СИРРИ ИШҚИ БЕГ САБУР БА РАДИОИ “ОЗОДӢ”: ФЕЙСБУК БАСТА, “АХБОР” БАСТА, “ОЗОДӢ” ВА “ХОВАР” – БОЗ

Pадиои "Озодӣ” бори дигар минбари таблиғотии ҳукумати Тоҷикистон буданашро ошкор кард. Хадамоти алоқа аз рӯзи 22 август дастрасӣ ба Фейсбук ва расонаҳои хабариро масдуд кард, вале сомонаҳои ҳукуматӣ, матбуоти зард "Оила” ва ... радиои "Озодӣ” дар Тоҷикистон озодона кушода мешаванд. Файзинисо Воҳидова инро аломати "ишқи Бег Сабур ба радиои "Озодӣ” номида, Саймуддин Дӯстов навиштааст, ки ҳукумат "Ховар”-ро шояд бубандад, вале "Озодӣ”-ро, ки дигар аз худаш шудааст, ҳеҷ гоҳ намебандад.

Корбарони зиёде аз Тоҷикистон шикоят доранд, ки аз рӯзи 22 август ба ин тараф наметавонанд ба шабакаи Фейсбук озодона ворид шаванд. Ҳамин тавр, ба гуфтаи онҳо, Хадамоти алоқаи Бег Сабур дастрасӣ ба сомонаҳои иттилоотӣ, аз ҷумла ба "Ахбор”, "Азия Плюс”, "СССР” ва даҳҳо сомонаи дигарро чунон масдуд кардааст, ки дигар ҳатто бо прокси-серверҳое, назири ВПН наметавонанд ба ин сомонаҳо ворид шаванд.

Дар айни замон сомонаҳои тафреҳии ғайрисиёсӣ, ба мисли "Оила”, сомонаҳои ҳукуматӣ ва сомонаҳои радиои "Озодӣ” дар Тоҷикистон озодона боз мешаванд.

Дар миёни сомонаҳои мақбули Бег Сабур афтодани радиои "Озодӣ”, ки аз ҷониби Конгресси Амрико маблағгузорӣ мешавад, касеро ҳайратзада накард.

Саймуддин Дӯстов, таҳлилгари шинохтаи тоҷик ҳанӯз қабл аз ин тасмими ахири Бег Сабур навишта буд, ки ҳукумат шояд ҳатто сомонаи "Ховар”-ро бубандад, вале сомонаҳои "Озодӣ”-ро, ки кайҳо аз худаш шудаву ба як минбари таблиғотии ҳукумати имрӯза табдил ёфтааст, ҳеҷ гоҳ намебандад.

Ҳуқуқдони тоҷик Файзинисо Воҳидова дар байни сомонаҳои мақбули ҳукумат ҷой ёфтани радиои "Озодӣ”-ро бо истеҳзо аломати ишқи Бег Сабур ба ин радио номидааст:

Мужда!!!! Бегако ошиқ шудааст! Тишшшшш. Янга нафаҳмад, ки талоқаш медихад. Бегако ошиқи Радиои Озодӣ! Мехоҳед сирри ошиқиро фаҳмед?
Бегако тамоми сомонашои иттилоотӣ, расонаҳо, ҳатто ФБ- ро баста, танҳо Радиои Озодиро боз мондаст. Ба тамоми дигар расонаҳо ва шабакаҳои интернетӣ бойкот эълон кардааст. Чунки онҳо мисли РО зебо нестанд!))

Дастрасӣ ба Фейсбук ва сомонаҳои иттилоотӣ дар Тоҷикистон рӯзи 22 август, дар пайи дар ин шабака ва сомонаҳо нашр шудани изҳорот ва видеои Маҳмадалӣ Расулов масдуд шуд. Маҳмадалӣ Расулов, ки худро афсари КДАМ муаррифӣ мекунад, дар изҳороташ гуфт, мақомот нақшаи куштани роҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабириро рӯи даст доранд ва ӯ ба ин далел ки намехоҳад дар ин куштор иштирок кунад, корро дар КДАМ қатъ мекунад.

Радиои "Озодӣ” бо вуҷуди интиқодҳои зиёд дар бораи изҳороти Расулов чизе надод ва бо ин, ба таъбири Воҳидова, "ишқ”-ашро дар қалби мақомот боз ҳам қавитар кард.

Радиои "Озодӣ” дар солҳои охир ба як расонаи ошкоро рӯ ба ҳукумат табдил ёфта, аз пайгирии масоили доғ ва барои мақомоти Тоҷикистон нохушоянд парҳез мекунад.

Видеои Маҳмадалӣ Расуловро, ки сабаби бастани Фейсбук ва сомонаҳои хабарӣ дар Тоҷикистон шуд, метавонед инҷо тамошо кунед:

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон