БОВАР МЕКУНЕД? СОКИНИ ҚУБОДИЁН МЕГӮЯД, ЧОРВОЯШ ҲАНГОМИ ЗАБҲ “АЛЛОҲ” МЕГУФТ (ВИДЕО)

Шаҳриёри Давлат бо гӯсолаи мӯъҷизавӣ аз Бохтар

Қандил Бадиев, сокини деҳаи Қӯрҷалоли ноҳияи Қубодиён иддао дорад, ҳангоми забҳ аз гулӯи говаш 6 маротиба садои "Аллоҳ” баланд шудааст. Қассоб, соҳиби гов ва дигар шоҳидон ончунон даступо хӯрдаанд, ки бо маслиҳати имоми деҳа гӯшти чорвои забҳшударо ба оилаҳои камбизоат тақсим кардаанд. Чунин иддаоҳо ҳар сари чанд вақт садо медиҳанд, вале олимон ва рӯҳониён ба ҳақиқати аксари онҳо бовар надоранд ва чунин видеову аксҳоро сохта ҳам меноманд. Сомонаи "Ахбор” то куҷо воқеият доштани ин видеоро, ки Қандил Бадиев фиристодааст, таъйид карда наметавонад.

Сокини деҳаи Қӯрҷалоли ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Қандил Бадиев видеои кӯтоҳеро ба сомонаи "Ахбор” фиристод, ки ҳангоми забҳи чорво сабт шудааст ва дар он шунида мешавад, ки гов дар пайи ба гулӯяш ронда шудани корди қассоб чанд маротиба "Аллоҳ” мегӯяд.

Сомонаи "Ахбор” то чӣ андоза воқеият доштан ё надоштани ин видеоро тасдиқ карда наметавонад, вале худи соҳиби чорво Қандил Бадиев мегӯяд, ин ҳодиса чор ҳафта пеш рух додааст. Ба иддаои Бадиев, ӯ баъди шикастани пойи говаш қассоб оварда хост, ки молро забҳ кунад. Вале ҳангоми ба гулӯи гов расидани теғ ҷонвар шаш маротиба аз гулӯяшсадои Аллоҳ Аллоҳ, Аллоҳ, Аллоҳ, Аллоҳ, Аллоҳ мебарорад. Қандил мегӯяд,нафароне ки шоҳиди ҳодиса буданд, аз чунин сурат гирифтани ҳол даступохӯрда шуданд.

Баъди он ки аз ҳодиса ҳама огаҳ гаштанду мардум ба таҳлука афтиданд, соҳиби гов бо маслиҳати имоми масҷид гӯшти чорвои забҳшударо ба оилаҳои камбизоат тақсим кардааст.

Чунин аксу видеоҳо бо тасвир ё садои Аллоҳ, ки ҳамчун мӯъҷизаи илоҳӣ ба қалам дода мешаванд, ҳар сари чанд вақт дар Интернет нашр мешаванд. Ҳатто аксе ҳам буд, ки гӯё тӯфони тсунами мавҷҳои уқёнусро ба сурате ҷамъ кардааст, ки дар ин мавҷҳо вожаи Аллоҳ хонда мешавад. Олимон ва рӯҳониён воқеияти аксари чунин матлабҳоро зери суол мебаранд ва дар бисёр мавридҳо баъди чанде натиҷаи дасткорӣ будани ин аксу видеоҳо маълум мешавад.

Аз Тоҷикистон низ дар бораи чуни рӯйдодҳои аномалӣ, ки бархе онро мӯъҷизаи илоҳӣ медонанд, ҳар сари чанд вақт хабарҳое ба даст мерасанд.

Соли 2017 аз шаҳри Ваҳдат видеое омада буд, ки гӯё ҳангоми як консерти расмӣ дар варҳишгоҳи ин шаҳр абрҳо дар осмон ба шакле ҷамъ шуданд, ки дар осмон исми Аллоҳ навишта шуд.

Чанд сол пеш дар яке аз деҳаҳои Ҳисор баррае ба дунё омад, ки дар пашми баданаш, ба гуфтаи шоҳидон, Аллоҳ навишта шуда буд ва мардум аз дуру наздик барои дидани ин барраи мӯъҷизавӣ ба Ҳисор меомаданд. Мутаассифона, дар бораи сарнавишти баъдии ин барра дигар иттилое нашр нашуд.

Чанде пеш дар шаҳри Бохтар низ гӯсолае ҳангоми таваллуд бо изи Аллоҳ ба дунё омад ва аз гӯшаву канори гуногуни Тоҷикистон мардуми зиёде ба инҷо барои дидану зиёрати ин гӯсолаи мӯъҷизавӣ меомаданд. Аммо баъди ба воя расидани ин чондор исми Аллоҳ бо партофтани пусти навбатӣ аз бадани гӯсола гум гашт.

Шаҳриёр Давлатов,яке аз сарояндагони шинохта низ ба Бохтар барои дидани ин гӯсолаи мӯъҷизавӣ омада, бо ин ҷонвар аксе ҳам гирифта буд. (АКС ДАР БОЛО)

Дар Панҷакент ҳам аз лаби дарёи Зарафшон як вақтҳо сангеро пайдо карда буданд, ки дар он вожаи шабеҳи Аллоҳ дида мешуд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон