расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Ихтиёриёни тоҷик ҳам аз нақлиёти ҷамъиятӣ ройгон истифода мебаранд

. / Ҷомеа

Ихтиёриёни тоҷик ҳам аз нақлиёти ҷамъиятӣ ройгон истифода мебаранд

Ба онҳо пешниҳоди танҳо шаҳодтнома дар ин бора кофист.

Ихтиёриёни "Рушди Тоҷикистон"
Сурат: stanradar.com
Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ба қонун “Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ”-ро тасдиқ намуданд, ки дар он ба ихтиёриён (волонтёрҳо, ризокорон) равуои ройгон дар нақлиёти ҷамъиятӣ пешбинӣ шудааст.
Мувофиқи ин тағйироту иловаҳо, барои ин ба ихтиёриён лозим аст, ки танҳо шаҳодатномаи худро пешниҳод намоянд.
Тартиби рӯйпӯш кардани хароҷоти марбут ба он бо санадҳои ҷудогонаи зерқонунии ҳукумати ҷумҳурӣ муайян карда мешавад.

Мувофиқи қонуни дар боло зикршуда, волонтёр – шахси воқеие шуморида мешавад, ки ихтиёран ва бо интихоби озод вақт, кор ва малакаи худро бемузд ва ё ҷуброни хароҷот бевосита ва ё ба воситаи ташкилотҳои ҷалбкунанда ба манфиати ҷомеа пешниҳод менамояд.
Ташкилоти ҷалбкунанда уҳдадор аст бо волонтёр шартнома оид ба фаъолияти волонтёриро банданд, агар ӯна кам аз 20 соат дар як моҳ ба фаъолияти волонтёрӣ машғул бошад.
Шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ мумкин аст бо риояи талаботи қонунгузории Тоҷикистон бо шахсони ба синни 16 расида низ баста шавад.
Мақомоти ваколатдори давлатӣ шакл ва намунаи дафтарчаи волонтёрӣ ва шаҳодатномаи волонтёриро тасдиқ мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.