ХУДСӮЗИИ ЯК ЗАН ДАР ҲИСОР

Табибон як ҳафта боз барои наҷоти як зани 49-сола аз деҳаи Ғайратобод (собиқ Лангари боло)-и Ҳисор мубориза доранд. Ин зан рӯзи 5 июн дар пайи як муноқиша бо шавҳараш ба сари рӯи худ бензин рехта, худро оташ задааст. Табибон вазъи занро, ки 80 фоизи баданаш сӯхтааст, сангин арзёбӣ мекунанд.

Рӯзи 6 июн як зани 48-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сомон дар Ҳисор ба воситаи маводи сӯхт худро оташ задааст. Ба гуфтаи як манбаи огоҳ аз шаҳри Ҳисор, ин баъд аз ҷанҷоли оилавӣ бо падари фарзандонаш қасди ҷони худро кардааст.

Як шоҳид, ки рӯзи ба беморхона овардани зан, онҷо қарор дошт,мегӯяд: "Дар ҳақиқат ман ин занро дидам, ки дар ҳолати вазнин қарор дошт. Вақте дар ҳавлии беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор будем, аз пешамон ӯро гузарониданд, сару рӯяш сип-сиёҳ ҳатто нигоҳ кардан даҳшатовар буд. Гуфтанд, ки на танҳо чеҳрааш, балки тамоми баданаш сӯхтааст.”

Ҳамсуҳбати дигари сомонаи "Ахбор” , ки ҳамдеҳаи ин зан мебошад, дар бораи ин фоҷиа тафсилоти бештар дод: "Ин оиларо хуб мешиносам. Шавҳар 49 сол дораду худи ҷабрдида шояд 47 – 48-сола бошад. Ду духтарашон оиладоранд ва як писарашон дар муҳоҷират қарор дорад. Пеш аз ин ҳам ҳамеша ҷангу ҷанҷол доштанд. Ҳатто чандин маротиба ҷавонмардони деҳа мегуфтанд, ки набояд бо ҳамсарат чунин рафтор кунӣ, лекин ба гапи касе гӯш намекард. Ҳодиса нисфирӯзӣ, баъди ҷанҷоли сахти оилавӣ рух додааст. Зану шавҳар ҳардуяшон сӯхтагӣ ҳастанд. Шавҳараш вақти алавро хомӯш кардан ду даст аз оринҷ поён, як бари рости рӯяш ва як бари шикамаш сӯхтааст, вале фоизаш камтар аст.”

Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати "Ахбор”, зан бештар сӯхтааст. Худи мард ҳоло дар бемористони ноҳияи Ҳисор таҳти табобат қарор дорад, вале ҳамсари ӯро, вақте диданд, ки аҳволаш хеле вазнин аст, аз инҷо ба Маркази бемориҳои сӯхтагии шаҳри Душанбе бурдаанд.

Ӯ афзуд: "Ман тафсилоти ҷанҷолашонро намедонам, вале зоҳиран хеле ҷанги сахт шудааст, ки ҳатто фарзандон ба аёдати падарашон намеоянд. Ҳамаашон дар назди модарашон ҳастанд...”

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон