ДАР РОҒУН ЧӢ ГАП? ХАБАРҲОИ ЗИДДУНАҚИЗ АЗ МАҲАЛЛИ СОХТМОНИ НИРӮГОҲ

Бино ба иттилои як манбаи "Ахбор”, рӯзи 26 октябр дар сохтмони нирӯгоҳи Роғун дасти кам 4 нафар ба ҳалокат расидаанд. Манбаи дигари "Ахбор” хабар дод, ки дар бемористони Қарияи Болои шаҳри Душанбе барои осебдидагон аз сохтмони нирӯгоҳи Роғун 50 кат омода кардаанд. Манбаи аввал мегӯяд, ки 4 нафар дар садама ҷон бохтаанд. Ба гуфтаи манбаи дуюм, кадом дастгоҳе аз боло канда шуда, даҳҳо нафарро пахш кардааст. Дар идораи сохтмони нирӯгоҳи Роғун аз шарҳи ин хабар дар сӯҳбат бо сомонаи "Ахбор” худдорӣ карданд.

Рӯзи 26 октябр чанд нафар ба сомонаи "Ахбор” дар бораи фалокати пурқурбонӣ дар маҳалли сохтмони нирӯгоҳи Роғун хабар доданд.

Манбаи аввал аз қавли масъулони бемористони Қарияи Болои шаҳри Душанбе гуфт, аз ин бемористон хостаанд, то барои осебдидагон аз нирӯгоҳи Роғун 50 кат омода кунанд. Яке аз мақомҳои баландпояи Қарияи боло гуфтааст, ки дар Роғун як дастгоҳи бузург ҳангоми насб аз баландӣ канда шуда, даҳҳо нафарро пахш кардааст.

Манбаи "Ахбор” хабар дод, ки "барои холӣ кардани 50 кат беморонеро, ки маризии сабук доранд ваё тақрибан шифо ёфтаанд, аз бемористон ҷавоб дода истодаанд.”

Бегоҳи 26 октябр як манбаи сомонаи "Ахбор” аз Панҷакент хабар дод, ки бар асари як садама ё фалокати фаннӣ дар маҳалли сохтмони нирӯгоҳи Роғун дастикам 4 нафар, аз ҷумла Ҷаббор ном ронанда аз деҳаи Порвени Панҷакент ҷон бохтаанд.

Ӯ гуфт, ки Ҷабборро аз наздик мешинохт: "Ин мард тақрибан 64-65 сол дошт ва бо мошини иҷорааш, тамғаи "Старекс” коргарони нирӯгоҳро мекашонд. Ҷасади ӯро алакай барои дафн ба Панҷакент оварда истодаанд.”

Аммо ин манбаъ аз ҷузъиёти ҳодисае, ки дар Роғун рух додааст, изҳори бехабарӣ кард ва гуфт, танҳо ҳаминро медонад, ки 4 нафар ҳалок шудаанд ва якеаш Ҷаббор аз Порвен аст.

Сомонаи "Ахбор” талош кард, то ҷузъиётро аз маъмурияти сохтмон – ҶСК "Нирӯгоҳи барқи обии Роғун” бипурсад. Аммо навбатдоре, ки гӯшии телефонро гирифт, аз вуқӯи кадом ҳодисае дар ин сохтмони бузург изҳори бехабарӣ кард ва гуфт, танҳо нафарони масъул метавонанд чунин масъалаҳои ҷиддиро шарҳ бидиҳанд.

Тоҷикистон бунёди нирӯгоҳи Роғунро, ки бояд истиқлоли энергетикии кишварро таъмин кунад, ба ширкати итолиёвии "Салини” супурдааст. Ин ширкат ваъда супурдааст, ки сохтмони сарбанди 335-метрии нирӯгоҳро то моҳи ноябри соли 2018 анҷом дода, ду чархаи аввали Роғунро ба кор хоҳад даровард.

Аммо барои пурра сохтани ин нирӯгоҳ, ки бузургтарин нирӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд, бино ба ҳисобҳо, то 4 миллиард доллар сармоягузорӣ лозим аст, ки ҳукумати Тоҷикистон чунин маблағро дар ихтиёр надорад.

Ҳар сол аз буҷаи давлатии Тоҷикистон барои бунёди Роғун аз ,7 то 2 миллиард сомонӣ, муодили ҳудуди 200 миллион доллар ҷудо карда мешавад, ки барои пурра сохтани он кофӣ нест.

Хабари ахир аз Роғун дар ҳоле расид, ки тибқи нақша, қарор аст, рӯзи 16 ноябри соли 2018 ду чархаи аввали нирӯгоҳи Роғун ба кор дароварда шавад. Ҳама бесаброна мунтазири ба кор даромадани Роғунанд, бахусус дар ин шабурӯз, ки Тоҷикистон дигарбора ба камбуди ҷиддии нирӯи барқ рӯбарӯ шудааст ва аҳолии бисёре аз минтақаҳояш дар шабонарӯз фақат субҳ ва шом ва он ҳам ҳамагӣ чанд соат нирӯи барқ мегиранд.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон