ПУЛҶАМЪКУНӢ ДАР МАКТАБҲО БАР АСОСИ КАДОМ ФАРМОНУ КАДОМ ҚОНУН АСТ?

Имрӯз дар аксари мактабҳои Тоҷикистон ба хотири ҳуҷҷатгузорӣ харидории як дело 30- 40 -50 сомонӣ ва китобҳои дарсӣ аз 70 то 120 сомонӣ аз ҳар як хонанда ҷамъоварӣ мекунанд. Дар ҳоле ки Вазорати маориф ва илми Тоҷикистонҷамъоварии ҳаргуна маблағҳоро рад мекунад, имрӯзҳо дида мешавад,ҷамъоварии маблағ дар авҷи аъло қарор дорад.

Дар Тоҷикистон тули чанд сол аст, ки 1 августбарои наврасоне, ки бори аввал ба мактаб мераванд, рӯзи дарсӣ муқарар карда шудааст. Гуфта мешавад, ин иқдом ба хотири тайёрӣ ба дарсҳост.

Дар баробари оғоз гардидани рӯзи дарсӣ барои онҳое, ки бори аввал ба мактаб мераванд, мушкилиҳо дар рӯ ба рӯяшон қарор дорад. Ҷамъовардани маблағ ба хотири ҳуҷҷатгузорӣ ва харидории китобҳои дарсӣ яке аз баҳсҳоест, ки волидонро дар ду роҳ қарор додааст, ки намедонанд, ки ин пулҷамъкуниҳо қонунӣ аст ва ё ғайриқонунӣ. Имрӯз дар аксаримактабҳои Тоҷикистон ба хотири ҳуҷҷатгузорӣ харидории як дело 30- 40 -50 сомонӣ ва китобҳои дарсӣ аз 70 то 120 сомонӣ аз ҳар як хонанда ҷамъоварӣ мекунанд. Дар ҳоле ки Вазорати маориф ва илми Тоҷикистонҷамъоварии ҳаргуна маблағҳоро рад мекунад, имрӯзҳо дида мешавад,ҷамъоварии маблағ дар авҷи аъло қарор дорад. Аммо тааҷубовараш ин аст, ки ҷамъоварии маблағ дар ҳар мактаб ва ҳар ноҳияву шаҳр аз ҳамдигар фарқият дорад.

Манобеи "Ахбор” аз шаҳру ноҳияҳои гуногун ҷамъоварии маблағро тасдиқ намуданд.

Як сокини ноҳияи Айнӣ ба шарти бурда нашудани номаш ба сомонаи "Ахбор”гуфт: "Дар мактабҳои ноҳияи Айнӣ аз ҳар хонанда 30 сомонӣ барои ҳуҷҷатгузорӣ ва 70 сомонӣ барои китобҳои дарсӣ ҷамъоварӣ намуданд”. Вақте аз муаллимоне, ки ба ҷамъоварии маблағ пурсидем, ки чаро маблағ ҷамъ мекунед, гуфтанд, фармон аз болост, ба мо гуфтанд, мо фармонро иҷро мекунем.”

Сокини шаҳри Душанбе низ ба сомонаи "Ахбор” гуфт: "Дар шаҳри Душанбе ба хотири ҳуҷҷатгузорӣ аз ҳар хонанда 40 -50 сомонӣ ҷамъоварӣ мекунанд ва барои харидории китобҳои дарси 120 сомонӣ ҷамоварӣ доранд.”

Ҳоло дар бархе мактабҳои шаҳри Душанбе то пушту паноҳ надошта бошӣ наметавонӣ, ки фарзандатро ба мактаб гузорӣ. Ҳоло дар Душанбе бештари волидон кӯшиш мекунанд, кифарзандонашонро ба мактабҳое, ки равиши таълимиашон бо рӯсӣ аст, гузоранд, вале бе пора ягон мактаб қабул намекунад, - мегӯяд ин ҳамсуҳбати мо.

Ҳамсӯҳбати "Ахбор” аз шаҳри Панҷакент дар ин маврид гуфт: "Бо вуҷуди прокурори шаҳри Панҷакент, ки чанде пеш ба хотири ҷамъоварии маблағ масъулонро сарзаниш карда буд, имрӯз боз дида мешавад, ки аз волидони хонандагоне, ки бори аввал ба мактаб мераванд, маблағ ҷамъоварӣ доранд. Аз ҳар як хонандае, ки ба мактаб меравад, 40 сомонӣ ҷамъоварӣ доранд”.

Дигараз мушкилиҳое, ки волидон ба он рӯ ба рӯянд, харидории либосҳои мактабӣ аст, ки ҳайронанд, дар куҷо ва ва чӣ гуна либосҳоро харидорӣ намоянд. Зеро ҳар мактаб ба худ либоси махсус дошта харидории либосҳо дар бозорҳоро иҷозат намедиҳанд.

Як намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳури Тоҷикстон ба шарти бурда нашудани номаш ба сомонаи "Ахбор”гуфт: "Вазорати Маориф ва илм ягон фармон пиромуни ҷамъоварии маблағ аз хонандагоне, ки нав ба мактаб мераванд, содир накардааст, волидон метавонанд, ки ҳуҷҷатҳоеро, ки барои фарзандонашон лозим аст, худ харидорӣ намуда ба роҳбарияти мактабҳо диҳанд, вале ситонидани маблағ ба хотириҳуҷҷат ғайриқонунӣ аст. Ҳамчунин волидон метавонанд, ки китобҳои дарсии фарзандонашонро худашон харидорӣ намоянд, ки мо борҳо инро ба сокинон гуфта будем.”

Вале маълум нест, ки ҷамъоварии маблағ аз хонандагоне, ки тоза по ба мактаб мегузоранд, тиҷоратимудирони маориф аст, ё директорони мактабҳо, ки нархҳояшон аз ҳамдигар тафовут дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон