"Ҷанг"-и Нурмагомедов бо Тимати. Доғистон – минтақаи мамнӯъ барои рэпсароҳо?

"Ҷанг"-и Нурмагомедов бо Тимати. Доғистон – минтақаи мамнӯъ барои рэпсароҳо?

 

Як минтақаи ғолибан муҳофизакори мусалмоннишин ахиран дар маркази баҳси рэпсароҳои Русия қарор гирифт. Рӯзи 9-уми сентябр дар Доғистон консерти барномарезишудаи Эл-Ҷей ва Егор Крид лағв гардид.

Ҳоло Ҳабиб ба муҳориба омода мешавад, барои ҳамин асабонӣ аст. Ӯро фаҳмида мешавад. Шумо чӣ бо корҳои беҳуда машғул мешавед?

Ба назар чунин мерасад, ки баъди ин ҳодиса сафари ҳунармандони, аз назари бархе мунаққидон, мубаллиғи мусиқии “ғайриахлоқӣ ва ҳам бисёр ҳассос аз назари исломӣ” ба Доғистон бас мешавад. Эл-Ҷей ва Егор Крид дар остонаи консерт дар Доғистон гуфтанд, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ таҳдиду ҳушдорҳои нохушоянди зиёде гирифтанд ва ба ҳамин хотир сафарро лағв мекунанд. Аксари интиқодҳо марбут ба намуди зоҳирӣ ва тарзи иҷрои оҳанги овозхонҳо буд ва нақши муҳимро дар ин баҳсҳо президенти Чеченистон Рамазон Қодиров ва қаҳрамони муҳорибаҳои бидуни қоида Ҳабиб Нурмагомедов бозиданд.

"Агар аз чизе хушат наомад..."

Ба назар мерасад, ки мунтақидони бештари эҷодиёти Эл-Ҷей бо наворҳои тарсноки клипҳои мусиқӣ, саҳнаҳои хун ва фаҳш мухолифат кардаанд. Егор Крид, ки мехоҳад ба Ҷастин Брибер монанд бошад, зоҳиран барои холкӯбиҳои зиёду намоиши саҳнаҳои фаҳшу хушунат мавриди мухолифат қарор гирифтааст.

Ҳабиб Нурмагамедов
Ҳабиб Нурмагамедов

Нурмагомедови зодаи Доғистон ва яке аз маъруфтарин шахсиятҳо дар ҷомеаи ин ҷумҳурии Қафқози Шимолӣ, дар вокуниш ба хабари бекор шудани консерт гуфт, “чизи зиёдро аз даст надодем”. Ин ҳодиса боиси садо баланд кардани овозхони дигари пуртарафдори Русия – Тимати шуд, ки худро ба Кенйи Вести амрикоӣ монанд мекунад. Бо пахши як навори видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, Тимати Нурмагомедовро интиқод кард, ки пеш аз ҳар муҳориба ба номи Аллоҳ як дуо ва баъди ин папахаи аз пашми гӯсфанд дӯхташударо ба сар мекунад.

Тимати, ки худро як дӯсти Қодиров медонад, гуфт, “медонам, ки ту сурудҳои моро дӯст намедорӣ, вале бояд назари дигар нафаронро ҳам эҳтиром кунӣ. Агар аз чизе хушат наомад, ту наметавонӣ ба маъракаи манъ кардани он ҳамроҳ шавӣ”.

"Ман назари худро дорам"

Нурмагомедов, ки қарор аст рӯзи 6-уми октябр дар Лас-Вегас дар як сабқати бисёрмиллионие бо қаҳрамони собиқ Конор МакГрегор рӯбарӯ шавад, ба изҳороти Тимати вокуниши тунд кард. Вай дар саҳифаи «Инстаграм»-и худ навишт: “Ҳар яки шумо барои гапи гуфтаатон ҷавоб медиҳед. Ман ҳоло фурсати зиёд надорам, вале мегӯям, ки касеро барои чизе маҷбур накардам.”

Рамазон Қодиров
Рамазон Қодиров

Нурмагомедов, ки дар робита бо ҳама мардони ҳамҷинсгаро одат дорад ҳарфҳои қабеҳ ба кор барад, навишт: “Ман назари худро дорам. Хандаовар аст, ки як нафари .... (дашном) мисли ту ба ман бигӯяд, ки чӣ кор кунам”. Дар поёни ин изҳороташ Нурмагомедов навишт: “Ман ба мардони доғистонӣ гуфтанӣ ҳастам, ки мо барои ояндаи ин ҷумҳурӣ масъулият дорем, на барои чанд репсаро...”

Ба интиқоди Нурмагомедов аз Қафқоз чанд варзишгари дигаре ҳам ҳамроҳ шуда, видеову шарҳҳои худро нашр карданд ва яке аз онҳо пешгӯӣ кард, ки пас аз ин Тимати ва аъзои тимаш ҳеҷ гоҳ ба Доғистон барои ҳунарнамоӣ намеояд.

Дар паи ин моҷаро консерти репсарои дигар –МакДонии узбек, ки қарор буд 8-уми сентябр дар соҳилҳои баҳри Каспий баргузор шавад, лағв шуд. Егор Крид дар саҳифаи «Инстаграм»-аш навишт, ки дар шароити феълӣ намехоҳад ҷони иштирокдорони консертро зери хатар гузошта, ин маъракаро ташкил кунад.

Қодиров: Биёед, ҷанг накунем, доғистониҳои азизи ман

Дар изҳороти Вазорати корҳои дохилии Доғистон гуфта шуд, ки шарҳҳо алайҳи консерт хусусияти “экстремистӣ” доштанд ва таҳдид кард, ки агар консерт барпо шаваду нафаре аз сокинони маҳаллӣ ба ҷони Крид таҳдид кунад, дафъатан боздошт мешавад.

Тамоми ин моҷарову баҳсҳо то ба ҷое расид, ки Қодирови бисёр фаъол дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва, ба гуфтааш, як ҳомии арзишҳои исломиву миллӣ, дигар натавонист хомӯш бошад. Дар як муроҷиаташ ба номи Тимати ва Нурмагомедов, аз онҳо даъват кард, ки баҳсро оромона ҳаллу фасл кунанд. Қодиров инчунин аз “бародарони доғистонӣ” даъват кард, ки ҳамдигарро таҳқир накунанд.

“Бародаронам, доғистониҳо. Якдигарро наранҷонед. Ҳабибу Тимати инро мефаҳманд. Ҳоло Ҳабиб ба муҳориба омода мешавад, барои ҳамин асабонӣ аст. Ӯро фаҳмида мешавад. Шумо чӣ бо корҳои беҳуда машғул мешавед? Ҳар касе, ки бекор аст, селфи карда, дар бораи Тимати ҳар гап мезанад. Агар мо дар хонаи худ бошем, ба назди мо террористон намеоянд. Беҳтар аст, ки ба назди мо меҳмон оянду хурсанд кунад. Мо бояд Қафқоз ва туризмро рушд диҳем. Барои ҳамин, биёед, ҷанг накунем, доғистониҳои азизи ман”, - навишт ӯ.

“50 тобиши ранги хокистарӣ”

Вале муроҷиати Қодиров ҳам пеши роҳи таҳқиру интиқоди интернетиро нагирифт. Ҳамакнун ба ин баҳсҳо онҳое ҳамроҳ шуданд, ки билети консертро аз пеш харида, пул харҷ карда буданд. Баҳси атрофи ташкили консерти репсароҳо дар Доғистон ҳарфи наве нест. Дар гузашта ҳунарнамоии Борис Моисеев ҳам дар ин қаламрав манъ шуда буд. Чанд чорабинии дигари ҷамъиятӣ дар гузашта бо вокунишҳои баҳсбарангезе рӯбарӯ шудааст. Чунин ҳолат ҳангоми намоиши филми маъруфи “50 тобиши ранги хокистарӣ” дар Махачқалъа ва ҳам баргузории ҷашнвораи рангҳо рух дода буд. Он замон мунаққидон гуфтанд, ки ин ҷашнвора бо ҳадафи таблиғи ҳамҷинсгароӣ ташкил шудааст.

Дар минтақаҳои дигари Русия ҳам гоҳе мушкили ташкили консерти овозхонҳое мешавад, ки бештар муҳофизакор ҳастанд. Панҷ соли пеш дар Қазони Тотористон дар робита бо консери Элтон Ҷон, ситораи роки ҷаҳон эътирозҳо сар зад.

 

назари худро нависед
  • namaon
  • 10-11-2018, 19:27
  • : 19:27
    • Маҳкул
    • 0
Точно, вы правы

---
Бутафория получается грибок кожи мази, грибок стопы мазью и micolock купить в москве micolock-salve.ru мази от грибка кожи
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон