"Ҳодисаи Данғара сафи сайёҳонро кам накард" ВИДЕО

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ҳодисаи ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар Данғара, ба раванди сафари ҷаҳонгардон ба Тоҷикистон таъсир надошт ва пас аз ин рӯйдод шумораи онҳо кам нашудааст.

Луис аз қасдаш нагашт ва ба Тоҷикистон омад

Замоне ки ҳамла ба гардишгарони хориҷӣ дар Данғара иттифоқ афтод, Луис дар Испания тарҳи сафар ба Тоҷикистон ва ҷаҳонгардӣ бо дучархаро дар ин кишвар мекашид.

Кумитаи сайёҳӣ мегӯяд, имсол ба Тоҷикистон беш аз 900 ҳазор сайёҳ ворид шудааст ва пас аз ҳодисаи Данғара шумораи онҳо коҳиш наёфтааст.

Луис рӯзи 22-юми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ду ҳафта аст, ки дар Душанбе мебошад ва қабл аз фоҷиа бо сайёҳон билети роҳро харида буд. Ин ҳодиса барномаи сафари ӯро ба Тоҷикистон тағйир надод. "Ман, албатта, мутаассифам, аммо бовар дорам, ки дигар ин гуна ҳодисаҳо дар ин ҷо рух намедиҳад", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Таҳлилгарони амрикоӣ низ ба ҳамин ақидаанд, ки бо як ҳодисаи ҳамла ба сайёҳон, намешавад Тоҷикистонро кишвари ноамн барои сайёҳӣ унвон кард. Зеро ба қавли онҳо, аксари амрикоиҳое, ки қабл аз ин ҳодиса Тоҷикистонро барои сайёҳат интихоб карда буданд, аз раъйи худ нагаштанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

 

"Дудила будам"

Вале Ҷефф Кейт, кӯҳнавард ва сайёҳи бритониёиро хабари фоҷиа бо сайёҳон дар Тоҷикистон барои сафар ба ин кишвар дудила карда буд. Ӯ гуфт, азбаски роҳхати сафар ва билети роҳро харида буд, нахост сафарашро лағв кунад.

Клейм Дексон, сайёҳи бритониёӣ.
Клейм Дексон, сайёҳи бритониёӣ.

Клейм Дексон, сайёҳи дигари инглис, ки тақрибан даҳ рӯз боз дар Тоҷикистон будааст, гуфт, фикр намекунад, дар ин кишвар амнияташ таъмин набошад, зеро тайи ин муддат ҳатто андешае барои нороҳат кардани ӯ пеш наомадааст.

Ба бовари ин сайёҳи бритониёӣ, "ин ҳодисаи ангуштшумор барои Тоҷикистон аст ва ҳеҷ таъсир ба сафари ман нагузошт. Чунки ин ҳодиса дар тамоми дунё рух доданаш мумкин аст. Агар вақти маргат расида бошад, ҳатто дар дохили мошини худат ҳам дар садама мемирӣ."

Назарсанҷӣ: "Чунин ҳодиса метавонад дар Аврупо ҳам рух диҳад"

Ширкати сайёҳии "Роҳат тур", ки анҷоми сафари гардишгарон аз Русия ва Аврупо ба Тоҷикистонро таҳия мекунанд, пас аз ҳодисаи Данғара дар миёни хоҳишмандони сафар ба Тоҷикистон назарсанҷӣ анҷом додааст.

Нигина Шералиева, муовини раиси ширкати сайёҳии "Роҳат тур" мегӯяд, пурсидашудаҳо посух доданд, ҳодисае, ки дар Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст, метавонад ҳатто дар ҳар кишвари аврупоӣ рух диҳад ва ҳеҷ кас аз чунин ҳодиса эмин нест.

Ширкати "Роҳат тур" мегӯяд, қабл аз ҳодисаи Данғара дар моҳ ба сайёҳати ду гурӯҳи сайёҳон дар Тоҷикистон мусоидат мекарданд ва ҳоло низ ин шумора кам нашудааст. Ба қавли онҳо, таъсиси пулиси сайёҳӣ эътимоди сайёҳонро ба амнияташон дар Тоҷикистон бештар кардааст.

Нигина Шералиева, муовини раиси ширкати сайёҳии "Роҳат тур" дар идома гуфт, ки миёни онҳо ва пулиси сайёҳӣ телефони боварӣ ҳаст, ки онҳоро аз нақшаи хатти сафари сайёҳон огаҳ мекунанд. "Онҳо кормандони минтақавии милисаро огаҳ мекунанд, ки дар фалон соат сайёҳон ба он минтақаашон мегузарад. Пулис бо ин манзур амниятро дар роҳи харитаи сафари сайёҳон таъмин мекунанд. Худи сайёҳон аз ин огаҳ намешаванд, вале амнияташон таъмин аст",-афзуд Нигина Шералиева.

Пулис амнияти сайёҳонро таъмин мекунад

Ширкатҳои сайёҳӣ агар барои таъмини амнияти шабонарӯзии сайёҳонашон аз хадамоти пулиси сайёҳи истифода карданӣ бошад, барои кирояи як пулис дар шабонарӯз ба ғайр аз ғизо, бояд 250 сомонӣ пардозад.

Аксари ширкатҳои сайёҳӣ мегӯянд, ҳанӯз аз ин хидматрасонӣ истифода накардаанд ва дар шароити феълӣ барои амнияти кишвар он қадар беэътимод нестанд, ки барои ҳар гурӯҳи сайёҳон аз ҳисоби пулис кормандеро ҷиҳати таъмини амният кироя кунанд.

Мақомоти Кумитаи сайёҳӣ мегӯянд, соли ҷорӣ ба Тоҷикистон бештар аз 900 ҳазор сайёҳ ворид шудааст ва пас ҳодисаи ахир дар Данғара шумораи онҳо коҳиш наёфтааст. Ва ин кумитаи тахмин мезанад, ки то охири соли ҷорӣ хеле бештар аз 1 миллион сайёҳ Тоҷикистонро тамошо хоҳад кард.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон