Мулло-Каҳҳорри восеъгиро чаро дастгир намекунанд? ё Чодугари «кришадор»

Мулло-Каҳҳорри восеъгиро чаро дастгир намекунанд? ё Чодугари «кришадор»

 

Соат таҳминан 19-00 буд, дар назди фабрикаи «Текстили» шаҳри Душанбе  интизори микроавтобусҳои №2 будам. Мардум мисли ҳарвакта аз кор баромада, ҳар кадоме микроавтобус ё дигар трансорти лозимаро манъ мекард, то зуд ба ҳонаҳои ҳуд баргарданд. Офтоб ба гуруб рафтан шуруъ мекарду ба назар мисли танури тафсон менамуд. Автомамишаҳо бошанд, кисме бо суръати баланд ва кисме оҳиста-оҳиста лаб –лаби роҳ мусофиронро ба ҳуд чалб карда, гирифта мерафтанд.

Дар ин вакт дар истгоҳ марде сари ҳудро бо дасти росташ дошта, дар миз бе ягон ҳаракат менишаст. Гуё сараш дард мекарда бошад. Ман як назар карда, аввал аҳамият надодам. Баъд  аз як-ду дакика, дидам, ки он мард мисли пештара, ба замин нигоҳ карда меистад. Ҳиси одамгариам билоҳира голиб омаду ба наздаш рафта, пурсидам:

- Бародар ҳамааш ҳуб аст ?

Дар гавгои мардум, он кас суҳани маро нафаҳмида, ягон чавоб надод. Ман ин дафъа, дастамро дар китфаш монда:

-Бародар ҳамааш ҳуб аст гуфта пурсидам.

- «Э ака! Онаи ин занакора «фалон» кунам, - гуфту сарашро боз ҳам кард.

         Ман бошам, аз ҳолати кор беҳабар ҳостам уро дилбардори кунаму гуфтам:

         - Ҳайр агар бо янгаам чанчол карда боши ҳеч гапе не, ҳамааш ҳуб мешавад. Занҳо ҳамин ҳел, як чанг мекунанд боз мебини, ки рузи дигар мисли бул були зебои ҳушовоз барин туро ҳушҳол мекунанд. Баъд аз ин дуртар истодаму боз ба суи роҳ нигоҳ кардам, то ки микроавтобуси раками 2-ро дарёб кунам.

         Баъд аз лаҳзае, он кас сарашро бардошта, якку якбора мисли кузаи пуршуда, обаш сар зада, реҳту киссаи ҳудро бар ман накл карданро огоз кард. Ман рафта дар бараш нишастам.

         Номаш Беҳруз будааст. Савдогари бозори «Корвон»-и шаҳри Душанбе. Муддати се сол мешавад, ки бо як зане бо номи Шаҳло оила барпо намудааст. Аз зиндагии якчоя соҳиби як фарзанд шуданд. Номаш Фаромуз. Муддати як соли оҳир фарзандашон ба кадом бемории номуълуме гирифтор шудааст, ки доимо гиря мекардааст. Гиряҳои номукаррари, мисли моргазида барин. Табобатҳои тулони ягон натича надоданд. Дар ин миён занаш аз кучое дарак ёфтааст, ки муллоҳое ҳастанд, ки дуо меҳонанд ва одамон шифо меёбанд. Чун, Беҳруз танҳо ба Аллоҳ бовар мекардаасту аз ҳар гуна муллоҳои калбакиии фосик безор будааст, ҳеч намегузоштааст, ки Фаромузчонро ба назди онҳо баранд. Ҳамин тавр давоми як сол ҳамсараш Беҳрузро доимо сарзаниш мекардааст, ки у ба муллоҳо бовар надорад аз барои ҳамин Фаромузчон-писарашон шифо намеёбад. Беҳруз бошад доимо ба завчааш мефаҳмондааст, ки вай беакл аст, зеро шифо танҳо аз чониби Аллоҳ аст. Билоҳиро чангчу чангчолҳои барзиёд бар дили Беҳруз заданду у рози шудааст то чигаргушаашро ба назди ягон мулло баранд. Чун Беҳруз рози шудааст, ҳамон вакт завчааш ҳабар додааст, ки вай алакай ҳамаашро омода намудааст.

         Завчаи Беҳруз тавассути ким-кадом шиносаш дар бораи Мулло-Каҳҳор аз кишлоки Кадучии н.Восеъи шаҳри Кулоб  маъумот дастрас намудааст. Ҳамсари Беҳруз, яъне Шаҳло Мулло-Каҳҳорро бисёр таърифу тавсиф карда гуфтааст, ки вай бисёр одамонро шифо додааст ва беҳтарин табиб аст.

         Беҳрузи бечора, бод или пур аз шубҳа, порчаи дили ҳуд-Фаромузро гирифта, ба назди Мулло – Каҳҳор бурдааст. Дар шаҳри Душанбе, ки макони амикашро Беҳруз ошкор накард, онҳо ба як ҳонае рафтанд. Вазъият дар ончой ба Беҳруз, дарҳол маъкул нашудааст. Одамони зиёд, бо автомашинаҳои кимматбаҳо, аз Куръону суннат, намозҳони, оятҳони ягон дарак ҳам нест. Одамони омадаги ҳам ба шаҳсони ботакво монанди надоранд. Ба ҳар ҳол, баъд аз 3 -4 соати интизори навбат ба Беҳрузу Фаромуз расид. Онҳо вориди ҳона шуданд.

Мулло-Каҳҳорри восеъгиро чаро дастгир намекунанд? ё Чодугари «кришадор»

 

Мулло-Каҳораш як марди солҳурдаи бориши дароз, дар ҳона мисли кадом султоне нишаста, баробари даромадан гуфтааст, ки модари ту, яъне аз Беҳруз фалон чи ном дорад, модари вай бошад, яъне аз Шаҳло  фалон чи ном дорад. Фарзандатон фалон чояш дард мекунад. Беҳруз ҳайрон мондааст, ки вай номи модари уро аз кучо медонад. Баъдан як рафики Беҳруз ба у гуфтааст, ки ин ҳоси фолбинони машеник аст, к ибо ин восита ба боварии одамон медароянд. Аҳборотҳои росут дуругро гуё аз чинҳояшон мегиранд. Аммо дар он вакт аз ин чизҳо беҳабар буд.

Он мулло гуфтааст, ки ҳозир даъвои дарди Фаромузро меёбаду ба як шогираш амр намудааст, ки белро биёрад. Беҳруз ҳайрон мондааст, ки белаш чи боша два  барои табобати Фаромуз бел чи лозим бошад.

         Ҳамин, тавр белро оварданд. Як бели тафсоне, ки суп-сурҳ гармиаш аз як метр ҳам ҳис карда мешавад. Мулло-Каҳор бошад ба Шаҳло амр намудааст, ки коре кунад, то Фаромузчон он бели тафсонро лесад. Беҳруз девона шуда, чанчолро бардоштааст.

         Ҳамин тавр баъд аз баҳсу мунозира миёни Беҳрузу Шаҳло ва Мулло-Каҳҳор, ба ҳулосае омадаанд, ки бели тафсонро акалан ҳамсари Беҳруз лесад.

 

Беҳрузи бечораро дар як ҳолати ногувор монда, рози шудааст, то Шаҳло белро лесад. Аввал белро Мулло-Каҳҳор лесидааст ва  ҳам газидааст. Беҳруз аҳамият додааст, ки агар чи бел сузону тафсон ҳам бошад, гармиаш аз як метр дури ҳис карда шавад ҳам ба мулло чизе нашудааст.  Ҳамин тавр, мулло ба Шаҳло гуфтааст, ки белро лесад. Шаҳло белро лесидааст, ягон ҳодиса руҳ надодааст.

Баъд аз лесидан Мулло-Каҳҳор, мисли шайтоне ки кори ҳарромаш барор мегирад, ҳурсанд шуд, тамом гуён, ба Беҳруз гуфтааст, ки Фаромуз шифо меёбад. Беҳруз як микдор маблагеро ба вай дода, аз ончо баромаданд. Ҳамин ҳел ба ҳона рафтанд. Рузи сиёҳи Беҳруз аз ҳамон руз огоз шудааст. Якум шаб завчааш нисфи шаб ҳеста доду фигони баланди номукарари задааст, шаби дигараш ҳамсараш нисфи сарашро тарошидааст, шаби дигараш ҳеста кариб, ки Фаромузчонро аз задан мекуштааст. Ҳамин, тавр ҳар шаб Шаҳло ягон ҳодисаро ба сар мебурдааст.

Беҳруз ба назди як бародараш, ки аз Куръону суннат боҳабар будааст мурочиат карда, ҳолати корро ба у гуфтааст. Рафики Беҳруз ба у ҳабар додааст, кори ҳато кардаанд, зеро Мулло-Каҳҳор чодугар ва душмани Алооҳу Куръону Расулаш (с.а.с.) мебошад. Ин Каҳҳор мулло не балки як шаҳси лаънатии пасти каллоб мебошад. Баъд аз ин Беҳруз ба назди як корманди миллитсияи шиносаш рафта, маслиҳат пурсидааст. Он милиса, бошад, ба Беҳруз гуфтааст, ки Мулло-Каҳҳорро мешиносад, шаҳсони баландпоя ба назди вай мераванд, то ки чодугари кунанд, кушоиши кор кунанд, аммо ягон кор карда наметавонад, зеро вайро аз боло кадоме «кришшоват» мекунад. Ҳамзамон ба Беҳруз тавсия додааст, то ки аз пайи Мулло-Каҳҳор нагардад, зеро ба ҳуд заррар мерасонад.

 

         Дар оҳири накл, Беҳруз ба ман назар карда, бо чашмони сурҳи беҳоби пур аз ашк гуфт, шояд як кордро гирифта шиками Мулло-Каҳҳорро чок кунам то, ки ҳам ману ҳам дигарон аз у заррар набинанд. Ман нафаҳмидам, ки ин нияти у буд, ё у аз ман суол кард ё маслиҳат пурсид. Аммо микроавтобуси раками ду омад, ман саросемавор ба Беҳруз як ду суҳани дилбардоркунанда гуфтаму савор шуда рафтам.

         Дар роҳ ҳуд ба ҳуд фикр кардам, чи шаҳси бечорае Беҳруз ва чи одами аҳмаке ин Мулло-Каҳҳори лаънати. Аммо саволе ба миён меояд, ки он «криша»-и ин лаънати ки бошад, ки ҳатто милиса аз он метарсад? Чаро каллобон «мулло-кирмаку» «шайҳ-темур» ва дигаронро дастгир мекунанду ин «Мулло-Каҳҳор»-и чодугарро не. Чаро олимони мо ба мисли Ҳочи Мирзо сари роҳи чунин сеҳру чодугарон намебароянд?

 

Муалиф: Насими Карим

Мулло-Каҳҳорри восеъгиро чаро дастгир намекунанд? ё Чодугари «кришадор»

 

Мулло-Каҳҳорри восеъгиро чаро дастгир намекунанд? ё Чодугари «кришадор»

 

 

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон