БОЗДОШТИ КЕЛИН БАРОИ ДУЗДИДАНИ ПУЛҲОИ ХУШДОМАН

Як зани 24-солаи сокини пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки 5 сол пеш, вақте дар хонаи хушдоман зиндагӣ мекард, 51 330 сомонӣ пулҳои хушдоманашро дуздидааст.

Дар назди Кохи фаарҳанги ноҳияи Ёвон як ҷавони 19-соларо корд задаанд.

Аҳмадбек Саидови 6-сола дар ноҳияи Ҷайҳун зери чархи мошин ба ҳалокат расид.

Дар шаҳри Ваҳдат телефони мобили як занро бо зӯр аз дасташ рабудаанд.

 

Аз навори хабарҳои рӯзи 19 июли маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

 

Дуздидани маблағҳои хушдоман аз ҷониби келин

Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия зани 24-солаи сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанберо бо гумони дуздӣ дастгир намуданд.

Номбурда, аз моҳи феврал то моҳи майи соли 2013 ҳангоми дар хонаи хушдоманаш, зани 58-солаи сокини пойтахт зиндагонӣ карданаш, аз ҳуҷраи хоби хушдоманаш, бо роҳи пинҳонӣ 51 ҳазору 330-сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

 

Лату кӯб ва расонидани ҷароҳати вазнин бо корд

Ба ШВКД дар ноҳияи Ёвон марди 58-солаи сокини деҳаи Даҳанаи ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки рӯзи 16-уми июли соли 2018, тахминан соати 22:10-дақиқа, дар назди бинои Кохи фарҳанги ноҳия, марди 26-солаи сокини ноҳияи мазкур, писараш, ҷавони 19-соларо зери лату кӯб қарор дода, бо корд ба китфаш задааст.

Мувофиқи маълумотномаи Ташхиси судӣ-тиббӣ номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати марди гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишоти ин ҳодиса идома дорад.

 

Пахш намудани пиёдагарди хурдсол дар ноҳияи Ҷайҳун

18-уми июли соли 2018, тахминан соати 09:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Зефира”, Шоев Қаноатшоҳ Саидович, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Панҷ ба самти ноҳияи Ҷайҳун, дар ҳудуди деҳаи Кӯҳдомани ҷамоати деҳоти Панҷ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол, Саидов Аҳмадбек Мансурбекович, соли таваллудаш 2012, сокини деҳаи Айнии ноҳияи Чайҳунро, ки роҳро аз тарафи чап ба самти муқобил мегузашт, пахш намудааст.

Мутаассифона, дар натиҷаи рух додани чунин ҳодисаи нохуш пиёдагарди хурдсол, Саидов А.М. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

 

Бо роҳи зӯрӣ гирифтани телефони мобилӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза зани 33-солаи сокини деҳаи Андигони шаҳри мазкур дар он хусус муроҷиат намудааст, ки санаи 6-уми июли соли 2018, тахминан соати 18:00-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Сомониён қарор доштанаш шахси номаълум бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи "Самсунг-Галакси”, арзишаш 700-сомониро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи сокини деҳаи Ширинчашмаи шаҳри Ваҳдат ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон