расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Афзоиши босуръати ҳодисаҳои дуздӣ дар хонаҳои Тоҷикистон

. / Ҳаводис

Афзоиши босуръати ҳодисаҳои дуздӣ дар хонаҳои Тоҷикистон

Тайи моҳи ахир дар кишвар 118 ҷунин ҷиноятҳо ба қайд гирифта шудааст.

Сурат: media.az
Моҳи сентябри соли равон шумори ҳодисаҳои дуздӣ дар хонаҳо дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 зиёда аз 2 баробар афзуд.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, моҳи сентябр мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 118 ҳодисаи дуздӣ дар хонаҳоро ба қайд гирифтаанд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 61 ҳодиса ва моҳи августи соли ҷорӣ 26 ҳодиса зиёдтар мебошад.
Ҳамчунин моҳи сентябри соли ҷорӣ афзоиши босуръати ҷиноятҳое ба мисли ғоратгарӣ (2,3 баробар), одамрабоӣ (2 баробар), порагирӣ (62,5%) сабт шудааст.
Ба сурати умум дар моҳи гузашта шумори қариб ҳамаи намудҳои ҷинояткорӣ афзудааст, ба ҷуз таҷовуз ба номус ва суиқасд ба он: аз 4 ҳолат дар моҳи сентябри соли 2019 то ба 3 ҳолат дар моҳи сентябри соли 2020.

Моҳи сентябри соли равон да ҷумҳурӣ ҳамагӣ зиёда аз 2,1 ҳазор ҳодисаҳои ҷинояткорӣ сабт шудааст, ки нисбат ба ҳамин моҳи соли 2019 ба андозаи 13,5% (252 ҳолат) зиёдтар мебошад.
Дар ҳамин ҳол, давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон дар кишвар ҳудуди 17,9 ҳазор ҳодисаҳои ҷинояткорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 670 ҳолат зиёдар аст.
Афзоиши сабти ҳодисаҳои ҷинояткорӣ дар зарфи 9 моҳи соли равон дар вилояти Хатлон 18,6% ва шаҳри Душанбе - 0,9%-ро ташкил медиҳад. Дар ин давра дар ВМКБ 13,8%, вилояти Суғд - 8,3% ва ноҳияҳои тобеи марказ - 4% камтар содир намудани ҷиноятҳо сабт шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.