ҲАМЛАИ ФАЙЗАЛӢ БА КУЙБИШЕВ. ҚИСМИ 2: АҲВОЛИ ЗИНДАҲО БАДТАР АЗ МУРДАҲО БУД...

Қотилони молу ҷон дар даромадгоҳҳои қишлоқ камин гирифта мардони гурезаро дошта, ба занону кӯдакон чӣ азобҳои гӯшнорасидание мекарданд. Ба занони дар хона монда, қотилон фақат чунин саволҳо медоданд: «Шавҳару писарат дар куҷоянд? Ҳамаи пулҳоятро биёр, вагарна ана ин духтаратро мебарам!» Болои сари занону кӯдакон аз автоматҳо тир холӣ карда таҳдид мекарданд. 5-6 духтарро бурда таҷовуз карданд ва ду духтари ноболиғро ба занӣ гирифтанд...

 

Ҳамлаи Файзалӣ ба Куйбишев

(хотироте аз ҷанги бародаркуш дар Навдӣ)

 

Қисми аввали хотироти Ҳабибулло Ҳоҷиевро инҷо бихонед:

 

ҲАМЛАИ ФАЙЗАЛӢ БА КУЙБИШЕВ: ҒАРМИЮ ПОМИРИРО БЕПУРСИШ ПАРРОНЕД!

Ман муроҷиатномае аз номи занону кӯдакони бенаво ва командирони қотил ба шикам истода менавиштам, ки тахмин соатҳои 10-и рӯзи 20.12.1992 буд. Ба гӯшам ғул-ғулаи одам расид. Офтоби саҳарӣ ба шариконам таъсир карда будаасту хобашон бурда. Саидхӯҷа, ки аз тарафи ростам буд, ба ӯ наздик шудаму гуфтам: Ба сарат камтар пахта мону як нигоҳ кун овози одам шунидам. Ӯ хест ва тез дароз кашида гуфт:

-Омаданд.

-Мегурезем - гуфтам ман ва тез писаронамро бедор кардам.

Файзалӣ Саидов ва Сангак Сафаров – ду фармондеҳи аввали Фронти халқӣ

 

Мардеро барои нону нос парронданд!

 

Маслиҳат шуд, ки дигар аз ҷо намеҷумбем. Аллакай наздик омада буданд, ки овозашонро баръало мешунидем. Садои шарфаи пои онҳо дар қади шохи обқариқ, ки аз ҷои мо 10-15 метр дурӣ дошт, ба гӯш мерасид. Дилам метапид, танам меларзид. Онҳо аз рости мо гузашта рафтанд. 100-200 метр дур шуда буданд, ки овози имдодталабе шунида шуд. Гургон ба сайдашон дарафтиданд. Сайд барои халосӣ ҳеҷ илоҷ наёфта зорӣ ва илтиҷо мекард. Ӯ кӣ буд? Мо нафаҳмидем. Садои тири автомат шунида шуд. Гургон баъди ба сари теппа, яъне охири пахтазор боз ба паяшон гаштанд.

«-Эй бачаҳо, биёед нонхӯрак мекунем. Онҳо рафтанд. Биёед, биёед…», гуфта моро аз байни пахтазор баромадан даъват мекарданд. Мо овози дӯст ва душманро дар ин муддати кӯтоҳи ҷанг хуб мефаҳмидагӣ шудем. Садои тири автомат дар лаби ғор (яъне сар-сари теппа) то қазои шом ба гӯш мерасид. Ҳамин ки торик шуд,ҳама ҷо ором шуд. Мо аз ҷо хеста ҷои пинҳоншудаи Ҷонибеку писараш ва Бегиҷон омадем. Ба онҳо каме суҳбат кардему шукри худо гуфтем, ки зиндаем.

<iframe id="aswift_6" name="aswift_6" width="763" height="191" frameborder="0" marginwidth="0" marginheight="0" scrolling="no" allowfullscreen="allowfullscreen" data-mce-fragment="1"></iframe>

Ғайбуллою Сайхӯҷа роҳи қишлоқро пеш гирифтанду ману писарам Зиёдулло ба кулбаи шабгузаронӣ роҳсипор шудем. Хона даромадаму ба Зиёдулло гуфтам: «Мо бояд аз байни пахтазор бароем. «Отчиска» (кофтуков)-и байни пахтазор мумкин боз пагоҳ ҳам идома ёбад. Мурдаи мо мумкин дар байни пахтазор ҳафтаҳо ва ё моҳҳо монад». Дар ҳамин фикр нишаста будем, ки Хушвахт, соҳиби хона ва бародараш Талбак ба хона даромаданд.

-Эҳе, хайрият, зинда мондаед. Шумо дар куҷо будед, ки ба даст наафтидед ва напаронданд шуморо? Вай марде, ки 3-4 рӯз пеш аз хона нон ва нос талбида буд, паррондандаш.

-Худо тараҳҳум карду мебинед, ки мо зиндаем, - гуфтам ман. Ман ба онҳо маслиҳати ба хона рафта, дар қишлоқ пинҳон шуданро намудам.

Талбаку Хушвахт чизе нагуфта хомӯш истоданд. Мо дигар гапро ду накарда калиди хонаро ба Хушвахт супурдем. Нону намакро пиҳил кун гуфтаму гиря гулӯгирам кард. Шаб торик, замин лой. Мо роҳи қишлоқро пеш гирифтем. Оҳиста-оҳиста роҳ мерафтему фикр мекардем, ки дар хона дар куҷо руст мешавем. Ба гидрани обрехтаистодае наздик шудем. Дар пеши гидран ҳаракати шахсеро дидем. Мо дар ҷойҳоямон истодем ва ба атроф назар мекардем. Ҳаракатҳои одами шинос. Ӯ писарам Ғайбулло буд, ки ӯро аммааш иҷозати дар қишлоқ ва дар хонаи худ то субҳ монданашро надодааст. Мо се тан дар назди гидран нишастему ба тақдир тан дода, «мурдаамон дар қишлоқ монаду дар саҳро намонад», гуфта, ба қишлоқ хамидем. Мо рост ба хонаи Ситора омадем. Занам бо писарчаи хурдӣ Убайдулло 2-3 рӯз пештар, шабона аз хонаи Талбакино писаронам омада буданд, дар хонаи Ситора ӯро дидем.

-Ман шабро инҷо, рӯзро дар дари хона мегузаронам. Хонаро аз ғоратгарони занонаю муйсафедони харакӣ нигоҳ медорам, - гуфт ҳамсарам.

Соат тахминан 3 ё 4-и шаб буд, ҷои пинҳоншавӣ коҳдони худамон маслиҳат шуд. Ман бо писаронам то 31 декабр, яъне 9-10 рӯз дар коҳдон иқомат кардем. Рӯзи 1.01.1993, соати 5-6 саҳарӣ боз дар остонаи гурезагони пештара-хонаи Хушвахт ҳозир шудам. Шабу рӯз аз хона намебаромадем. Хонаро барои ноайён аз мардум омода сохтем, мо се нафарем - падар ва ду писар. Баъди 5-6 рӯзи дар хонаи гурезагӣ зиндагӣ кардаи Ғайбуллою Зиёдулло барои нон ба хона омаданд. Дар қишлоқ ба Амир дучор шуда, ӯро ҳамроҳ оварданд. Ӯ як моҳу чанд рӯза аз мо ҷудо буд. Аз ӯ пурсон шудам.

-Ман дар Арху (қишлоқе дар совхози ба номи Илич) будам. Боҷаам он ҷо зиндагӣ мекунад. Онҳо маро аз хӯрока таъмин мекарданду, лекин берун аз қишлоқ соҳили оби «Шӯр» паноҳгоҳе доштам. Ана то ин муддат ман он ҷо будам. Инак тақдир, боз бо шумоям. Мо чор нафар то рӯзи 25.01.1993 якҷо пинҳон будем.

Сабаби аз ин кулба гурезон шудани мо ин шуд, ки шаб дуздони пахтаи дар саҳрою дар хонаҳои мардум монда, соатҳои 4-5 шаби 25.01.1993 ба ҳамон кулбаи мо бо нияти пахтадуздӣ омаданд. Ҳамон шаб писаронам аз хона аз назди модарашон омада буданд. Дуздон дар хона одам буданро пайхас шуда, ба гапзании мо гӯш андохтаанд. Пай бурдаанд, ки гурезаем. Ин дуздон пагоҳи дар посташон хабар доданд, ки дар хонаи фалонӣ 4 "вовчикпинҳонанд. Командир, ки омад, ба ӯ хабар медиҳему онҳоро медорем, гуфта маслиҳат карда будаанд. Сироҷ, ки дар ҳамсоягии мо зиндагӣ мекард, дар «пост» будааст. Ӯ омада ба мо хабар дод. Мо бе мулоҳиза тез аз хона баромада, байни пахтазорҳо роҳи деҳаро пеш гирифтем. Дар пахтазорҳои деҳаи «Ғалаба» одамони пахтачину тележкаи бисёр саргарми ҷамъоварии пахта буданд. Нисфирӯзӣ ҷои беодамеро интихоб ва аз тӯшаҳо насиба кардем. Соатҳои 5 аз теппа фаромадем. Албатта рустӣ-рустӣ боз ба пахтазорҳои деҳаи худ даромадем. Офтоб дар лаби кӯҳ наздик шуд. Зайдулло бошад бетоқатӣ мекард. Биёед тезтар ба хона равем, - мегуфт ӯ. Хулоса, шом ба хона даромадем.

<iframe id="aswift_7" name="aswift_7" width="763" height="191" frameborder="0" marginwidth="0" marginheight="0" scrolling="no" allowfullscreen="allowfullscreen" data-mce-fragment="1"></iframe>

-Хуб шуд, ки омадед, вагарна ман пагоҳ ба ҷустуҷӯи шумо мерафтам. Директори нави мактаб 3 бор мешавад, ки аз ту мепурсад. Ӯ шуморо нағз мешинохтааст, - гуфт занам. Пагоҳии барвақт ман риш тарошида, ба мактаб рафтаму ҳамроҳонам боз дар коҳдон рафта ҷо гирифтанд.

 

Таърихи рӯзро дар доска навиштаму гиристам

 

Ҳангоми ба хонаи муаллимон даромадам ман худро дар байни коллективи тамоман ношиноси муаллимон бегона ҳис кардам. Онҳо ба ғайр аз директори шинос ва завуч-Т.Саидмуродов ҳама ҷавон буданд. Аз симою рафтору гуфторашон ба муаллим монанд набуданд. Ман ба синф даромадам. Дар синф хонандагони аз синфи 8 то 11 якҷо нишаста, ҳамагӣ 10-12 нафар буданд. Ҳамаи онҳо ба ман шинос буданд, ҳоҷат ба пурсу пос ва шиносоӣ набуд. Дар тахтаи синф 26.01.1993 навиштаму ба хонандагон рӯ овардам. Онҳо хомӯш ва ҳатто ҷумбуҷӯли таърихи рӯзро навиштан ҳам намекарданд. Ман ба курсӣ нишастаму аз онҳо пурсон шудам.

- Шумо дар куҷо будед?

-Ҳар кадоме ҷавобҳои гуногун медоданд. Аксарияти онҳо дар ин ҷанг аз падар ятим мондаанд. Рӯи ятимон менигаристаму оби дидагонамро рустӣ-рустӣ аз онҳо пок мекардам.

-Муаллим чаро гиря мекунӣ? Мо шуморо дида хеле шодем, ки аз он муаллимони пеш аз ҷанг ягона шуморо имрӯз мебинем. Ман дигар тоқат накарда, баланд гиристаму аз синф баромадам. Хулоса, 3-4 рӯз аҳвол ҳамин буд. Рӯзе раиси муваққатии ҷамоат Абдулҳамид ба хона омаду маслиҳат дод, ки 5-6 рӯзи дигар руст бошам.

Бо маслиҳати ӯ мактабро тарк карда, ба участкаи Калинин, ба хонаи Маҳмадрасул Исмоиловшон рафтам. Дар ин хона то 9.02.1993 ба берун набаромада шабу рӯз дар ҳуҷрае бо писарам Зиёдулло будам. Ғайбулло бо Маҳмадрасул Фозилов дар оилаи Зоғов, ду-се хона дуртар аз мо зиндагӣ мекарданд. Рӯзи 9 ё 10-уми феврал боз ба мактаб омада корро оғоз кардам. Кор ва зиндагӣ муътадил набуд. Тарсу ҳарос дар дилу дидаи мо танинандоз буд. Садои занги дарс даромадани мактабиён шунида мешуду муаллимони ҷавони аввали давраи осоиштагӣ папиросҳо дар даҳон, журнал дар даст, дуди папирос даҳлезро зер мекарду рост истода ба синфҳо даромадани бачаҳоро назора мекарданд. Ман ба ин муаллимони худтарош нигоҳ карда, ба амалҳои ғайрипедагогии онҳо нафратам дучанд зиёд мешуд. Аз дуди папирос баъзе мактабиён сурфаю атса зада, ба синф медаромаданд. Баъзан вақт аз ину онашон пурсон мешудам. Онҳо якеш хиштчин, дигаре колхозчӣ, механизатор… ихтисос доштаанд. Рафторҳои ғайрипедагогӣ мекарданд. Рафтор ва гуфтори ин ашхос ба «боевикон»-и давраи ҷанг монанд буд. Ибораю ҷумлаҳои «Гап нест», «Гап қоқай», «з...йбат кардӣ»-ро дар вақти тасдиқи фикр истифода мекарданд. Оҳиста-оҳиста ин гапҳо аз забони хонандагон низ шунида мешуд, ки таъсири амали муаллимони тасодуфӣ буд…

Ҳайбулло Ҳоҷиев,

муаллими собиқадор, ноҳияи Абудраҳмони Ҷомӣ (собиқ Куйбишев)

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон