ДОД АЗ ДАСТИ ШАВҲАРАМ! БОЗ ЯК ЗАН ХУДРО БА ДАРЁ АНДОХТ

Сокинони деҳаи Ҷетиқири ҷамоати Ориён дар Ҳисор аз субҳи 21 июн дар дарёи Кофарниҳон ҷасади як зани модари ду фарзандро меҷӯянд. Ин ҷавонзан субҳи 21 июн баъди муноқиша бо шавҳараш худро ба дарё партофтааст. Ӯ дар номаи пеш аз маргаш навиштааст, ки "дод аз дасти шавҳарам! Аз чунин зиндагӣ безор шудам...”

Сокинони деҳаи Ҷетиқири ҷамоати Ориёни Ҳисор ба сомонаи "Ахбор” хабар доданд, ки як ҷавонзани сокини ин деҳа субҳи 21 июн худро ба дарёи Кофарниҳон партофта худкушӣ кардааст. Ба гуфтаи сокинон, дар тӯли рӯҳи панҷшанбе мардум қад-қади дарё то сарҳади Ӯзбекистон ҷасади ин занро ҷустуҷӯ доштанд, вале ҳанӯз пайдо накардаанд.

Ин ҷавонзан, ба гуфтаи сокинон, келини Юлдош ном сокини Ҷетиқир буда, ду фарзанд доштааст. Шавҳари ӯ устои сохтмон аст ва аз ҳисоби мардикорӣ зиндагиашонро таъмин мекард.

Шоми 20 июн байни зану шавҳар бар сари мушкилоти рӯзгор муноқиша бархоста ва шавҳар занашро сахт латукӯб кардааст. Субҳи дигар зан дар рӯи ҷойгаҳи хобаш мактуби пеш аз маргашро гузошта, ба лаби дарё рафтаву худро ба оби пуртуғёни Кофарниҳон партофтааст. Лаҳзаи худро ба дарё партофтани ин занро чанд нафар дида, ба аҳли деҳа хабар расондаанд.

Сокиноне, ки номаи пеш аз марги ин занро дидаанд, мегӯянд, ки ӯ дар номааш аз азобу машаққате, ки дар хонаи шавҳар медид шикоят кардааст. Як ҳамсӯҳбати "Ахбор” дар ин робита гуфт: "Зани бечора дар номааш навиштааст, ки "Дод аз дасти шавҳарам! Аз чунин зиндагӣ безор шудам. Мурданам ҳазор бор беҳтар аст...”

Дар якуним моҳи охир ин алакай дуюмин зани сокини ҷамоати Ориён аст, ки худро ба дарёи Кофарниҳон андохта, худкушӣ мекунад.

Рӯзи 7 май дар пайи чунин мууноқиша бо шавҳар Сайрам Холова, як сокини деҳаи Сунбулаи

ноҳияи Ҳисор, худаш ва ду кӯдакашро ба дарёи Кофарниҳон партофта, худкушӣ кард. Фарзандони ғӯррамарги ин зан - Суҳбатулло чаҳор сол ва Неъматулло ду сол доштанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон