СОКИНИ БӮСТОН АВВАЛ ЗАНАШРО КУШТУ БАЪД ХУДАШРО ОВЕХТ

Як сокини 29-солаи шаҳри Бӯстон аз ҳиссиёти рашк ҳамсари низ 29-солаашро буғӣ карда, ба ҳалокат расондааст ва сипас худро низ ба дор овехтааст. ВКД мегӯяд, ин мард баъди як муноқиша ҳамсарашро барои оштишавӣ даъват мекунад, вале аз пеш нақшаи куштани ӯро кашида будааст.

Маркази матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи боз як куштори ҳамсар бо дасти шавҳар хабар дод.

Бино ба ин манбаъ "марди 29-солаи сокини шаҳри Бӯстон бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудани ҳамсараш, зани 29-сола, ки аз сабаби муноқишаи оилавии ба миён омада, ҷанҷол намуда буданд, ӯро бо баҳонаи оштишавӣ ба хонаи хоҳари худ, воқеъ дар кӯчаи Д.Халқҳои шаҳри мазкур даъват намудааст.

Аммо "оши оштӣ”-и зану шавҳар дар кӯчаи Дӯстии халқҳо бо фоҷиа анҷомид. ВКД мегӯяд, ки мард "аз ҳиссиёти рашк бо ноқили тайёркардааш аввал ҳамсарашро бӯғӣ карда ба ҳалокат расонида, баъдан худро низ бо роҳи доркашӣ ба ҳалокат расонидааст.

Ҳоло дар робита ба ин ҳодиса бар асоси қисми аввали моддаи 104-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Парванде ки ба далели марги ҳам ҷабрдида ва ҳам қотил боз баста хоҳад шуд.

Вале ҳодисаҳои куштори ҳамсар бо дасти шавҳар ва ҳамин тавр, куштори хешу табори наздик дар Тоҷикистон дар ин авохир хеле зиёд шудаанд.

Як чунин куштор, ки хеле сару садои зиёд кард, қатли Моҳира Ятимоваи 33-сола аз ҷониби шавҳараш Бобоҷон Ширинов буд. Бобоҷон Ширинов писари генерал Раҷабалӣ Ширинов, собиқ роҳбари пулиси андози Тоҷикистон ва муовини собиқи раиси Агентии мубориза бо коррупсия мебошад.

Шоми 6 июн Моҳира Ятимова - ҳамсари собиқи писари генерал Ширинов ҳамроҳи як дугонааш барои аёдати фарзандонаш ба манзили Шириновҳо дар маҳаллаи "1-ум Советский”-и шаҳри Душанбе меояд. Баъди ҷудо шудан аз ҳамсараш Бобоҷон Ширинов, писари Раҷаби Ширин фақат як кӯдакашро ба ӯ дода, ду писари дигарашро пеши худ гирифта буд.

Келини собиқи Ширинов бо дугонааш қабл аз намози шом вориди манзили Шириновҳо шуда, дар саҳни ҳавлӣ бо шавҳари собиқи ин зан рӯбарӯ шуданд ва ин дидори рӯбарӯи зану шавҳари собиқ зуд ба муноқиша печид. Сабаби муноқишаи онҳо рӯшан нест, вале натиҷаҳои хунинаш маълум аст: Писари генерал Ширинов ҷоғи дугонаи зани собиқашро зада шикаст ва сипас дар сари ҷаҳл ба ҳамсари собиқаш дарафтода, ӯро 14 зарбаи корд зад. Баъди онки фаҳмид, ки ҳамсарашро куштааст, Бобоҷон Ширинов аз хона фирор кард, вале рӯзи 7 июн боздошт шуд.

Ҳамин тавр, рӯзи 18 июн як марди 42-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣдар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсари 32-солааш ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагии дар дасташ буда, 11 маротиба ба узвҳои баданаш зад. Дар натиҷа, ҳамсараш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

 

Рӯзи 9 май сокини 57-солаи Оббурдон Мирзораҷаб Охунов ҳамсараш Садафмоҳ Қурбоноваро ба як шакли бераҳмона зада кушт. Аз як маърака каме дер омадани ҳамсараш сабаби қаҳри шавҳар шудааст. Охунов ба сару рӯи ҳамсараш бо табару корд чанд зарба зада, кӯшиш мекунад, ки гардани ӯро бибурад, вале корд мешиканад. Мирзораҷаб Охунов баъди ин кафлезро ба даст гирифта, Садафмоҳ Қурбоноваро то мурданаш задааст.

Баъди ин бе ягон парво ба велосипед нишаста, аз хона мебарояд ва дар роҳ велосипедро ба писараш дода, ӯро ба хона мефиристад. Писар вақте вориди ҳавлӣ мешавад, модарашро мебинад, ки оғӯшта хун хобидаву кайҳо ҷон додааст...

https://www.youtube.com/watch?v=JWi9lfPKQWM

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон