ҲАМЛАИ ФАЙЗАЛӢ БА КУЙБИШЕВ: ҒАРМИЮ ПОМИРИРО БЕПУРСИШ ПАРРОНЕД!

Ба касе раҳм надоштанд. Мардеро агар медоштанд, бе ягон пурсиш мепарронданд. Гӯё ҳамаи ғармиро мешинохта бошад. Ҳол он ки дар деҳаи мо ӯзбек, рус, кӯлобию ёвонӣ, хуҷандию аштию урметанӣ… низ истиқомат мекунад. Он рӯз чӣ даҳшате буд. Одамонро мепарронданд, хонаҳоро ғорат карда, анвои хӯрданӣ ва чизҳои қиматбаҳоро ба мошину тележкаҳо бор мекарданд. Он бегоҳ то соати 1-2-и шаб 11 ҷасади паррондашударо бе кафан ба хок супурдем...

 

 

Ҳамлаи Файзалӣ ба Куйбишев

(хотироте аз ҷанги бародаркуш дар Навдӣ)

 

Хонаҳо аз тири Файзалӣ месӯхтанд

 

Бегоҳии 22.11.1992 садои тири автомату ғурриши моторҳои «БТР» баланд шуд. Борони тир меборид. Ман дар таги фарши даҳлези хона даромада фурсати гурехта аз қишлоқ баромадан наёфтам. Тирҳо ба шифери боми хона зада, чун жола садо медоданд. Ҳар нафаре фурсат ёфту аз қишлоқ баромада ба байни пахтазору паси бораҳои заҳбурҳо паноҳ шуду худро даруни қамишзори заҳбур партофт. Қисме аз мардону занон ва кӯдакон ба қишлоқи ҳамсоя-Каленин гурехтанд. Ин техникаи ҳарбии дастаи Файзалӣ Саидови ҷаллод буд, ки бо даҳшате ба деҳа даромаду то таги кӯҳ рафта каме қарор гирифт. Тирҳои оташфишон ба 2 коҳдони сокинони деҳа бархӯрда оташ гирифт. Одамони дар ҳарос ба хонаҳо пас гашта, шабро бо ҳарос рӯз карданд. Пагоҳӣ боз мардум аз хонаҳо баромада, байни пахтазору қади заҳбурҳо пинҳон шуданд. Рӯзи 28 ё 29 ноябри с.1992 деҳи мо ором гирифт, лек аз қишлоқи болои теппа, ки совхози «Субтропикӣ» ном дошт, садои тиру тӯп баланд шуда, се-чор хона алов гирифту дуд фалакро сӯрох кард ва дар қабати ҳафтуми осмон хаймаашро дӯхт. Рӯзи дуюм ду-се нафар низомии Файзалӣ ба деҳи мо омада, ба ду-се одам фавқулодда вохӯрда гуфтанд:

-Шумо аз мо натарсед, ҳеҷ куҷо нагурезед, дар фасли зимистон ба кӯдакон ҷабр накунед, мо шуморо намекушем, намепаронем, чунки шумо бесилоҳед, рафта ба кору бори зиндагӣ машғул шавед, пахта чинед…

Шараққоси затворҳои автомат баланд шуд. Ҳар 1 дастбаста зорӣ ва тавалло мекард. Овози мӯсафеди нуронӣ баландтар садо дод:

-Рафиқ командирфурсат диҳед 2 даҳан гап занам.

-Ҳа, ту ғармиӣ?

-Ғармиам, писарам.

-Ғармӣ бошӣ, гапушқоқай.

-Парронед!

Парронданд, ҳама дастбастагон ба замин афтоданд.

 

Мурдаҳоро дар КАМАЗ бор карданд

 

Ба пойҳои ман ларза омаду худро дошта наметавонистам. Ба танаи дарахти лаби ҷӯйбор нишаста такя задам. Сарам чарх мезад, чашмонам маъҷарак зада, ҳеҷ ҷоро дида наметавонистам. Лаҳзае нагузашта буд, ки КАМАЗе омаду ҷасади дастбастаҳоро чун маслуқи ҳарромшуда бор карда бурд.

Эй Худо! Куҷо шуд он одатҳои тоҷикон, ки шахсе мемурад барои хондани ҷаноза тамоми ноҳия ва ҳатто хешони дар дигар ҷумҳурӣ бударо даъват мекарданд, ҷанозаро бо як салобате мегузаронданд. Он шабе, ки 11-12 касро бо ҷанозаю беҷаноза гӯронидем, то рӯз шудан шабро дар байни пахтазори қишлоқи «Ғалаба» гузарондем. Рӯзона ба сари кӯҳ омада, ба қишлоқамон назар мекардем. Ҳамин ки садои тир баланд шуд, чун чӯҷаҳои кабк зери буттаҳои пахтазор панаҳ мешудем. Дар байни пахтазор бо занон, кӯдакон ва мардоне, ки ба шаҳри Душанбе нарафта буданд, паноҳ бурда будем. Баъзеҳо аз ҳамин байни пахтазор пиёдаю овора роҳи Душанберо пеш гирифтаанд, лекин манро чӣ қуввае нигоҳ медошту ҳеҷ дилам ба тарафи Душанбе кашол набуд.

Мо дар байни пахтазор 5 нафар будем. Камина бо писарам Зайдулло, Саидхӯҷа бо писараш Сафарбег ва Амир. Баъди 2-3 шабонарӯз гузаштан анвои хӯрданӣ тамом шуд. Ҳамин, ки бегоҳ торик шуд, роҳ ба сӯи деҳаи «Ғалаба»-ро пеш гирифтем. Ғайр аз мо ҳамроҳон боз ду каси дигар-акаи Дилшод ва Одил ба мо ҳамроҳ шуданд. Вақте ба «Ғалаба» расидем «ба хона кӣ равему аз куҷо нон меёбем» гуфта дар ҳамин фикр қадам мезадам. Одина аз ман пурсид:

-Аз ин қишлоқ киро мешиносӣ?

-Асосаш ман ба ин қишлоқ кам омаду рафт мекардам. Муаллим Талбак Саидовро мешиносам.

-Оҳо… Одами обрӯманди ин деҳа падари Талбак - мулло Саид аст. Хонаашонро медонӣ, дар куҷо буд?

-Не, намедонам.

-Аммо аз ҳамин кӯча сар карда 3-4 гузар ҳисоб кун, аз боло хонаи якум аст.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Умеди зинда мондан набуд!

Он бегоҳ Одина ва Амир низ аз мо ҷудо шуд. Мо 2 падару 2 писар баъди пурсуҷӯ вориди хонаи шиносамон Талбаки Саидзод шудем. Ӯ маро бори аввал дар ин аҳволи дарвешона медид. Дар ҳақиқат Талбак моро хуш пазируфт. Баъди хӯрок хӯрдан ба ман рӯ оварда гуфт.

-Муаллим, шунидам, ки зани Ҳайбулло дар хонаи яке аз сокинони ин деҳа гуреза шуда омадааст. Намедонам, ки зани шумо бошад ё зани он Ҳайбуллои «завбаз».

<iframe id="aswift_5" name="aswift_5" width="763" height="191" frameborder="0" marginwidth="0" marginheight="0" scrolling="no" allowfullscreen="allowfullscreen" data-mce-fragment="1"></iframe>

Ман ба Талбак ба ҷӯстуҷӯи ҳамсарам баромадем. Ӯро ёфта ба хонаи Талбакино овардем. Ана ҳамин тавр занам дар онҷо, ман бошам шабро дар хонаи беодаме дар канори деҳаи «Ғалаба» ва рӯзро дар байни пахтазор бо писарам, Саидхӯҷа ва писараш мегузарондем.

Ҳафтае як ё ду бор писаронам Зиёдуллою Ғайбулло шабона ба қишлоқ барои нон рафтуо мекарданд. Писарам Ғайбулло баъди 4-5 рӯз дар «Ғалаба» буданамон аз шаҳри Душанбе омада буд. Соҳиби хона ба мо таъкид кард, ки «шабона хоб мекунеду субҳи барвақт аз хона бароед. Агар гумон кунанд, ки дар хонаи ман «вовчик» аст, моро низ ҳамроҳи шумо мепарронанд». Мо бо дилу ҷон қабул кардем, чунки шабҳои моҳи декабр хело хунук буданд. Ба ҳар ҳол аз таршавӣ эминем гуфта ба ҳаминаш ҳам розӣ будем.

Мо-мардони гуреза соатҳои 4-5-и пагоҳӣ то дамидани субҳ дар хонаи бетоние, ки дар байни пахтазор воқеъ буд, во мехӯрдем. Кӣ мурдаю кӣ зинда ва дар қишлоқ чӣ кору чӣ гап ҳаст, пурсон мешудем. Шунидам, ки бобои Розӣ ва Давронро дар ҷойгаҳи бемориашон паррондаанд. Аз ин хабар мо тамоман умеди зинда мондан надоштем. Рӯзи дигар шунидем, ки Икром, Иҳром, Абдураҳмон, Юнус ва даҳҳо нафари дигарро тиршап кардаанд. Рӯз ба рӯз умедамон аз ҷони ширин канда мешуд. Ҳеҷ умеди зинда монданамон намонд. Хулоса, шумораи мардоне, ки дар деҳаю дар байни пахтазорҳо буд, рӯз ба рӯз кам мешуд. Теъдоди занҳои бевамонда ва кӯдакони ятим меафзуд. Занону кӯдакон бо шиками гуруснаю тани ларзон ва дилҳои тарсон рӯзона пеши дари хонаҳои худ меистоданд, то ки ғоратгарон камтар ғорат кунанду аз чизҳои рӯзгорашон каме ҳам бошад, боқӣ гузоранд. Шабона ду-се зан бо фарзандонашон дар як хона ҷамъ шуда, мехобиданд. Шумораи ғоратгарон ва силоҳбадастон рӯз ба рӯз тағйир меёфт. Баъди 15-20 рӯзи куштору ғоратгарӣ боз ғоратгарони зан ва мӯйсафедони харсавор пайдо шуданд, ки онҳо аз бандаки гаҳвора то мехи гӯсоларо гирифта мебурданд. Модарони тарсону ларзони фалокатзада зора мекарданд: «Ҳамин говаки ширдеҳамро ақаллан бимон, ки бо шири он сабӯс ва ё нони қоқро ба ятимакҳоям диҳам. Охир дар ин сармои зимистон аз хунукию гуруснагӣ ҳалок мешаванд».

 

Помириро бе пурсиш паронед!

 

Модари дигар илтиҷо мекард:

-Эй хоҳар, эй апа, дастбанду побанди гаҳвораамро нагир, тифлаки ман бе гаҳвора чӣ тавр шабро рӯз мекунад.

Лекин ғоратгарони гурусначашм раҳм на ба тифл мекарду на зорию илтиҷои модари фалокатзада. Ин дуздону ғоратгар одамони ҳамсояқишлоқҳо буданд.

<iframe id="aswift_6" name="aswift_6" width="763" height="191" frameborder="0" marginwidth="0" marginheight="0" scrolling="no" allowfullscreen="allowfullscreen" data-mce-fragment="1"></iframe>

Эй парвардигор! Охир худат-ку падару модарро раҳнамои фарзандон офаридӣ, чаро ба дили ин занону мардони ғоратгар раҳму шафқат надодӣ. Дар тӯли 73-74 соли Ҳокимияти Советӣ одамони кӯлобӣ бо ғармӣ, ёвонию ғозималикӣ, файзободию Ҳисорӣ, Мастчоҳию Хуҷандӣ ҳама як миллату як халқият буданд. Давлати СССР пароканда шудан пас «демократия» тоҷиконро низ пароканда кард. Маҳалчигӣ ва маҳалгароӣ ба авҷи аълояш расид. Демократияро халқи Тоҷикистон нафаҳмид ва истифода бурда натавонист. Мардум ба хархашаҳои беҳуда, бемаънӣ ва бемақсаддода шуда, барои ночиз коре гирдиҳамоӣ карданд. Оқибати гирдиҳамоиҳои бемаънии одамони давлатманду доро ва мансабпараст ба сари мардуми оддии заҳматкаш чунин фалокати мудҳиш овард, ки гуноҳи он одамони сабабгори гирдиҳамоикунанда ҳеҷ нобахшиданист.

 

ДАВОМ ДОРАД...

 

Ҳайбулло Ҳоҷиев,

муаллими собиқадор, ноҳияи Абудраҳмони Ҷомӣ (собиқ Куйбишев)

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон