ДАСТУРХОНИ ИДОНА АЗ ЯКУНИМ БА ЯКУНИМ КАЛОН НАБОШАД? ШАРҲИ КУМИТАИ ДИН

Кумитаи дин ва танзими ҷашну маъракаҳои Тоҷикистон хабарҳои нашршуда дар бораи 5 ҳазор сомонӣ ҷарима бастани мардум барои оростани дастурхони андозааш аз 1,50х1,50 метр бузургтар дар иди Қурбонро рад мекунад. Намояндаи расмии Кумитаи дин ба сомонаи "Ахбор” гуфт, масъулони ин Кумита метавонанд танҳо ба чӣ андоза пурхарҷ будани нозу неъмати рӯи дастурхон эрод бигиранд, аммо на ба андозаи дастурхон.

Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон дар сӯҳбат бо сомонаи "Ахбор” гуфт, дар мавриди таҷлили иди Қурбон ягон меъёр дар бобати андозаи дастурхони идонаи мардум вуҷуд надорад. Ӯ гузоришҳои нашршуда дар бораи гӯё манъ шудани дастурхони қаду бараш аз якуним метр бузургтарро беасос хонд ва гуфт, зоҳиран касе дар ин бобат шӯхӣ кардааст.

Афшин Муқим гуфт:"Ҷои шак нест, ки мардуми мо мардуми меҳмондӯсту дастурхондоранд. Гап аслан сари манъи дастурхондориву дастурхонороӣ намеравад. Гап дар сари он аст, ки дар чанд соли охир дар роҳи оростани дастурхонҳо дар арафаи ид мардуми мо аз ҳад зиёд ба исрофу зиёдаравӣ роҳ доданд ва маҳз бо пешниҳоди худи мардум соли гузашта дар доираи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” меъёри манъи оростани дастурхонҳои пурдабдаба ба қонун роҳ ёфт. Аммо вақте суол дар мавриди ҳаҷми дастурхон меравад, як нукта қобили ишора аст, ки чунин меъёр дар матни Қонун ва тафсири он навишта нашудааст. Аз ин лиҳоз, тавсияи мақоми ваколатдор ин аст, ки мардум бояд дар оростани дастурхони идона аз меваҷоти ватанӣ, нӯшобаҳо ва хӯришҳои маҳсули дасти бонувон истифода кунанду аз гузоштани анвои пурқимати маҳсулот, аз қабили шириниҳои гаронарзиш ва амсоли он худдорӣ варзанд.

Ахиран хабаргузории "Азия Плюс” аз қавли мақомоти Кумитаи дин хабар дод, ки дар иди Қурбон мардум ҳақ надорад, дастурхони аз 1,50 ба 1,50 метр бузургтар биорояд, вагарна онҳоро бар асоси қонуни танзим метавонанд то 5 ҳазор сомонӣ ҷарима банданд.

Афшин Муқим мегӯяд, дар ҳақиқат дар рӯзҳои ид баргузории рейдҳо мунтахаб ба хонаҳои мардум дар назар дошта шудааст, вале дар ҷараёни ин рейдҳо на андозаи дастурхони мардум, балки то чӣ андоза пурхарҷ ороста шуданаш тафтиш хоҳад шуд.

Сухангӯи Кумитаи дин мегӯяд: "Ҳадаф пешгирӣ аз исрофкорист, вақте мардум ин ҳадафро дарк мекунад, шояд дигар ба сару садоҳои иловагӣ ҳоҷат намемонад ва дар бораи андозаи дастурхон гап задан ҳам шояд ба иззати нафси мардум расад. Дар матбуот ҳам ин мавзӯъ набояд ба он тарзе инъикос ёбад, ки гӯё мардум бори аввал дастурхон мегустарад ва мақомот гӯё андозаи дастурхони онҳоро муайян мекунад. Ин тавр нест. Зеро ҳадафи ин меъёри Қонун дар тафсири он мушаххасан баён гардидааст, ки талаботи қисми 4 моддаи 7 дар хусуси дар рўзҳои идҳои Рамазон ва Қурбон оростани дастурхони маънавӣ ва камхарҷи идона барои ба исрофкорию зиёдаравӣ роҳ надодан равона гаштаанд. Моҳияти масъала аз он иборат аст, ки дар рўзҳои ҷашнгирии идҳои Рамазон ва Қурбон хароҷоти зиёд накарда, танҳо дастурхони хоксорона ороста, бештар ба тарафи маънавии ин идҳо аҳамият дода шавад.

Аммо як меъёри мушаххасе дар мавриди бо чӣ оростан ва бо чӣ наоростани дастурхони идона ҳанӯз вуҷуд надорад ва зоҳиран ташхиси инки дастурхони ин ё он нафар хоксорона ваё ба истилоҳи мақомот, "маънавӣ” аст ё пурхарҷ, ба инсофи тафтишгарон бастагӣ хоҳад дошт.

Бо қарори Шӯрои уламо, имсол иди Қурбонро дар Тоҷикистон рӯзи 21 август таҷлил мекунанд.

Соли гузашта, ки иди Қурбон ба рӯзи 1 сентябр рост омад, вазорати маориф бо баҳонаи Рӯзи дониш рӯзи идро рӯзи дарс эълон карда буд.

Ин дар ҳолест ки идҳои Рамазон ва Қурбон дар қонуни рӯзҳои иди Тоҷикистон рӯзи таътил эълон шудаанд. Дар Ӯзбекистон, барои мисол, бо фармони президент имсол ба муносибати иди Қурбон се рӯзи таътил эълон шуд ва мардум дар ин кишвари ҳамсоя иди Қурбонро се рӯз – аз 21 то 23 август таҷлил хоҳанд кард.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон