ҲУКМИ 20 МАҲБУСИ ЗИНДОНИ РАҚАМИ 1 БАЪДИ ЗАНОЗАНИИ МАҲБУСОНИ “САЛАФӢ” ВА “СУРИЯГӢ” БО МАҲБУСОНИ “ҲАЁТӢ”

Дар пайи занозании ду моҳ пеши байни маҳбусони "салафӣ”-ву "суриягиҳо” ва маҳбусони пайрави мазҳаби Исмоилия беш аз 20 маҳбуси зиндони рақами яки шаҳри Душанберо ҳукми иловагӣ додаанд. Аз ҷумла Фирӯз Табаров, писари адвокати фақид Исҳоқ Табаров, ки бо ҷурми зархаридӣ ба 13 соли зиндон маҳкум шуда буд, бар илова боз ду сол ҳукми маҳбас гирифтааст.

 

Мақомоти зиндони рақами яки шаҳри Душанбе баъди ду моҳ гузориши сомонаи "Ахбор” дар бораи занозании байни маҳбусони "салафӣ”-ву "суриягиҳо” аз як тараф ва маҳбусони пайрави мазҳаби Исмоилия аз тарафи дигар дар ин маҳбасро тасдиқ карда, гуфтаанд, ки беш аз 20 маҳбус барои ширкат дар он занозанӣ ҳукми иловагӣ гирифтаанд.

Сомонаи "Ахбор” ягона нашрияе буд, ки ҳанӯз дар ибтидои моҳи июн дар ин бора гузориш дода буд. Ду манбаи сомонаи "Ахбор” хабар доданд, ки дар поёни моҳи май дар зиндонҳои Душанбе байни маҳбусоне, ки бо иттиҳоми "Салафия” ва "ширкат дар ҷангҳои Сурияву Ироқ” маҳкум шудаанд, ва маҳбусони пайрави мазҳаби Исмоилия, ки зодагони Бадахшонанд, бархӯрди шадид сурат гирифтааст.

Рӯзи 26 июл як манбаъ дар Сарраёсати муассисаҳои ислоҳии вазорати адлияи Тоҷикистон ба радиои ба мақомот наздики "Озодӣ” гуфтааст, ки дар занозанӣ дар зиндони рақами як байни маҳбусони мазҳабӣ ва "ҳаётиҳо” (яъне онҳое ки дунявигароянд) беш аз 70 нафар ширкат доштаанд ва бо пешниҳоди раиси маҳбаси рақами як беш аз 20 нафари онҳо ҳукми иловагӣ гирифтаанд.

Аз ҷумла ба ҳукми Фирӯз Табаров, писари адвокати шинохта Исҳоқ Табаров, ки бо ҷурмҳои "зархаридӣ” ва "даъватҳои оммавӣ ба сарнагун кардани ҳукумати конститутсионӣ” ба 13 соли зиндон маҳкум шуда буд, боз ду сол "ҳукми маҳбасӣ” илова шудааст.

Наздикони Фирӯз Табаров дар занозании байни маҳбусон иштирок доштани ӯро рад мекунанд ва мегӯянд, Фирӯзро дар қатори бақия "подасуд” кардаанд.

Фирӯз Табаров ва додараш барои он боздошт шуда буданд, ки ба гуфтаи мақомот, ба зану фарзандони як ҷӯрааш, ки дар Сурия меҷангид, барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ кумак кардааст. Аммо Исҳоқ Табаров, ки соли 2017 баъди маҳкум шудани фарзандонаш аз олам чашм пӯшид, ангезаҳои боздошти ду писарашро сиёсӣ меномид ва мегуфт, онҳоро таҳти шиканҷа ба эътирофи ин гуноҳ маҷбур кардаанд.

Манобеи "Ахбор” ду моҳ пеш хабар дода буданд, ки маҳбусони "салафӣ” ва "суриягиҳо” бо маҳбусони исмоилӣ дар чанд зиндони Душанбе, аз ҷумла дар маҳбасҳои рақами 1 ва 7, бар сари ихтилофоти мазҳабӣ даргир шудаанд. Манобеи сомонаи "Ахбор” мегӯянд, маҳбусони "салафӣ” ва "суриягиҳо” бо маслиҳати пешакӣ ва ғафлатгирона болои маҳбусони бадахшонӣ ҳамла кардаанд ва маъмурони зиндон ба ин занозанӣ дахолат карда, иштирокчиёнашро аз ҳам ҷудо карданд ва ба боздоштгоҳи ҷаримавӣ андохтанд.

Хешованди як маҳбуси зодаи Бадахшон дар сӯҳбат бо "Ахбор” гуфт, намефаҳмад, ки мақомот бо кадом ақл маҳбусони муттаҳам ба "Салафия” ва "Доишиҳо”-ро бо пайравони мазҳаби Исмоилия дар як маҳбас ҷой кардаанд: "Маълум аст, ки як нуқтаи асосии идеологияи чӣ салафиҳо ва чӣ ДОИШ душмани Ислом хондану ба куфр айбдор кардани пайравони мазҳаби шиа мебошад. Ва инҳо дар зиндонҳои Тоҷикистон дар симои бадахшониҳо, ки аз як равияи мазҳаби шиа пайравӣ мекунанд, душмани худро мебинанд. Ба назари ман, дар як маҳбас бо "салафиҳо” ва "доишиҳо” нигоҳ доштани маҳбусони исмоилӣ ба амният ва ҳаёти онҳо хатар дорад ва бояд онҳоро аз якдигар ҷудо нигоҳ бидоранд.”

Баъди ин занозаниҳо ёвари президенти Тоҷикистон дар умури амният ва дифоъ генерал Шералӣ Хайруллоев, ки умури зиндонҳо низ зери назари ӯст, моҳи июн ду маротиба аз зиндонҳои рақами 1 ва 7 боздид ва бо маъмурият ва маҳбусони ин зиндонҳо мулоқот кард.

Дар зиндонҳои Тоҷикистон, бино ба ҳисобҳо, ҳудуди 10 ҳазор нафар адои ҳукм мекунанд. Аз 2 то 3 ҳазори онҳо, бар асоси гузоришҳои созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, бо иттиҳомоти сиёсӣ ва бо ҷурми ифротгароӣ маҳкум шудаанд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи май гуфт, мақомоти ин кишвар тақрибан 700 нафарро бо ҷурми ширкат дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ваё азми рафтан ба он ду кишвари ҷангзада дастгир ва зиндонӣ кардаанд. Ҳамин тавр, баъд аз равияи ифротӣ эълон шудани Салафия садҳо нафар бо ҷурми "салафигароӣ” аз ҷониби додгоҳҳои Тоҷикистон маҳкум ба зиндон шудаанд.

Салафиҳо дар таблиғоти такфирии худ рӯи мубориза бо мазҳаби шиа тамаркуз мекарданд ва пайравони мазҳаби шиаро ҳатто "кофир” ҳукм мекарданд. ДОИШ низ ҷанг бо шиаҳоро дар меҳвари таблиғоташ қарор дода буд.

Гуруҳи байналмилалии буҳроншиносӣ дар як гузоришаш навишта буд, ки ба зиндон андохтани садҳо пайрави ақидаҳои ифротии мазҳабӣ, аз ҷумла салафиҳо зиндонҳоро ба як арсаи умдаи идомаи таблиғи ақидаҳои ифротӣ табдил додааст. Як бахши аъзами онҳое, ки ба таблиғоти гуруҳҳои тундрав дода шуда, баъди озод шудан ҳатто ба Сурияву Ироқ рафтанд, маҳбусон буданд, ки як қишри осебпазир дар баробари мавҷи чунин таблиғот шумурда мешаванд.

Аксари аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон аз равияи Исмоилияи мазҳаби шиа пайравӣ мекунанд. Азбаски дар ҳудуди ин вилоят ягон маҳбас нест, он зодагони Бадахшон, ки бо ҷароиме маҳкум ба зиндон мешаванд, барои адои ҳукм ба маҳбасҳои воқеъ дар манотиқи дигари Тоҷикистон фиристода мешаванд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон