КДАМ: ГУРУҲҲОИ ҶИНОИИ БАДАХШОН ТО ҲОЛ БА ҲАЁТИ ОСОИШТА БАРНАГАШТААНД (ВИДЕО)

Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) шоми 10 октябр дар як гузориши видеоӣ, ки дар барномаи расмии "Ахбор”-и телевизиони давлатӣ нашр шуд, аз ошкор шудани як ҳолати қочоқи 4 автомат ва 25 кило маводи мухаддир дар марзи ноҳияи Шуғнон бо Афғонистон дар таърихи 2 октябр хабар дод ва гуфт, ин нишон медиҳад, ки гуруҳҳои ҷиноии фаъол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)-ро айбдор кард, ки ҳарчанд вонамуд мекунанд, ки гӯё ба ҳаёти осоишта баргаштаанд, вале дар асл ҳамчунон ба кирдори ҷиноии худ идома медиҳанд.

КДАМ мегӯяд, дар 5 соли охир аз сокинони ВМКБ беш аз 1500 мил силоҳи оташфишон мусодира шуда, бо ҷурми ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ 235 сокини ин вилоят ба ҷавобгарӣ кашонда шудаанд. Дар Бадахшон дар 5 сол беш аз 3 тонна маводи мухаддир мусодира шуда, ҳоло дар ин қаламрав 714 нашъаманд ва 619 гирифтори вируси норасоии масунияти бадан (СПИД) сабти ном шудаанд.

Бино ба гузориши КДАМ, дар 10 соли охир бар асари нашъамандӣ дар Бадахшон 196 нафар ва танҳо дар соли 2018 57 нафар ва вируси СПИД дар 10 сол -268 нафар ва дар соли ҷорӣ 12 нафар фавтидаанд.

КДАМ мегӯяд, боиси ташвишу нигаронист, ки аз лиҳози ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир ва гардиши силоҳ ВМКБ дар Тоҷикистон ҷои аввалро ишғол мекунад. Дар гузориш аз ҷумла омадааст, ки дар солҳои 2016-2017 дар Бадахшон чор ҳодисаи куштор бо истифода аз силоҳ сурат гирифтааст.

КДАМ мегӯяд, имрӯзҳо дар Бадахшон ситоди байниидоравӣ ҷиҳати таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, паст кардани шиддати ҷинояткорӣ, ошкору пешгирӣ кардани ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддиру силоҳи оташфишон амал мекунад.

КДАМ мегӯяд, то имрӯз аз аҳолии Бадахшон миқдори зиёди силоҳу лавозимоти ҷангӣ гирифта шуд, "вале то ҳангӯз силоҳ дар дасти ашхоси алоҳида боқӣ мондааст. Дар ҳоле ки сокинони вилоят баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои сарвари давлат шабу рӯз заҳмат мекашанд, саркардагону аъзои гуруҳҳои ҷиноятӣ виҷдону инсоф ва маърифати инсониро зери по карда, манфиатҳои шахсии худро боло донистаанд.”

"Дар як вақт гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ чунин вонамуд мекунанд, ки ба ҳаёти осоишта гузашта, дар доираи қонун зиндагӣ доранд. Вале далелҳо ин даъворо ботил месозад,” – гуфта мешавад дар идомаи гузориши КДАМ.

КДАМ мегӯяд, тоза рӯзи 2 октябр кормандони Кумитаи амният дар натиҷаи як задухӯрди мусаллаҳона дар марз бо Афғонистон, дар минтақаи Барчиди ҷамоати Поршиневи ноҳияи Шуғнон аз қочоқбарон 4 мил автомати Калашников ва 25 кило маводи мухаддир, аз ҷумла 10 кило ҳероин, 13 кило ҳашиш ва 2 кило афюн ёфт ва мусодира кардаанд.

Муаллифи гузориш суол мегузорад, ки оё нашъаҷаллобону силоҳфурӯшон медонанд, ки як кило ҳероин метавонад то 40 ҳазор нафарро мӯътод кунад ва ҳар мил силоҳ сабаби марги даҳҳо нафари бегуноҳ шавад?

Як рӯз қабл як манбаъ дар раёсати корҳои дохилии ВМКБ гуфт, баъд аз танқиди президент дар шаҳри Хоруғ аз аҳолӣ беш аз 100 мил силоҳ ҷамъ овардаанд. Ин манбаъ мегӯяд, аҳолӣ силоҳҳои худро ихтиёран дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ супурда истодааст ва то имрӯз дар Бадахшон танҳо як ҳодисаи муқобилият ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ сабт шудааст. Рӯзи 06-уми октябри соли 2018, тахминан соати 10:30 дақиқа дар дидбонгоҳи кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Раёсат автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами давлатиаш «ТҶ 8808ВВ04» манъ карда шуд.

Ба гуфтаи мақомоти РВКД Бадахшон, соҳиби мошин Имомназаров Соҳибназар Султонназарович, санаи тавалллудаш 08.03.1993, сокини шаҳри Хоруғ, кӯчаи Гагарин, хонаи №24 автомашинаи сиёҳшишаро бидуни иҷозат ва ғайриқонунӣ идора намуда, ҳамзамон ба кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ итоат накарда, дар баробари ин барои аз ҷои ҳодиса фирор кардан ба кормандони милитсия муқобилият нишон додааст. Бино ба ин манбаъ, ҳангоми кофтукоб аз дохили мошини Имомназаров Соҳибназар 1 адад норинҷаки навъи «Ф-1» ва 2 адад корд пайдо кардаанд.

<iframe id="aswift_4" name="aswift_4" width="763" height="191" frameborder="0" marginwidth="0" marginheight="0" scrolling="no" allowfullscreen="allowfullscreen" data-mce-fragment="1"></iframe>

Амалиёти вижа бо ҳадафи барқарор кардани тартибот дар Бадахшон дар пайи интиқоди тунди президент Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15 сентябр дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ВМКБ барои барқарор кардани тартибот дар ин минтақа ҳамагӣ як моҳ фурсат дод ва гуфт, агар се-чор ҷинояткорро саришта карда натавонед, курсиҳоро холӣ кунед. Президент гуфт, барои барқарор кардани тартибот, агар лозим шавад, қувваҳои мусаллаҳро низ истифода баред. Ӯ фармон дод, нирӯҳои иловагие, ки барои таъмини сафари ӯ ба Бадахшон оварда буданд, то барқарор кардани тартибот дар инҷо бимонанд.

Қабл аз сафари президент ба Бадахшон низ мақомот хабар дода буданд, ки дар ин вилоят аҳолӣ ба таври ихтиёрӣ 39 мил силоҳ, аз ҷумла 11 пистолети Макаров, 8 автомати АКМ, як пулемёт, як камони шикории СКС-7-ро ихтиёран супурдааст.

Ба дунболи интиқоди тунди президент Эмомалӣ Раҳмон, дар роҳбарии ВМКБ тағйироти кадрии ҷиддӣ сурат гирифт. Рӯзи 18 сентябр ҳамаи 4 муовини раиси вилояти Бадахшон, раиси шаҳри Хоруғ, раисони ноҳияҳои Роштқалъа ва Рӯшон аз мақом барканор карда шудаанд. Бо дастури президент ҳамчунин раиси суди вилоят, сардори раёсати корҳои дохилии вилоят, сардорони шуъбаҳои милитсиява БДА-ии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳо барканор карда шуданд. Ба мақоми сардори РВКД ВМКБ муовини аввали вазири дохила генерал-лейтенант Абдураҳмон Аламшо фиристода шуд.

Рӯзи 1 октябр бо фармони президент Шодихон Ҷамшед низ аз мақоми раиси ВМКБ озод карда шуда, ба ҷои ӯ Ёдгор Файзов, роҳбари намояндагии Хазинаи Оғохон дар Тоҷикистон раиси вилояти Бадахшон таъйин шуд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон