расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » МАЪМУРИЯТИ ФУРУДГОҲ: МАОШИ ШЕРАФГАН ХОҶАҚУЛОВ ПУРРА ПАРДОХТ ШУДА БУД (ВИДЕО)

. / Ҳаводис

МАЪМУРИЯТИ ФУРУДГОҲ: МАОШИ ШЕРАФГАН ХОҶАҚУЛОВ ПУРРА ПАРДОХТ ШУДА БУД (ВИДЕО)

Маъмурияти фурудгоҳи ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” шаби 26 октябр дар як баёнияи вижа гуфт, "дар робита ба қазияи Шерафган Хоҷақулов, корманди бахши бехатарӣ, ба самъи кормандони васоити ахбори омма мерасонад, ки маоши мавсуф то имрӯз пурра пардохт шуда буд.” Дар баёния, ки нусхаи он дар дасти идораи сомонаи "Ахбор” ҳаст, гуфта мешавад, ки "дар ин бора ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дастрас мебошанд.”
Дар баёния омадааст, ки "кулли кормандони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз марги фоҷиабори Шерафган Хоҷақулов сахт андуҳгин буда, ба наздикону пайвандони эшон изҳори таслият ва ҳамдардӣ мекунанд ва барояшон сабри ҷамил хоҳонанд.”

Дар фурудгоҳ ҳамчунин гуфтанд, ки "сабабҳои даст ба худкушӣ задани Шерафган Хоҷақулов ба мо маълум нест ва дар робита ба ин қазияи прокуратураи нақлиёти ҶТ санҷиш оғоз карда, тамоми омилҳо баррасӣ хоҳанд шуд.”
Шерафган Хоҷақулов, корманди 38-солаи бахши бехатарии фурудгоҳи Душанбе рӯзи 26 октябр, баъди нисфирӯзӣ худро дар ҷои кор парронд. Наздиконаш мегӯянд, ки ӯ ба нишони эътироз ба 9 моҳ боз пардохт нашудани маошаш даст ба ҷони худ задааст. Ӯ 3 фарзанд дошт.

Ҷамшед Давлатов, тағои Шерафган ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ соати яки рӯз ба додараш СМС фиристодааст, ки "омада, мурдаи маро аз фурудгоҳ баред”.
Шерафган дар як хонаи иҷора зиндагӣ мекард ва ба гуфтаи бародараш Умед Хоҷақулов, аз пули иҷораи он хона 14 ҳазор сомонӣ қарздор шуда буд ва соҳиби хона талаб кардааст, ки хонаи ӯро холӣ кунанд.
Бино ба иттилои яке аз дӯстонаш, Шерафган Хоҷақулов рӯзи 26 октябр, баъди онки маъмурияти фурудгоҳ талаби дигарбораи ӯ барои пардохти маошашро рад кард, аз силоҳи хидматӣ рост ба дилаш тир задааст.

Кормандони фурудгоҳи Душанбе мегӯянд, аз моҳи март ба ин тараф маош нагирифтаанд. Дар ин авохир ин дуюмин муҳофизи фурудгоҳи Душанбе аст, ки ба нишони эътироз худкушӣ мекунад. Чанде пеш як муҳофизи дигари фурудгоҳ бо номи Эркин, ки аз бонк қарздор буд, худро дар хонааш овехта буд.
Яке аз дӯстони Шерафган Хоҷақулов ба сомонаи "Ахбор” гуфт, ки зоҳиран ҳанӯз ҳамон вақт нақшаи худкушӣ дар ҷои кор дар сари Шерафган пайдо шуда буд: "Худо раҳмат кунад акаи Шерафганро, инсони хуб буд. Вақте Эркин худро овехт, шӯхиомез гуфта буд, ки худатро, ки куштанӣ будӣ, наомадӣ, дар даруни аэропорт бикушӣ, ки як гап шавад. Инро бинед, ки оқибат худи ӯ худашро дар даруни аэропорт кушт...”
Манобеи огоҳ аз ҷараёни вазъият мегӯянд, ду сохтмони бузург ба пешвози 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон – тармими бӯстонсарои ҳукумат дар маҳаллаи "8-уми март” дар Душанбе ва як меҳмонхонаи пурдабдаба дар дараи Харангонро ба гардани фурудгоҳи Душанбе бор кардаанд. Дар ин байн аз моҳи март парвозҳо қатъ шуданд ва фурудгоҳ аз бахши аъзами даромадаш маҳрум шуд. Вале касе масъулияти маблағгузории он ду сохтмонро аз дӯши фурудгоҳ нагирифт. Ба ин сабаб, ин корхона тамоми пулашро ба тармими бӯстонсарои ҳукумат ва меҳмонхона дар Харангон равона карда, дигар маблағе надорад, ки пули коргаронашро бидиҳад.



Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.