ҚАРЗИ ФАРЗАНДӢ: ТАШРИФ ХАЛИЛОВ ДАР ХИДМАТИ ПАДАР

Як акси ҳунарманди шинохтаи тоҷик Ташриф Халилов, ки падари маризаш дар пуштора илтимоси дуо кардааст, мавҷи аҳсану офарин ба ин ҳунарманд барои меҳру муҳаббати фарзандиаш ва сели дуоҳо дар ҳаққи падари ӯро ба бор овард. Акси Ташрифи падар дар пуштораашро фақат дар гуруҳи "Ахбор барои афкор”-и Фейсбук беш аз 1200 нафар "лайк” гузошта, садҳо нафар барои шифои ин падари бузургвор даст ба дуо кушодаанд.

Ҳунарманди шинохта ва ҳамеша ханда дар лаб Ташриф Халилов боз бо як амали худ – намоиши меҳру муҳаббати фарзандӣ ба падари маризаш – ҳамаро ба ваҷд овард.

Акси ӯро дар ҳолате ки падарашро пуштора кардааст, Зулфиқор Саидаминӣ дар гуруҳи

АХБОР БАРОИ АФКОР/ ИНФОРМАЦИЯ ДЛЯ РАЗМЫШЛЕНИЯ дар шабакаи Фейсбук нашр кард.

Зулфиқор Саидаминӣ дар шарҳи ин акс навиштааст:

#Як_намуна_аз_Ташриф_Халил ов
Падараш бемор шуданд, дуо талаб кардаст.

 

Беш аз 1200 нафар зери ин акс тугмаи лайкро зер карда, садҳо нафар аз даргоҳи Худованд барои падари Ташриф шифои комилу оҷил хостаанд.

Ва бисёриҳо офарин ба чунин фарзанд хондаанд, ки бо вуҷуди ин ҳама шӯҳрати баланд худро дар пеши Падари худ фарзанди хидматгоре беш намедонад ва дар роҳи адои қарзи фарзандиаш ҳатто омода аст, падарро пуштора кунад.

Зиҳӣ чунин падар барои тарбияи чунин фарзанд!

Ва зиҳӣ чунин фарзанд, ки дар хидмати падар чунин камари ҳиммат бастааст!

Дар воқеъ, намунаест лоиқи ибрат ва пайравӣ барои ҳар тоҷик!

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон