АХБОРИ ВКД: АЗ ҶАНГИ ДУ БАРОДАР ТО МАРГИ ДУ БАРОДАР

Шоми 9 октябр як марди 37-солаи сокини шаҳри Хуҷанд ҳангоми муноқишаи оилавӣ ба шиками бародари 40-солааш се корд задааст. Ҷабрдидаро бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон бурда, бародари кордзанро дастгир кардаанд.

Рӯзи 10 октябр бар асари бархӯрди як мошини "Даймлер -Крайслер” бо "Опел-Вектра” дар ҳудуди маҳаллаи Зарбдори шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) ронандаи 58-солаи "Опел” Умар Ахмедов ва бародари 48-солааш Қамариддин Ахмедов дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, Абдуллои 15-сола, писари Қамариддин Ахмедов ҷароҳатҳои вазнин бардоштааст.

<iframe id="aswift_2" name="aswift_2" width="763" height="191" frameborder="0" marginwidth="0" marginheight="0" scrolling="no" allowfullscreen="allowfullscreen" data-mce-fragment="1"></iframe>

 

Аз навори хабарҳои рӯзи 11 октябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Муноқишаи оилавӣ

Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 37-солаи сокини шаҳри Хуҷандро бо гумони қасдан расонидан зарари вазнин ба саломатӣ дастгир намуданд.

Номбурда, рӯзи 9-уми октябри соли 2018, тахминан соати 19:00-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо бародараш, марди 40-сола, ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд се маротиба ба шиками ӯ задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ мутобиқи моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

 

Ҳалокати бародарон дар садамаи нақлиётии марговар

Рӯзи 10-уми октябри соли 2018, тахминан соатҳои 12:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Даймлер-Крайслер”, Мирахмедов Ёқубҷон Маҳкамович, соли таваллудаш 1957, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат аз самти бозори ҶДММ "Ҳоҷӣ Шариф”-и шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Вахш-Кӯшониён-Бохтар дар ҳудуди маҳаллаи Зарбдори шаҳри Бохтар, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба муқобили самти ҳаракати роҳ баромада, бо қисми пеши автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра”, таҳти идораи Ахмедов Умар Ҳамидович, соли таваллудаш 1960, сокини маҳалллаи Зарбдор, бармехӯрад.

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра” Ахмедов У.Х. ва мусофири автомашинаи мазкур Ахмедов Қамариддин Ҳамидович, соли таваллудаш 1970, сокини маҳаллаи Зарбдор, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасанд. Мусофири дигари он ноболиғ, Ахмедов Абдулло Қамариддинович, соли таваллудаш 2003, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ мегардад.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

 

Ваъдахилофӣ намудани харидори автомашина

Ба мақомоти милитсия дар ноҳияи Шоҳмансур марди 41-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки соли 2013 дар кӯчаи Айнӣ, марди 41-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи "Мерседес-Вито”, ки арзишаш 22000-доллари амрикоиро ташкил медиҳад, гирифта, ваъда медиҳад, ки дар муддати муайян маблағашро бармегардонад ва то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон