БОЗДОШТИ ОВОЗХОНИ ШИНОХТА ЗАФАР АЮБӢ (ЗАФАРЧА) ДАР КӮЛОБ БАРОИ МОШИНИ СИЁҲШИША

Кормандони БДА-и шаҳри Бохтар, ки барои 10 рӯз ба шаҳри Кӯлоб сафарбар шуда буданд, дар ин муддат 11 мошини сиёҳшишаро ба далели надоштани иҷозатнома ба ҷаримагоҳ бурдаанд. Кормандони БДА аз ҷумла мошини «Ҷип»-и овозхони шинохтаи муқими Кӯлоб Заар Аюбӣ, маъруф ба Зафарчаро низ дастгир кардаанд. Барои бидуни иҷозатнома сиёҳ кардани шишаи мошин дар Тоҷикистон ҷарима ба маблағи 6250 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

 

Ниҳодҳои БДА (Бозрасии давлатии автомобилӣ) дар вилояти Хатлон ахиран таҷрибаи ҷолиберо барои беҳбуди натиҷаи фаъолияти худ ба роҳ андохтаанд.

Бар асоси ин барнома, кормандони БДА-и шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа), маркази вилояти Хатлонро барои 10 рӯз ба шаҳри Кӯлоб фиристода, кормандони БДА-и Кӯлобро дар ин 10 рӯз дар шаҳри Бохтар ба кор ҷалб кардаанд.

Як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон рӯзи 25 июн гуфт, ин таҷриба имкон додааст, ки кормандони БДА дар макони маъмурияти муваққатиашон ба натиҷаҳои беҳтаре даст биёбанд: «Баъди бозгашти кормандон маъмурияти онҳо натиҷагирӣ шуд ва нишондиҳандаҳо дар ҳақиқат хеле хубанд. Кормандони БДА-и Бохтар дар шаҳри Кӯлоб аз ҷумла дар ин 10 рӯз тавонистаанд 11 мошини сиёҳшишаро, ки ронандагонашон бидуни иҷозатномаи расмӣ бо шишаҳои сиёҳ мегаштанд, дастгир кунанд ва ба майдончаи ҷаримавӣ баранд. Ба онҳоакнун вобаста ба ҳолати қоидавайронкуниашон ҷарима ба маблағи то 125 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне то 6250 сомонӣ таҳдид мекунад.»

Ҳамсӯҳбати «Ахбор» афзуд, тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, аксари онҳое, ки бидуни иҷозатнома шишаҳои мошинҳои худро сиёҳ кардаанд, ё мансабдорони баландпояву хешу табори мансабдорон, ё одамони пурнуфузу дар минтақаи худ номдор мебошанд: «Аз ҷумла дар шаҳри Кӯлоб ҳафтаи гузашта кормандони БДА-и Бохтар мошини «Ҷип»-и овозхони шинохтаи сокини он шаҳр Зафар Аюбиро, ки ҳама ӯро бештар бо номи Зафарча мешиносанд, манъ карданд. Зафарча ҳам, мутаассифона, бидуни иҷозатномаи расмӣ мошини сиёҳшиша дошт ва ба ин далел, мошини ин овозхонро низ ба майдончаи ҷаримавӣ бурданд. Ҳарчанд одамони зиёде дар байн даромаданд, ки ин як одами обрӯманд асту дигару дигар, вале кормандони мо истодагарӣ карда, гуфтанд, ки дар пеши қонун ҳама баробаранд.»

Зафар Аюбӣ, бародари шоири шинохта Сафармуҳаммад Аюбӣ, аз овозхонҳои шинохтаи қариб 40 соли охир дар ҷануби Тоҷикистон аст, ки бештар таронаҳои тӯёна мехонад. Як замон шӯҳрати ӯ ба андозае буд, ки шӯхиомез мегуфтанд, «Жигулии 06 ва Зафарча ҳеҷ гоҳ аз муд намераванд.» Иттифоқан «Жигулии 06» аз муд рафт, вале Зафарча то ҳол тавонистааст маъруфияташро нигоҳ бидорад.

 

Аз соли 2000 то 2010 истифодаи мошинҳои сиёҳшиша дар Тоҷикистон ба далелҳои амниятӣ ва пеш аз ҳама, ба сабаби аз чунин мошинҳо барои анҷоми ҷиноятҳо истифода бурдани ба истилоҳ «боевик»-ҳо комилан манъ гардида буд. Дар он замон танҳо президент, сарвазир ва раисони ду палатаи парлумон ҳаққи истифода аз мошинҳои сиёҳшишаро доштанду халос.

Соли 2010 истифодаи мошинҳои сиёҳшишаро бо иҷозатномаи махсус мумкин шуд. Пули ин иҷозатнома, ки барои мошинҳои сохташон то соли 2004 – 2500 сомонӣ ва барои мошинҳои навтар 3100 сомониро ташкил медиҳад, бар асоси қарори ҳукумат, ба суратҳисоби сохтмони нирӯгоҳи Роғун гузаронда мешавад.

Ҳамзамон дар Кодекси қонунвайронкунии маъмурии Тоҷикистон банди 330-юм илова карда шуд, ки барои бидуни иҷозатнома рондани мошини сиёҳшиша ҷаримаи сангин ба маблағи баробари 125 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне ба маблағи то 6250 сомониро муқаррар кардааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон