ДУШАНБЕИ МАХУФ: НУҚТАҲОИ ТАНФУРӮШӢ ДАР ХИЁБОНИ САЪДИИ ШЕРОЗӢ (АКС)

Бо расидани шаб дар пойтахти Тоҷикистон "басти корӣ”-и танфурӯшон оғоз мешавад. Занони танфурӯш дар қади роҳҳои асосии мошингард, тарабхонаҳову клубҳои шабона ва диско-клубҳо ба шикори муштарӣ мепардозанд. Як хонандаи "Ахбор” бо ирсоли як акс хабар дод, ки дар хиёбони Саъдии Шерозӣ аз корхонаи нассоҷӣ (текстил) то Сирки Тоҷик занони танфурӯш ҳар шаб дар 4-5 ҷо ҷамъ шуда, муштарӣ мепоянд.

Тартиби шикори танфурӯшон дар қад-қади хиёбони Саъдии Шерозӣ тақрибан ҳамсон аст. Онҳо чанднафарӣ дар як "точка” (нуқта) ҷамъ мешаванд ва мошинҳои раҳгузар, ки алакай кӣ будани онҳоро медонанд, дар наздашон истода, бо ягон зан қарордод мебанданд.

Нархи танфурӯшон вобаста ба чан омил – син, зебоӣ, хона барои мулоқот доштан ё надоштанаш фарқ мекунад. Муштариён мегӯянд, ин танфурӯшон агар дар аввали шаб нархро аз ҳаво қапида, 200 ё 300 сомонӣ талаб кунанд, баъди соате, агар харидор наёбанд, нархи худро то 100 сомонӣ ва ҳатто аз он ҳам поёнтар пойин мебаранд.

Сандуқи ҷаҳонии мубориза бо СПИД ва силу вараҷа ду сол пеш дар як гузоришаш шумори занони танфурӯш дар Тоҷикистонро 14 ҳазор нафар баршумурда буд. Аммо омори расмии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар теъдоди занони танфурӯшро дар давру бари ду ҳазор нафар рақам мезанад.

Мақомоти Тоҷикистон қаблан аз ҷавон шудани синни занони танфурӯш бонги изтироб баланд карда, мегуфтанд, дар байни танфурӯшон шумори ноболиғон рӯ ба афзоиш овардааст.

Раёсати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки танҳо дар як ҳафтаи гузашта дар ҷараёни рейдҳои мақомоти милиса дар пойтахт 20 занро бо иттиҳоми танфурӯшӣ дастгир кардаанд.

Хонандаи "Ахбор” мегӯяд, занони танфурӯше, ки дар хиёбони Саъдии Шерозӣ "точка” доранд, зоҳиран аз ин рейдҳо хабар доштанд, чунки чанд рӯз ба "кор” набаромаданд.

Нозирони умур бар инанд, ки шабакаҳои танфурӯшӣ дар мақомот ҳомиёни худро доранд ва дар ивази пул ва истифодаи занони фоҳиша барои анҷоми корҳои оперативӣ аз онҳо ва "бизнес”-и пурфоидаашон ҳимоят мекунанд.

Танфурӯшӣ як манбаи умдаи паҳн шудани бемориҳои сироятии ҷинсӣ, аз ҷумла ВИЧ/СПИД ва сифилис ба шумор меравад. Ахиран додгоҳ як зани танфурӯш аз ноҳияи Шаҳритӯсро, ки бо вуҷуди гирифтори ВИЧ/СПИД буданаш, ба ҳамхобагӣ бо мардони гуногун идома медод, ба як соли зиндон маҳкум кард.

Танфурӯшӣ дар Тоҷикистон ҷиноят дониста намешавад ва онҳое, ки бо ин ҷурм ба даст меафтанд, маъмулан барои "вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ” ҷарима баста шуда, барои ташхис ба марказҳои бемориҳои ҷинсӣ фиристода мешаванд.

Аммо қонунгузории Тоҷикистон барои "даллагӣ” ва ташкили фоҳишахона ҳамчун ҷазо аз ҷарима то 5 сол ҳукми зиндонро пешбинӣ мекунад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон