НАХУСТИН АКСИ ЛИДЕРОНИ ҒАЙРИРАСМИИ БАДАХШОН ДАР ДУШАНБЕ

НАХУСТИН АКСИ ЛИДЕРОНИ ҒАЙРИРАСМИИ БАДАХШОН ДАР ДУШАНБЕ

Дар гуруҳи Pamir News дар Фейсбук нахустин акси лидерони ғайрирасмии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар Душанбе нашр шуд. Муаллиф кӯтоҳ навиштааст, ки онҳо Тоҷикистонро сайр карда истодаанд. Толиб Аёмбеков, Ёдгор Мамадасламов, Мунаввар Шанбиев ва Зоир Раҷабов аз 27 октябр дар пойтахт қарор доранд. Қаблан гузориш шуда буд, ки лидерони ғайрирасмии Бадахшон барои мулоқот бо президент ба Душанбе рафтаанд, то ба Эмомалӣ Раҳмон воқеияти вазъи ин вилоятро бифаҳмонанд.

Нахустин акси лидерони ғайрирасмии ВМКБ дар шабакаи Фейсбук дар гуруҳи Pamir News нашр шудааст. Муаллиф Мувирод Мувиродов кӯтоҳ навиштааст, ки онҳо Тоҷикистонро сайр карда истодаанд. Ҷузъиёти дигаре оварда нашудааст.

4 тан аз лидерони ғайрирасмии Бадахшон - Толиб Аёмбеков, Ёдгор Мамадасламов, Мунаввар Шанбиев ва Зоир Раҷабов – ҳанӯз рӯзи 27 октябр ба Душанбе омаданд. Нахустин шуда дар ин бора сомонаи «Ахбор» гузориш дод. Манбаи «Ахбор» он вақт хабар дод, ки ин 4 лидери ғайрирасмӣ бо мақсади мулоқот бо президент Эмомалӣ Раҳмон ба пойтахт омадаанд, то ки ба ӯ воқеияти вазъи Бадахшонро бифаҳмонанд. Лидерони ғайрирасмӣ аз он нороҳат буданд, ки дар матбуоти расмӣ онҳоро ҳамчун «саркардаҳои гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ» ба қалам медиҳанд.

Се тани дигар аз лидерони ғайрирасмии Бадахшон – Мамадбоқир Мамадбоқиров, Амриддин Аловатшоев ва Хурсанд Мазоров аз ин сафар ба Душанбе худдорӣ кардаанд.

Дар бораи инки оё ин 4 нафар бо президент мулоқот карданд ё на?, маълумоти мӯътамаде вуҷуд надорад. Вале ба гуфтаи манобеи «Ахбор», Аёмбеков, Мамадасламов, Раҷабов ва Шанбиев то ҳол, инак 4 рӯз боз дар Душанбе қарор доранд. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони «Ахбор», онҳо бо ҷойҳои дидании пойтахт ошно шуда, ба дараи Варзоб ҳам рафтаанд.

Манобеи «Ахбор» мегӯянд, сафари ин 4 лидери ғайрирасмии ВМКБ ба Душанбе бо миёнаравии тоҷирони бонуфузи наздик ба оилаи президент ва писари калонии ӯ шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ сурат гирифтааст. Исми ин миёнаравҳо ба сомонаи «Ахбор» маълум аст, вале ба далелҳои қобили мулоҳиза аз нашраш худдорӣ мекунем.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории «Азия Плюс» бо такя ба манбааш дар ҳукумати ВМКБ хабар дод, ки мақомоти Тоҷикистон лидерони ғайрирасмии Бадахшонро барои истироҳат ба осоишгоҳи«Баҳористон» (воқеъ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд) даъват кардаанд, вале на ҳамаи онҳо барои ин сафар розӣ шудаанд: "Онҳоро ба"Баҳористон” даъват карданд,валеМамадбоқир МамадбоқировваХурсанд Мазоров аз сафар худдорӣ карданд. Толиб Айёмбеков, Ёдгор Мамадасламов, Мунаввар Шанбиев ва Зоир Раҷабоврозӣ шуданж. То ҷое ки медонам, онҳо то ҳол дар Душанбе мебошанд.”

Сафари 4 лидери ғайрирасмии Бадахшон ба Душанбе дар пайи як маъракаи густарда барои таъмини амният ва тартибот дар Бадахшон сурат гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15 сентябр, дар анҷоми сафари панҷрӯзааш ба Бадахшон роҳбарони ин вилоятро айбдор кард, ки "зӯратон ба 3-4 ҷинояткор намерасад.” Ӯ барои барқарор кардани тартибот дар ВМКБ як моҳ фурсат дод ва гуфт, барои ин метавонанд ҳатто аз нирҳои мусаллаҳ низ истифода кунанд.

Ба дунбол як ситоди байниидоравии таъмини амният дар ВМКБ таъсис ёфта, раиси вилоят бо тамоми муовинонаш, раисони Хоруғ, Рӯшон, Роштқалъа, ҳамчунин роҳбарони додгоҳҳову додситониҳо ва милисаи вилоят ва ноҳияҳои онро пурра иваз карданд.

Ситоди байниидоравӣ рӯзи 16 октябр гузориш дод, ки дар ин як моҳ дар ВМКБ 186 мил силоҳ супурда шуда, садҳо мошини сиёҳшишаро пок карданд. Саймӯмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ахиран гуфт, баъди супурдани силоҳ аз ҷониби сокинон ва саркардагони гуруҳҳои муташаккили ҷиноии Хоруғ тасмим гирифт, ки дар Бадахшон амалиёт доир накунанд.

Рӯзи 22 октябр 7 лидери ғайрирасмии Бадахшон:

1.Толиб Аёмбеков

2. Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров

3.Ёдгор Мамадасламов

4.Мунаввар Шанбиев

5.Хурсанд Мазоров

6.Амриддин Аловатшоев

7. Зоир Раҷабов бо намояндагони Ситоди байниидоравӣ ба протоколҳои эълони огоҳии расмӣ ба ин лидерон имзо гузоштанд.

Мақомот аз лидерони Бадахшон дар ин санад талаб мекунанд, ки даст аз амалҳои ғайриқонунӣ бардоранд, вагарна баъди ин огоҳӣ ҳар кирдори ғайриқонуниашон ҳамчун амали барқасдона таъбир хоҳад шуд. Лидерони Бадахшон низ ба навбати худ ваъда додаанд, ки аз ташкили гуруҳҳои ҷиноӣ, муомилот бо силоҳу маводи мухаддир даст кашида, гуруҳи ҷиноӣ ташкил намекунанд ва ҷамъомад ё сходкаи гуруҳҳои ҷиноиро низ дигар баргузор нахоҳанд кард ва сирф ба ягон кори мулкӣ, мисли тиҷорат машғул хоҳанд шуд.

Ҷолиб он аст, ки дар матбуоти расмӣ, аз ҷумла дар хабаргузории давлатии "Ховар” имзои ин протоколҳоро ҳамчун "маросими савгандёдкунӣ”-и лидерони ВМКБ ба қалам доданд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон