ЁБУ ГИР! МИЛИСАИ ГАППАРТО … ПОЛКОВНИК ВА САРДОРИ БДА БУДААСТ (ВИДЕО)

ЁБУ ГИР! МИЛИСАИ ГАППАРТО … ПОЛКОВНИК ВА САРДОРИ БДА БУДААСТ (ВИДЕО)

Милисае, ки ба гаппартоӣ ва бадрафторӣ нисбат ба як духтар дар Душанбе айбдор мешуд, кам не, ғам не, сардори БДА-и ноҳияи Фирдавсии пойтахт полковники милитсия Умар Шамсиддинов будааст. Дар видеое, ки сомонаи "Ахбор” рӯзи 3 октябр нашр кард, як сокини Душанбе бо номи Шаҳноза корманди милитсияро ба гаппартоӣ айбдор мекард. Ба дунбол, бисёриҳо навиштанд, ки акнун мебинем, ки ин корманди милитсияро низ мисли дигарон ба полшӯиву ҳавлирӯбӣ мебаранд ё ки ҷазо барои гаппартоӣ фақат барои мардуми оддист?

Бино ба иттилои дарёфтӣ, корманди милитсияе, ки Шаҳноза ном сокини шаҳри Душанбе ӯро ба гаппартоӣ ва бадрафторӣ дар назди бозори "Корвон” айбдор кард, корманди оддии милитсия не, балки як афсари баландпоя будааст.

Ин нафар полковник Умар Шамсиддинов, сардори БДА ноҳияи Фирдавсӣ буда, рӯзи 3 октябр баъди хабари сӯхтори бозори "Корвон” ба онҷо рафтааст. Рӯзи чоршанбе дар як ҳаммоми хусусӣ дар ҳудуди бозори "Корвон” сӯхтори хурде дар масоҳати 4 метр рух дода буд, ки зуд хомӯш карда шуд ва хисороти зиёде ба бор наовард.

Ҳарчанд мақомот шахсияти афсари бадрафторро муайян кардаанд, вале ҳанӯз маълум нест, ки ӯро барои ин амал ягон ҷазо додаанд ё на?

Бисёриҳо дар майдони баҳси зери матлаби сомонаи "Ахбор” навиштанд, ки ин қазия нишон хоҳад дод, ки маъракаи ба ҷавобгарӣ кашондани мардони бадрафтор ва баддаҳон танҳо ба зидди мардуми оддист ваё ин афсари милитсияро низ ба мисли дигарон ҷазои сазовор дода, акси лаҳзаҳои полшӯӣ ва ҳавлирӯбиашро дар матбуот чоп мекунанд?

ҶАНҶОЛИ ШАҲНОЗА БО КОРМАНДОНИ МИЛИТСИЯ БАРОИ ГАППАРТОӢ (ВИДЕО)

Дар видеое, ки дар канали parviz.tv дар шабакаи Инстраграм нашр шуда, як нусхааш ба дасти сомонаи "Ахбор” низ расид, лаҳзаҳои ҷанҷоли як духтар бо корманди БДА дида мешавад.

Ин духтар корманди БДА-ро айбдор мекунад, ки вақте ӯро дар роҳ дид, лабонашро газида, "вай-вай” гуфтаву ба ӯ бо чашми бад нигоҳ карда, гап партофтааст.

Духтар мегӯяд, ин корро беҷазо намемонад ва аз рафтори корманди БДА шикоят хоҳад кард. Вале корманди БДА ба ӯ мегӯяд, ки рав, шикоят кардан гир.

Бино ба нақли Шаҳноза, рӯзи 3 октябр, соати тақрибан 11, вақте ӯ аз роҳи назди бозори "Корвон” мегузашт, кормандони БДА, ки ин ҷо маъмулан барои пулкоркунӣ меоянд, ба тарафи вай нигоҳ карда, лабони худро "вай-вай” гӯён газидаанд. Шаҳноза пеши онҳо омада, сабаби чунин рафторашонро пурсидааст ва гуфтааст, ки охир ман ҳамсоли духтари шумоям, айбро намедонед? Шаҳноза мегӯяд, ки ӯ либоси тоҷикӣ – куртаву эзор ва рӯймол мепӯшад ва ягон ҷои баданаш урён ё нимаурён ҳам набуд, ки барои гаппартоӣ ба ин кормандони калонсоли мақомоти интизомӣ баҳона бидиҳад.

Шаҳноза мегӯяд, вақте ба кормандони БДА гуфтааст, ки аз болоятон шикоят мебарам, онҳо таҳдид кардаанд, ки ҳам худату ҳам бародаратонро мешинонем.

Шикояти Шаҳноза дар ҳолест, ки дар ҳафтаҳои охир бар асоси шикоятҳои духтарон чандин ҷавони бадрафторро дастгир карда, барои чанд рӯз ҳукми ҳабс доданд ва дар матбуот аксҳои полшӯиву ҳавлирӯбии онҳо дар ҳабсхонаро нашр карданд, ки ба дигарон дарси ибрат шавад.

Ҳамчунин дар шаҳрдории Душанбе гуруҳи махсусе ташкил шудааст, ки ба чунин шикоятҳо расидагӣ мекунад.

Шаҳноза низ мехоҳад, ки шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ шахсан ба қазияи ӯ расидагӣ кунад, чунки бори аввал ба гаппартоӣ ва бадрафторӣ нисбат ба духтарон дар кӯчаҳои пойтахт на шаҳрвандони оддӣ, балки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ айбдор мешаванд.

Шаҳноза мегӯяд, корманди БДА дастони ӯро харошида (ДАР АКС), нагузошт, ки наворбардорӣ кунад, вале ҷанҷоли онҳо дар камераҳои назоратии "Шаҳри бехатар” ҳатман сабт шудааст.

 

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон