ДАРГУЗАШТИ МОДАРИ СИРОҶИДДИН ФОЗИЛОВ

ДАРГУЗАШТИ МОДАРИ СИРОҶИДДИН ФОЗИЛОВ

Шарофат Аминова – модари овозхони шинохта Сироҷиддин Фозилов ва бибии овозхони ҷавон Файзалӣ Фозилов рӯзи 17 октябр дар синни 87 аз олам чашм пӯшид. Маросими намози ҷаноза ва дафни модари Сироҷиддин Фозилов рӯзи 18 октябр, соати 10 дар деҳаи Солеҳон (собиқ Ҷалҷит)-и Ваҳдат баргузор мешавад.

Наздикони Сироҷиддин Фозилов дар суҳбат бо сомонаи "Ахбор” гуфтанд, ки Шарофат Аминова чандин сол боз бемори бистарӣ буд ва ҳатто дар як клипи ба модараш бахшидаи Сироҷиддин дар рӯи аробачаи маъюбӣ тасвир шудааст.

Шарофат Аминова 8 фарзанд дошт, ки Сироҷиддин фарзанди хурдии ӯст. Як набераи ӯ Файзалӣ Фозилов низ мисли Сироҷиддин пешаи овозхониро интихоб кардааст ва бо вуҷуди синни ҷавонаш аз овозхонҳои шинохтаи кишвар ба шумор меравад.

Сироҷиддин Фозилов дар ибтидои солҳои 2000-ум бо таронаи "Ман ки дар гӯшаи боми ту будам”, ки дар ҳамовозӣ бо Манижаи Давлат иҷро шудааст, шӯҳрат пайдо кард. Шӯҳрати ин тарона ба ҳадде буд, ки дар соли 2002 дар як консерти расмӣ ҳатто президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба саҳна баромада, ҳамроҳи Сироҷиддин "Ман ки дар гӯшаи боми ту будам”-ро хонд ва баъди он консерт соли 2003-ро дар Тоҷикистон Соли рушди эстрада эълон кард.

Дар солҳои охир Сироҷиддин Фозилов худ камтар сабти таронаҳояшро нашр мекунад ва бештар ба оҳангсозӣ машғул аст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон