БАҲОДУР БОЗОРРО ОТАШ ЗАД, ТО АЗ ҚАРЗ ХАЛОС ШАВАД... (ВИДЕО)

Ба зидди Баҳодур Раҳимов, сокини 33-солаи деҳаи Навободи Кӯлоб бар асоси моддаи 255-уми Кодекси ҷиноятӣ бо иттиҳоми қасдан оташ задани анбори бозори марказии шаҳри Кӯлоб парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. ВКД мегӯяд, Баҳодур Раҳимов барои халосӣ аз қарзҳояш шаби 14 ба 15 август дар 4 зарф 80 литр бензин оварда, анборро оташ задааст. Дар натиҷа ҳарду пои худи Раҳимов сӯхта, ӯ ба ду соҳибкори дигар 113700 сомонӣ зарар расондааст.

Маркази матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар нашри навбатии барномаи телевизионии "Сипар – Ахбори ВКД” ҷузъиёти парвандаи қасдан оташ задани анбори яклухтфурӯшии маводи ғизоӣ дар бозори марказии шаҳри Кӯлобро шарҳ дод.

Бино ба ин гузориш, дар ҷарвёни тафтиши сӯхтор маълум шуд, ки ин ҳодисаи тасодуфӣ набуда, анборро қасдан оташ задаанд.

Ба зидди мудири ин анбор Баҳодур Раҳимов, сокини 33-солаи деҳаи Навобод бар асоси моддаи 255-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки ғайр бо роҳи оташзанӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

Сӯхтори шаби 14 ба 15 август дар бахши яклухтфурӯшии маводи ғизоии бозори марказии шаҳри Кӯлоб дар масоҳати 64 метри мураббаъ рух дода, бар асари он миқдори бузурги маводи хӯрока нобуд шуда, боми анборҳо низ хароб шуданд. Ин анборҳо ба худи Баҳодур Раҳимов ва ҳамчунин ба Ғуломов Абдусаттор ва Шарипов Баҳодур тааллуқ доштанд. Он ду соҳибкор бар асари ин сӯхтор ба маблағи 113 ҳазору 700 сомонӣ зарар дидаанд.

Маълум шудааст, ки Баҳодур Раҳимов, ки дар бозор аз ҳисоби фурӯши маҳсулоти ғизоӣ тиҷорат мекард, зери бори гарони қарз монда, бо ҳамин роҳи оташ задани анбор хостааст, ки худро аз қарз халос карда ва аз рақибонаш дар бозор интиқом бигирад.

Ӯ шаби 14 ба 15 август аз як нуқтаи фурӯши маводи сӯхт дар ноҳияи бо Кӯлоб ҳамсояи Восеъ дар 4 зарфи пластикӣ 80 литр бензин харида, ба бозор меорад ва дар анборҳо рехта, онҳоро оташ мезанад. Бар асари сӯхтор пойҳои худи Баҳодур Раҳимов низ сӯхтаанд ва ӯро аз бемористон барои бозпурсӣ ба шуъбаи милиса меоранд.

Дар барномаи "Сипар” Баҳодур Раҳимов эътироф кард, ки анборро ӯ худаш қасдан сӯзондааст: "Зарари ҷисмонӣ дидам. Ҳар ду поям кам-камак сӯхт. Маро барои баёнотгирӣ оварданд ва ман гуфтам, ки бале, ҳамин корро ман худам кардам. Ман аз кори кардаам пушаймон шудам.”

Ба Баҳодур Раҳимов бар асоси моддаи 255-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки ғайр бо роҳи оташзанӣ ҳамчун ҷазо аз ҷарима ба маблағи аз 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда = 50 сомонӣ) ваё аз 2 то 5 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

 

Ӯ фикр дошт, ки агар анборашро оташ бизанад, дили қарздиҳандагон месӯзад ва як қисми қарзашро мебахшанд. Баҳодур Раҳимов бояд акнун нафақат қарзҳояшро баргардонад, балки зарари расонда ба соҳибони ду анбори ҳамсояро низ ҷуброн кунад.


 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон