ҶОМАИ ДОМОДИИ ИБРОҲИМРО РӮИ ТОБУТАШ ПАРТОФТАНД...

Рӯзи 27 август дар деҳаи Тахти дараи Алмосии Ҳисор Иброҳим Давлатовро ба хок супурданд. Иброҳим, ки ҳамагӣ 21 сол дошт, рӯзи 23 август, ду ҳафта пеш аз тӯяш аз қабати 10-уми бинои навсохте дар Душанбе ба замин афтод ва субҳи 27 август дар бемористон ҷон дод. Хоҳарони Иброҳим гирёну нолон ҷомаи домодии бо сад ҳавасу орзу барои шаҳписари худ дӯхтаи модарашонро рӯи тобути ӯ партофтанд. Имрӯз дар Тахт аҷаб як маҳшаре буд...

 

Талоши табибони бемористони Қарияи Боло барои наҷоти Иброҳим Давлатов, сокини 21-солаи деҳаи Тахти ҷамоати Хонақоҳи кӯҳии Ҳисор натиҷа надод ва ин ҷавони аз сад гул як гулаш ҳам ношукуфта субҳи 27 август ба ин дунё падруд гуфт.

Иброҳим Давлатов рӯзи 23 август дар маҳаллаи Калинини Душанбе аз қабати даҳуми бинои навсохт сарозер шуда, ба рӯи тӯдаи хишт афтод ва ӯро дар ҳолати вазнин бо дасту пои шикаста ва хишти дар косахонаи сараш дармонда ба бемористон оварда буданд.

Аз қазо он рӯзе, ки Иброҳим дучори ин фалокат шуд, охирин рӯзи кораш дар он сохтмон буд. Иброҳим рӯзи 9 сентябр тӯйи домодӣ дошт ва дигар мехост ба ин муҳимтарин ҷашни зиндагиаш омодагӣ бигирад. Иброҳим бо як қалби моломоли орзуву ҳавас барои тӯяш алакай ҳофизу доирачиҳоро ҳам фармоиш дода буд ва бо аҳли хонавода ва дӯстонаш нақша мекашид, ки як тӯйи зебову хотирмон барпо кунад.

Бехабар аз он ки чархи фалак барояш сарнавишти комилан дигар ва хеле талхтар аз ончиро, ки ӯ орзу дошт, рақам задааст. Сарнавиште ки ин ҷавонро ба ҷои ҷомаи мунаққаши домодӣ кафани сафед пӯшонд ва дар чунин синни хеле ҷавон – 21-солагӣ – бо ҳама орзуву ҳама ҳавасҳояш зери хок бурд.

Ҳама бурданд орзу ба хок,

Хок дигар чӣ орзу дорад?

Онҳое ки дар маросими дафни Иброҳим Давлатов доштанд, мегӯянд, ки наздикони Иброҳим ашк дар ду бари рӯ гаҷҳоеро, ки дар бемористон ба дасту пои шикастааш баста шуданд, кушода, мурдаро шустанд ва сипас дар мазори деҳаи Тахт, ки дар канори хонаи онҳост, ба хок супурданд.

Падари Иброҳим зор-зор мегирист. Модараш ҳанӯз дар бемористон, вақте хабари марги шаҳписарашро шунид, аз ҳуш рафт ва дар бемористон бистарӣ шуд.

Хоҳарони Иброҳим ҷомаи мунаққаши домодиашро, ки модарашон бо сад ҳавасу орзу барои шаҳписари худ дӯхта буд, рӯи тобути додари ҷавонмарги худ партофтанд.

Аҷаб як маҳшаре буд имрӯз дар деҳаи Тахт...

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон