РАШК Ё РӮЙХАТИ СИЁҲ? ЧАРО ҶӮРАБЕК МУРОДОВ ВА ДАЛЕР НАЗАРОВ ДАР КОНСЕРТИ ТОШКАНД НАБУДАНД? (ВИДЕО)

Сурудҳое, ки Ҷӯрабек Муродов бо Шералӣ Ҷӯраев ва Далер Назаров бо Юлдуз Усмонова якҷоя месароиданд, кайҳост, ки ба таронаҳои дӯстдоштаи ду миллат бадал гаштаанд. Аммо Шералӣ ва Юлдуз бе дӯстони тоҷики худ ба саҳна омаданд...

Наметавонед Ҷӯрабеке дигар ва Далере нав бисозед. Пас чаро пеши роҳи онҳоро мебандед?!

 

Додоҷон АТОВУЛЛОЕВ

Р а ш к ё рӯйхати сиёҳ?!

 

Дар консерте, ки бо иштироки аҳли ҳунари Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар Тошканд баргузор гардид ва онро шояд на кам аз 10 миллион кас тамошо кард, интизор доштам, ки Ҷӯрабек Муродов ва Далер Назаров ширкат меварзанд.

Шаходат медиҳам: ин ду овозхони тоҷик дар Ӯзбекистон аз ҳама машҳур ва маҳбубанд. Дар базмҳои хоса, тӯйҳо, тарабхонаҳои Ӯзбекистон ҳамеша сурудҳои онон садо медиханд. Ба онон тақлид мекунанд, офаридаҳои онҳоро даҳҳо овозхонони кишвари ҳамсоя месароянд, ҳатто тифлакон. Дар Самарқанду Бухорову Тошканд ин ҳамаро бо чашмони худ дидаам ва ифтихор кардаам...

Сурудҳое, ки Ҷӯрабек Муродов бо Шералӣ Ҷӯраев ва Далер Назаров бо Юлдуз Усмонова якҷоя месароиданд, кайҳост, ки ба таронаҳои дӯстдоштаи ду миллат бадал гаштаанд. Аммо Шералӣ ва Юлдуз бе дӯстони тоҷики худ ба саҳна омаданд.

Ҳамаи ҳукуматдорон дӯст медоранд, ки аз имиҷу эътибори ватан ҳарф зананд. Аммо борҳо дидаем, ки худашон боиси хиҷолат ва сарафкандагии миллат ва давлат мегарданд.

Наметавонед Ҷӯрабеке дигар ва Далере нав бисозед. Пас чаро пеши роҳи онҳоро мебандед?!

 

Аз "Ахбор”: Моҳи март дар консерти "Шоми дӯстӣ” дар Душанбе ба шарафи боздиди Шавкат Мирзиёев низ Ҷӯрабек Муродов даъват нашуда буд, вале бо исрори Шералӣ Ҷӯраев ӯро дар охирин лаҳза ба рӯйхат ворид карданд. Ва таронаи "Замон замони мост”-и ин ду устоди ҳунари тоҷику ӯзбек яке аз пурсарусадотарин таронаҳои садодода дар он консерт шуд.

  

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон