САДАМАИ ПУРҚУРБОНӢ ДАР ДАРУНИ НАҚБИ “ИСТИҚЛОЛ” (ВИДЕО)

Рӯзи 8 октябр соати тақрибан 13:30 дар даруни нақби Истиқлол дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд як мошини боркаши пур аз ангишт бо як мошини "Опел”, ки байни Душанбеву Хуҷанд такси мезад, бархӯрдааст. Ба гуфтаи шоҳидон, дар ин садама як нафар дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, чор нафари дигар аз "Опел” ҷароҳат бардоштаанд.

Бо вуҷуди дар нимаи рӯз рух додани садама даруни нақби "Истиқлол” ончунон торик аст, ки чеҳраҳои одамон хуб дида намешавад ва танҳо садояшон шунида мешавад.

Мардум талош доранд мошини "Опел”-ро рост кунанд ва садоҳое ба гӯш мерасад, ки "а бача, ёрдам кун!”.

Шоҳидон мегӯянд, ронандаи "Опел” бо мошинаш такси мезад ва вақте дучори садама шуд, ки мусофиронро аз Душанбе ба Хуҷанд мебурд.

Мошини боркаш аз кони ангишти Айнӣ ба Маркази гармидиҳии Душанбе ангишт мекашондааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон