СӮХТОР ДАР ИСТАРАВШАН ДАР РӮЗИ САФАРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Соати тахминан ҳафти шоми 25 июн корхонаи истеҳсоли аробаҳои кӯдакона дар кӯчаи Навоии ҷамоати Гули Сурхи Истаравшан ба коми оташ рафт. Барои фурӯ нишондани оташ 18 мошини сӯхторнишону обкаш ва қариб 400 нафар ҷалб шудаанд. Сӯхтор дар Истаравшан дар рӯзи сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рух дод.

 

25 июни соли 2018, соати 19:03-дақиқа, дар корхонаи истеҳсоли аробаҳои кӯдаконаи ҶДММ "Адл" ш.Истаравшан, ҷамоати деҳоти Гули Сурх, кӯчаи Навоӣ-53 дар натиҷаи расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ сӯхтор ба амал омад. Дар корхонаи мазкур ашёи хом аз маҳсулоти нафтӣ (гранула) ва дар анбор халтаҳо аз маҳсулоти тайёри пласмассӣ, зиёда аз 100 адад зарфҳои кислород, гази моеъ ва зиёда аз 1000 литр равғанҳои молидании истехсолӣ нигоҳ дошта мешуд.

Масоҳати бинои мазкур 40Х60 метр буда, конструксияҳои металопластикӣ мебошад.
19 манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, ки дар гирду атрофи он ҷойгир буд, аз коми оташ наҷот дода шуд. Дар рафти хомӯш намудани сӯхтор 11 нақлиётҳои оташнишонӣ, 7 нақлиётҳои ёрирасони обкашон, 128 нафар ҳайати шахсии хадамоти оташнишонӣ ва мақомати корҳои дохилӣ, 250 нафар аз ДТММ иштирок карданд.

Дар натиҷаи сӯхтор талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

 

Ин сӯхтор дар рӯзе рух дод, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи сафари кориаш ба вилояти Суғд вориди шаҳри Истаравшан шуд. Дафтари матбуоти президент хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми рӯзи 25 июн дар расми ифтитоҳи Маҷмааи таърихию фарҳангии "Қалъаи Муғ”, ки бо маблағгузории ҳукумат навсозӣ шуд, иштирок ва суханронӣ кардааст.

<iframe class="flickr-embed-frame" width="680" height="451" frameborder="0" allowfullscreen="allowfullscreen" data-natural-width="800" data-natural-height="531" data-loaded="true" data-mce-fragment="1"></iframe>

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон