ФАВРӢ!!! ДОИШ МАСЪУЛИЯТИ КУШТОРИ САЙЁҲОНИ ХОРИҶӢ ДАР ТОҶИКИСТОНРО БА ӮҲДА ГИРИФТ

Бино ба гузориши Site Intelligence Group, гуруҳи террористии ДОИШ масъулияти куштори сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара дар ҷануби Тоҷикистонро ба ӯҳда гирифтааст. Дар изҳороти ДОИШ гуфта мешавад, ки "гуруҳи сарбозони хилофат” дар вилояти Хатлони Тоҷикистон "шаҳрвандони кишварҳои узви эътилофи салибӣ”-ро пахш карда, сипас бо корд 4 нафари онҳоро кушта, чор тани дигарро захмӣ кардаанд.

Созмони Site Intelligence Group, ки фаъолиятҳои созмонҳои террористиву ифротиро пайгирӣ мекунад, хабар дод, ки созмони террористии ДОИШ ("Давлати исломӣ”) масъулияти ҳамлаи хунин дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистонро ба дӯши худ гирифтааст. Дар изҳороте, ки ДОИШ рӯзи 30 июл нашр кард, гуфта мешавад, ки "гуруҳи сарбозони хилофат” болои "шаҳрвандони кишварҳои узви эътилофи салибӣ” бо мошин ва сипас бо корд ҳамла оварда, чор нафари онҳоро куштаанд ва чор нафари дигарро захмӣ кардаанд.

ДОИШ дар изҳороташ ба шаҳрвандони кишварҳои масеҳӣ таҳдид кардааст, ки онҳоро дар ҳар куҷои дунё бо чунин шева осеб хоҳанд расонд.

 

Ба ин тартиб, ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар Данғара нахустин ҳамлаи террористӣ дар қаламрави Тоҷикистон дар 8 соли охир ва нахустин ҳамлаест, ки масъулияташро ДОИШ ба ӯҳда мегирад. ДОИШ дар Тоҷикистон ва бисёре аз кишварҳои дунё мамнӯъ эълон шудааст.


 

Рӯзи 29 июл, соати тахминан 15:30 одамони номаълум дар ҳудуди ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара дар рӯбарӯи деҳаи Ёхсу мошини "Дэу Леганза”-ро болои гуруҳи сайёҳони хориҷии велосипедсавор ронда, сипас аз мошинҳо фаромада, бо корд ба онҳо ҳамла кардаанд.

Сайёҳон 7 нафар – ду шаҳрванди Амрико, ду нафар аз Швейтсария, ду нафар аз Ҳолланд ва як нафар аз Фаронса – аз сафари Бадахшон тавассути Кӯлоб ба Душанбе сафар мекарданд. Дар натиҷаи ҳамлаи рӯзи якшанбе ду шаҳрванди Амрико, як нафар аз Швейтсария ва як нафар аз Ҳолланд кушта шуда, як сайёҳ аз Швейтсария ва яке аз Ҳолланд ҷароҳат бардоштанд. Танҳо сайёҳи фаронсавӣ, ки аз ҳамроҳони худ ақиб монда буд, аз ин ҳамла беосеб берун шудааст.

То ин лаҳза, бино ба иттилои ВКД, аз 9 гумонбари ҳамлаи рӯзи 29 июл 5 нафараш кушта ва 4 тани дигар дастгир шудаанд.

Ин 9 гумонбар – дуяш аз шаҳри Кӯлоб, дуи дигар аз Панҷ, як нафар аз Норак, як нафар аз ноҳияи Ҷайҳун, якеи дигар бо номи Абдусамадов Ҳ.А. аз Душанбебуда, кӣ будани ду нафараш маълум нест.Аз ин шумор исми фақат 4 гумонбар – Абдусамадов Ҳ.А. аз Душанбе, Зафарҷон Самадов ва Асомуддин Маҷидов аз Панҷ ва Ҷаъфариддин Юсуфов аз Норак нашр шудааст.

Бино ба иттилои ВКД, мошини "Дэу Лагенза”-и рангаш сиёҳ ва рақами давлатиаш 74-98 ВН 03, ки сайёҳони хориҷиро бо ҳамин мошин пахш карданд, ба Ҷаъфариддин Юсуфов тааллуқ дошт. Мошинро шоми 29 июл дар деҳаи Торбулоқи ноҳияи Данғара пайдо карданд. Дар Торбулоқ ба мақомот муяссар шуд, ки яке аз гумонбарон – Абдусамадовро зинда дастгир кунанд, вале ду гумонбари дигар, ба гуфтаи мақомот, дар Торбулоқ ”ҳангоми муқобилият намудан нобуд карда шуданд.”

Гумонбарони боқимонда, бино ба гузориши қаблии ВКД, бар асоси нишондоди Абдусамадов Ҳ.А. муайян ва дастгир ё безарар гардонида шуданд.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода рӯзи 30 июл дар нишасти хабариаш тасдиқ кард, ки ҷинояткорон баъди пахш кардани сайёҳони хориҷӣ аз мошин фаромада, бо корд ба онҳо ҳамла кардаанд. Табибон низ вуҷуди захми корд дар бадани сайёҳони куштаро тасдиқ мекунанд. Раҳимзода гуфт, тафтишот тамоми фарзияҳо – аз садама то куштору раҳзанӣ ва "ҳама фарзияҳои дигар”-ро тафтиш мекунад ва дар анҷоми тафтиш муайян хоҳад шуд, ки куштори сайёҳон дар Данғара тасодуф буд ё ҳамлаи террористии тарҳрезишуда?

Куштори сайёҳони хориҷӣ дар Данғара дар ҳолест, ки соли 2018 дар Тоҷикистон Соли рушди сайёҳӣ эълон шудааст. Раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон чанде пеш гуфта буд, касоне ки бо муомилаи бад сайёҳони хориҷиро аз Тоҷикистон дилсард мекунанд ва мегурезонанд, бояд "хоини миллат” унвон шаванд: "Айб аст, муомилаи бад сайёҳи хориҷиро мегурезонад. Агар минбаъд кормандиумури дохила, гумрук, сарҳадбонӣ аз туристҳои хориҷӣ пул меситонанд, ё бароигардиши онҳо монеа эҷод мекунанд, хоини миллат эълон карда шавад ва дар нисбати ӯҷазои сангин дида шавад.

10 рӯз пеш як сокини деҳаи Булёни болои ноҳияи Данғара ба кӯшиши дастдарозӣ ба Бернардет Марфе, як сайёҳи 31-сола аз Маҷористон (Венгрия) айбдор шуд. Ин зан, ки бо велосипед дар роҳи сафар ба Бадахшон қарор дошт, шаби 18 июл др наздикии деҳаи Булёни боло дар теппаҳои Олимтой хайма задааст. Нисфи шаб ин сокини Булёни боло ба хаймаи сайёҳи маҷор даромада, кӯшиш кардааст, ки ба ӯ дастдарозӣ кунад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон