расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Оғози таътили тирамоҳӣ дар мактабҳои Тоҷикистон аз 1 ноябр

. / Ҷомеа

Оғози таътили тирамоҳӣ дар мактабҳои Тоҷикистон аз 1 ноябр

Номгӯи тавсияшудаи адабиёти бадеӣ аз 299 асар барои хондан тартиб дода шудааст.

Сурат: youtube.com
Рӯзи 31 октябр дар ҳамаи мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон аз чоряки якум натиҷагирӣ шуда, хонандагон ба муҳлати 10 рӯз ба таътили тирамоҳӣ мебароянд, хабар медиҳад Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ.
Гуфта мешавад, дар ин давра муаллимон ба корҳои методӣ ва омодагӣ ба озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори сол” машғул мешаванд.
“Вазорат номгӯи тавсияшудаи адабиёти бадеӣ аз 299 асарро барои хониши беруназсинфӣ тартиб дод. Ҳамчунин дар таътили тирамоҳӣ дар муассисаҳои таълимӣ ҳафтаи гиромидошти адибони тоҷик баргузор мешавад. Дар ин давра марҳилаи аввали олимпиада оғоз мегардад, ки дар он хонандагони фаъолу аълохон иштирок мекунанд. Олимпиадаи ҷумҳуриявии хонандагони мактабҳо ҳамасола вақти таътили зимистона доир мегардад”, - хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорат.
Вазорати маориф ва илм ҳамчунин ният дорад, ки дар давраи таътили тирамоҳӣ хонандагонро ба иштирок дар барномаҳои илмиву адабӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва чорабиниҳои ҷашни Конститутсияи Тоҷикистон ҷалб намояд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.