ОХИРИН МУСОҲИБАИ САЙЁҲОНИ КУШТАШУДА: МО ДАР ИНҶО ХЕЛЕ ХУШБАХТЕМ... (ВИДЕО)

Шабакаи "Настоящее Время” охирин мусоҳибаи сайёҳони велосипедсавори дар Данғара кушташударо нашр кард. Ин мусоҳиба як рӯз қабл аз қатли онҳо сабт шудааст ва дар он сайёҳон дар бораи Тоҷикистон бо муҳаббати зиёд ҳарф зада, мегӯянд, ки Тоҷикистон як кишвари хеле зебо, мардумаш хеле мардуми хубанд ва онҳо дар инҷо хушбахтанд, зеро рӯзҳои хуберо пушти сар мекунанд...

Шабакаи "Настоящее Время” видеоеро нашр кард, ки ғолибан охирин мусоҳибаи сайёҳони велосипедсавор қабл аз кушта шуданашон дар ноҳияи Данғара мебошад. Ин мусоҳиба, ки шоми 28 июл, як рӯз қатл аз ҳамлаи Данғара, ҳангоми истироҳати шабонаи ин 7 велосипедсавор дар як боғе, ки онҳо барои шаб рӯз кардан онҷо истоданд,сабт шудааст.

Дар навор асосан сайёҳи амрикоӣ Лорен Ҷиогеган ба забони англисӣ ва шарики низ амрикоии ӯ Ҷей Остин ба забони русӣ дар бораи чӣ гуна хуб гузаштани сафарашон дар Тоҷикистон сӯҳбат мекунанд.

Лорен Ҷиогеган дар ин сабт мегӯяд: "Салом. Мо 7 нафар велосипедсаворем, ки дар Тоҷикистон сайёҳат дорем. Мо дар роҳ вохӯрдем. Ду нафари мо аз Амрико, ду нафар аз Швейтсария, ду нафар аз Ҳолланд ва як нафар аз Фаронсаем. Мо дар Тоҷикистон вақти худро хеле хуш мегузаронем. Ин кишвари хеле зебост.”

Ҷей Остин дар ин сабт таассуроташро ба забони русӣ баён мекунад: "Ман ва дӯстдухтарам бо велосипед ба Тоҷикистон омадем. Ман Тоҷикистонро дӯст медорам, ин кишвари хеле зебост.”

Лорен Ҷиогеган дар идома мегӯяд: "Мардуми Тоҷикистон хеле хубанд. Ин як сафари мушкиле буд – кӯҳҳои баланди Помир, дараҳои Вахон ва Бартанг, роҳҳои сангфарше, ки рӯи онҳо велосипедҳои мо бум-бум-бум меларзиданд. Вале табиати атроф бағоят зебо буд ва мо инҷо дӯстони хеле хуберо инҷо дар роҳ вохӯрдем. Мо дар Тоҷикистон хеле хушбахтем ва ҳоло ба сӯи Душанбе меравем.”

Вале ин сафар ба сӯи Душанбе охирин сафари 4 нафар аз ин гуруҳи 7-нафарии сайёҳони велосипедсавор шуд. Рӯзи 29 июл, соати тахминан 15:30 дар шоҳроҳи Кӯлоб – Душанбе дар рӯбарӯи деҳаи Сафобахш (Ёхсу)-и ноҳияи Данғара як гурӯҳ бо мошини сиёҳи тамғаи "Дэу Лагенза” ин сайёҳонро пахш карда, сипас бо корд ба онҳо ҳамла карданд.

Дар натиҷаи ин ҳамла 4 сайёҳ, аз ҷумла ин ду сайёҳи амрикоие, ки дар ин навор ин қадар бо муҳаббат дар бораи Тоҷикистон ҳарф мезаданд, кушта шуда, ду нафари дигар захмӣ шуданд.

Масъулияти ҳамлаи Данғараро созмони террористии ДОИШ ба дӯш гирифт, вале мақомоти Тоҷикистон дар он ҳизби феълан дар кишвар мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ)-ро айбдор мекунанд. ҲНИТ ин иттиҳомро рад мекунад.

 



назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон