21 АВГУСТ ДАР ТОҶИКИСТОН РӮЗИ ИДИ ҚУРБОН ЭЪЛОН ШУД (4 АКС)

Шӯрои уламои Маркази исломӣ (муфтиёти собиқ)-и Тоҷикистон рӯзи 21 августро ҳамчун рӯзи таҷлили иди Қурбон эълон кард. Бар асоси қарори Шӯрои уламо, намози иди Қурбон дар масҷидҳои кишвар соати 06:30-и субҳи 21 август баргузор мешавад. Шӯрои уламо ба имомхатибон дастур доддааст, ки дар рӯзҳои ид пеши роҳи исрофкорӣ дар оростани дастурхонҳои идонаро бигиранд.

Шӯрои уламои Маркази исломӣ (муфтиёти собиқ)-и Тоҷикистон рӯзи 14 август дар як ҷаласа масъалаи рӯзи таҷлили иди Қурбонро баррасӣ карда, ба қарор рест, ки иди Қурбон дар қаламрави Тоҷикистон рӯзи 21 август таҷлил шавад. Соати 06:30-и субҳи 21 август дар масҷидҳои кишвар намози иди Қурбон баргузор мешавад.

Шӯрои уламо дар қарораш ҳамчунин имомхатибонро вазифадор кардааст, ки "дар мавъизаҳояшон таваҷҷуҳи мардумро ба масъалаи расонидани кумаки моддӣ ба ятимону бепарасторон, ниёзмандон, танзими идгардаки кӯдакон ва зери назорат қарор додани онҳо, пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ ҷалб намоянд.”

Имомхатибон ва комиссияҳои одоб, ки дар масҷидҳо ташкил шудаанд, ҳамчунин бояд дар рӯзҳои ид навбатдории шабонарӯзиро ба рои таъмини амнияти намозгузорон ба роҳ монанд.

Ҳамчунин маблағи ҳаққи узвияти масҷидҳои ҷомеъ аз ҳисоби хайрияҳои рӯзҳои иди саиди Қурбон ба андозаи 600 сомонӣ аз ҳар масҷид муқаррар шуда, бо қарори Шӯрои уламо, масҷидҳо бояд ин пулҳоро ба хазинаи Маркази исломӣ (муфтиёти собиқ) бисупоранд.

Дар арафаи иди Қурбон мақомоти Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимҳо ҳушдор доданд, ки намояндагони ин кумита дар арафаи ид нархномаҳои бозорҳоро назорат хоҳанд кард, то савдогарон бо истифода аз ҳангомаи омодагӣ ба иди Қурбон нархҳоро боло набаранд.

Кумитаи дин ҳамчунин ҳушдор дод, ки намояндагон дар рӯзҳои ид хона ба хона гашта, дастурхонҳои идонаи мардумро низ назорат мекунанд ва онҳоеро, ки дастурхони беш аз ҳад бошукӯҳ меороянд, метавонанд то 5 ҳазор сомонӣ ҷарима банданд.

Соли гузашта низ мақомот аз мардум талаб карда буданд, ки дар иди Қурбон бо меваҷоту шириниҳо дастурхони хоксорона биороянд ва ба исроф роҳ надиҳанд.

Ҳамин тавр, дар арафаи ид гузоришҳое ба даст расиданд, ки дар бархе идораҳои давлатӣ ва мактабҳо ба кормандон аз пеш амр додаанд, ки дар рӯзи ид сари кор ҳозир шаванд.

Соли гузашта низ, ки иди Қурбон ба 1 сентябр рост омад, дар мактабҳо ба баҳонаи Рӯзи дониш рӯзи дарс эълон шуда буд.


назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон