АЗ ИН ПОИНТАР ТАНҲО ГАДОИСТ! РЕПОРТАЖ АЗ БОЗОРИ МАРДИКОРЗАНОН ( 8 АКС)

Аламовар аст, вақте миллати ман бо исми мардикор ёд мешавад.Аламовартар ин аст, ки онҳо мардикориро тақдиру қисмат ва барои худ як навъ меъёр медонанд... Шоядам барои мардон ин дар ҳақиқат тақдиру қисмат ва ҳам "меъёр” бошад, аммо "занони мардикор” зинаи охирини нузули миллат аст ва аз ин поинтар танҳо гадоист.

 

АЗ ИН ПОИНТАР ТАНҲО ГАДОИСТ!

(Ё "бозори мардикорзанон” дар Бохтар ба чӣ далолат мекунад?)

Абдуллоҳ Ғурбатӣ,

Мактаби журналистии ТҶ "Хома” дар Кӯлоб

Аламовар аст, вақте миллати ман бо исми мардикор ёд мешавад.Аламовартар ин аст, ки онҳо мардикориро тақдиру қисмат ва барои худ як навъ меъёр медонанд. Ҳамин андеша боис шуда, ки мардҳомон як умр думболи мардикориро сар намедиҳанд. Насли ҷавон ба пайравӣ аз ин андеша ояндаи худро дар мардикорӣ мебинанд, ва орзуҳояшро ба ҳамин "меъёр” мувофиқ мекунад. Пирони ин миллат ку дар мардикорӣ "сар сафед кардаанд” ва эстафетаро "бо тантана” ба насли наврас додаанд, имрӯз кӯдаконеро мебинем, ки мекӯшанд мардикор бошанд, ё аллакай мардикорӣ мекунанд. Гӯиё ҳамагӣ дар банди як эпидемияи саросарии мардикорӣ гирифтор гаштаем ва бадтар аз ин, роҳе барои раҳоӣ аз ин "вабо” намеҷӯем. Шоядам барои мардон ин дар ҳақиқат тақдиру қисмат ва ҳам "меъёр” бошад, аммо "занони мардикор” зинаи охирини нузули миллат аст ва аз ин поинтар танҳо гадоист.

Хабари пайдо шудани бозори "занони мардикор” дар Бохтар бароям ончунон бовар накаранӣ буд, ки ҳама корро канор гузоштаму ба онҷо шитофтам. Хостам, агар чунин бозоре онҷо бошад,бо он занон ҳамсӯҳбат шаваму бипурсам: "охир чаро?”
Аслан истилоҳи "мардикорбозор” барои ифодаи ин макон иштибоҳ аст, зеро дар ин "бозори меҳнат” аслан занон барои дарёфти кор меоянд. Аммо аз ин ки дар матбуоти давриву шабакаҳои иҷтимоӣ ин маконро "бозори мардикорзанон” ва бошандагони онро "мардикорбонувон” ном мебаранд, ин истилоҳ бо вуҷуди гӯшхарош ва нангин будан, дар захираи луғавии мардум роҳ ёфтааст.

Соат панҷи субҳ аст. Шояд хелеҳо ҳанӯз аз хоб нахестаанд, аммо ин занон на танҳо аллакай бедоранд, балки худро ба "мардикорбозор” расондаанд, то шонси имрӯзаашонро барои пайдо кардани рӯзии хона имтиҳон кунанд.

Рафтам ва дидам, ки ҳамарӯза садҳо зани минтақаи Бохтари вилояти Хатлон аз набуди ҷои кор назди терминали мусофирбари шаҳри Бохтар (мардум "мардикорбозораш” мегӯяд) интизори корфармо мешаванд, то шояд касе онҳоро ба кор даъват кунаду аз ҳамин роҳ музди рӯзонаашонро дарёфт намоянд.

"Мардикорӣ барои зан нест, аммо мо имрӯз маҷбурем кор кунем”- мегӯяд ҳамсӯҳбати ман Бибигул Каримова, "Албатта барои як зан ин кор душвор аст, вале ман чор фарзанд дорам, шароити зиндагиям вазнин аст, рӯзам намегузарад. Аз ин хотир, мардикорбозор миёям, то рӯзии фарзандонамро пайдо кунам. Таъминоти зиндагӣ танҳо барои мард душвор шудааст. Интизор бояд шуд, ки ӯ кай маош мегираду рӯзгори хонаро таъмин мекунад.

...Мошини зоҳиран корфармо як кам дуртар ист мекунад ва даҳҳо занони мунтазир ба тарафи ӯ медаванд, то аввалин шуда, корро соҳиб шаванд. Ин занон омодаанд барои камтарин маблағ рӯз то шом кор кунанд, зеро ба гуфти худашон ин ягона роҳи пайдо намудани рӯзгорашон аст. Дар баробари рӯбучин ва тоза намудани хонаҳо, инчунин корҳои душвори мардонаро низ анҷом медиҳанд.

Бибигул Каримова мегӯяд, ки онҳо омодаанд барои 25-30 сомонӣ корҳои мардонаро низ анҷом диҳанд, яъне алаф дарав кунанд, хишт бор намоянд..."Охир маҷбурем ин корҳоро анҷом диҳем” бо алам ва маъюсона гуфт ӯ.

Аммо пешниҳоди кор аз ҷониби корфармоён дар ин бозори занонаи меҳнат аз талаботи "занони коргар” камтар будааст. Аз ин рӯ, шуморе аз ин бонувон бекор ва ҳамин тавр бе дастмузди имрӯза ба хона бармегарданд. Баъзеи онҳо, мисоли ҳамсӯҳбати мо ба хонаи иҷорааш меравад. Раҷабгул Бобоева занест, ки бо панҷ фарзандаш дар хонаи иҷора ба сар мебарад. Мегӯяд, ба ҷабру ситами шавҳари майхорааш тоқат накарду аз хона баромад. Ҳоло ҳамроҳи писар ва духтари калониаш дар "бозори меҳнати занон” паи ризқӯ рӯзи овораанд:

-Шавҳарам фарзандонамро мезад, аз ҷабру ситами зиёд маҷбур шудам, ки аз хона баромада, дар хонаи иҷора зиндагӣ кунам. Ҳар рӯз аз соати панҷи субҳ то панҷи бегоҳ кор мекунаму нон харида, бо ҳамроҳии фарзандонам дар об тар карда мехӯрем. Албатта душвор аст, аммо барои нони ҳалол маҷбурам меҳнат кунам, -мегӯяд апаи Раҷабгул.

Ин зан шиква аз он дорад, ки муроҷиатҳои бепоёнаш ба идораи шуғли аҳолӣ ҷиҳати пайдо намудани кор ҳич натиҷа надодааст. Ба гуфти ӯ, намояндагон аз Бохтар ва ҳатто Душанбе омада, барояшон ваъдаи кори доимӣ додаанд, аммо то имрӯз хабаре аз онҳо дарёфт накардаанд:

- Аз Душанбе омада буданд, аз Бохтар ҳам. Аз шароити сахти зиндагиямон нақл кардем. Онҳо гуфтанд, ки ҳар кадоми моро соҳиби ҷои кор мекунанд, номнавис карда, рафтанду ягон натиҷа нашуд.

Дар ҳамин ҳол, дар маълумотномаи Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Хатлон омадааст, ки "дар шаш моҳи соли равон ба шуъба ва бахшҳои ин ниҳод беш аз 22 ҳазор нафар муроҷиат карданд, ки аз ин шумора 18 ҳазору панҷсад нафар ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуда, аз он қариб 12 ҳазор нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд… Дар ҳамин давра дар вилояти Хатлон 170 маротиба ярмаркаи ҷойҳо нави холи кор ва вазифаҳои озод баргузор карда шудааст, ки тариқи он 1 ҳазору 677 нафар соҳиби ҷойи кор гардиданд”.

Чӣ қадар дардовар аст, вақте мебинӣ зани тоҷик, ки аслан ҳамчун олиҳаи ҳусну зебоӣ, кадбонуву нигаҳдори хона ва тарбиятгари фарзандон тасвир мешавад, имрӯз маҷбур шудааст, то барои пайдо намудани қути лоямути хеш оғӯши фардандонашро тарк намуда, аз субҳи барвақт ба мардикорӣ биравад. Инро тасвир намудан осон нест. Бояд дид, агар барои дидан ҳам одами баномус ҷуръат намояд...

«Мардикорзанон» низ дар бораи шароити бади кориву зиндагиашон ва сабабҳои розӣ шудан ба ин шароити нолоиқ суҳбат мекунанд:

- Аз соати панҷи саҳар то ҳабдаҳи бегоҳӣ алаф дарав мекунем, то ки ягон пул гирифта, барои кӯдаконамон харид кунем. Падари кӯдаконам дар Русия аст, ба ман ёрдам намерасонад, таъмини се кӯдак зӯрам овардаасту аз ҳамин хотир дар ин ҷо омада кор мекунам. Мардикорӣ душвор аст. Шавҳарам дар Русия зани дуюм гирифтааст. Бо се кӯдак маскунам. Шавҳарам на таҳо ба ман, балки ба кӯдаконаш кӯмак намерасонад, дигар маҷбурам ин ҷо омада кор кунам!
Феълан ин бонувони бекор аз ҳукумати кишвар хоҳиш доранд, барояшон ягон корхона бунёд намуда, онҳоро ба ҷойи кори доимӣ таъмин кунад, то тавонанд бо меҳнати ҳалол ризқи худро пайдо кунанд ва аз ин бештар саргардон нашаванд.


Зимни сӯҳбат яке аз занҳо ба чашмонам нигоҳ мекарду бо лаҳни таассуф мегуфт, "нав дарак ёфтен, мо ина ҳафт сол мешавад ин ҷо овораем. Тамоми умедамонро аз даст додаем, хоҳиш мекунем ба ҳоли худ гузоредамон, боз аз ҳамин нони хӯрдан ҳам намонедамон”.

Суханони ин занонро дар баёни ҳолашон мешунаваму дар сарам вазъи онҳо бо васфи модари тоҷик аз тариқи ТВ рӯ ба рӯи ҳам мезананд. "Олиҳаи ҳусну зебоӣ, тарбиятгари насли нави ин миллат”, имрӯз барои 25-30 сомонӣ чӣ корҳое намекунад, ки вазнинтаринаш сангу хишткашонӣ ва нангинтаринаш зери пои кудом аҷнабие худро "мувофиқ доштан” аст.

Дар ҳамин ҳол, масъулини ҳукумати вилояти Хатлону шаҳри Бохтар, таи ду ҳафта, ки ин матлаб расонаӣ мешавад, вокунише бадар накардаанд. Аммо коршиносон мегӯянд дар соле, ки онро ҳукумат соли сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ эълон кардааст, имкон дорад ҳам аз ҳисоби имконоти худ ва сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ барои бонувон корхонаҳои вижа таъсис бидиҳад. Чун, агар солҳои қаблӣ бонувони тоҷик чандон шавқманди кор дар коргоҳҳоро надоштанд, ҳоло, ки худашон мехоҳанд ва аксари вақт маҷбуранд, аз ин имкон барои раҳнамоии онҳо метавон ба манфиат истифода бурд.

 

Бознашр аз ҳафтаномаи "Озодагон”, шумораи 33, 15 августи соли 2018

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон