матбуоти расмӣ, аз ҷумла дар хабаргузории давлатии "Ховар” имзои ин протоколҳоро ҳамчун "маросими савгандёдкунӣ”-и лидерони ВМКБ ба қалам доданд.

Ба дунболи ин, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймӯмин Ятимов изҳор дошт, ки дигар зарурати роҳандозии амалиёти вижа бо ҳадафи барқарор кардани тартибот дар Бадахшон боқӣ намондааст, вале посгоҳҳои иловагӣ то замони супурдани тамоми силоҳҳо боқӣ хоҳанд монд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон