БОЗДОШТИ РИШДОРҲО БАЪДИ НАМОЗИ ИД ДАР МАСҶИДИ ОБИГАРМ

Масҷиди Оби Гарм

Субҳи 21 август кормандони милиса баъди намоизи ид дар масҷиди ҷомеи шаҳраки Оби Гарм, ки масҷиди марказии шаҳри Роғун ба шумор меравад, чанд ҷавони ришдорро дастгир кардаанд. Кормандони милиса ҳамчунин ҷавонеро, ки лаҳзаи боздошти намозгузорони ришдорро бо телефонаш навор мегирифт, дастгир карда, бо худ бурдаанд.

Хонандагони сомонаи "Ахбор” хабар доданд, ки субҳи 21 август баъди намози ид дар назди масҷиди ҷомеи шаҳраки Оби Гарм аз ҷониби кормандони милиса амалиёти боздошти намозгузорони ришдор сурат гирифтааст.

Як ҳамсӯҳбати "Ахбор” гуфт, баъди боздошти чанд ҷавони ришдор бақия роҳи гурезро пеш гирифтанд ваё худро дар байни издиҳом пинҳон мекарданд. Ҳамсӯҳбати мо гуфт, азбаски ӯ ҳам риши кӯтоҳ дошт, худро дар байни мардум пинҳон кард, то ба даст наафтад.

Як ҷавон мехост бо телефонаш лаҳзаи боздошти ришдоронро ба навор бигирад, вале кормандони милиса ӯро ҳам дастгир карда, ба мошини худ бор кардаанд.

 

"Аз байни намозгузорон мардони ҷавонеро "гулчин” мекарданд, ки риши дарозтар, ё ба қавли дигар, "шубҳанок” доштанд. Ба мардони миёнасолу пиронсол кор надоштанд, асосан ҷавононро "гулчин” мекарданд,” – мегӯянд ҳамсӯҳбатони "Ахбор.”

 

Амалиёти боздошти ҷавонони ришдор дар назди масҷиди Оби Гарм ҳамагӣ чанд дақиқа давом карда, кормандони милиса баъди пур кардани мошинҳояшон боздоштшудаҳоро бо худ бурдаанд. Дар бораи сарнавишти баъдиионҳо маълумоте дастрас нест.

Риш мондани мардум, бахусус ҷавононро мақомоти Тоҷикистон ҳамчун аломати гароиши онҳо ба равияҳои ғайрисуннатӣ ва ҳатто ба гуруҳҳои иртиҷоиву ифротӣ мешуморанд.

Ҳарчанд мақомот маъракаҳои иҷборан тарошидани риши мардумро рад мекунанд, вале дар солҳои гузашта шикоятҳои фаровоне дар бораи боздошт ва маҷбуран тарошидани риши мардони ришдор ба даст мерасид.

Сардори собиқи раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон дар як нишасташ эътироф карда буд, ки дар соли 2016 дар ин вилоят риши 12800 мардро "ба тартиб овардаанд.” Баъди сару садои зиёд пайдо кардани ин изҳорот ӯ гуфт, ки сухан дар бораи корҳои фаҳмондадиҳӣ меравад, на маҷбуран тарошидани риши мардум.

Ҳамин тавр, сардори собиқи милисаи шаҳри Панҷакент тавсиф карда буд, ки занони сокини ин минтақа аз онҳо барои тарошидани риши шавҳаронаш миннатдоранд ва мегӯянд, "раҳмат ба милиса, ки риши инҳоро тарошиду мо билохира чеҳраи аслиашонро дидем.”

Дар моҳи августи соли 2015 масъалаи муборизаи мақомоти Тоҷикистон бо ришдорон бори дигар дар пасманзари қазияи боздошт ва бар асари латукӯби кормандони милиса ҳалок шудани сокини ҷавони шаҳри Ваҳдат Умар Бобоҷонов дар сархатти хабарҳо қарор гирифт. Умар Бобоҷоновро, ки дар Русия таҳсил мекард ва дар вақти таътил ба Тоҷикистон омада буд, кормандони милиса барои ришаш дастгир карданд. Ӯ баъди чанд рӯз бар асари захмҳои дар натиҷаи латукӯб бардоштааш дар бемористон вафот кард.

Марги Умар Бобоҷонов мавҷи вокунишҳои манфиро ба бор овард, вале дар аввали моҳи сентбяри соли 2015 ин ҳодиса дар сояи ошӯби мусаллаҳонаи генерал Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим монд ва дигар таҳқиқ нашуд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон