расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » НАЗДИКОНИ ШЕРАФГАН ХОҶАҚУЛОВ: Ӯ БА НИШОНИ ЭЪТИРОЗ ХУДКУШӢ КАРД

. / Ҳаводис

НАЗДИКОНИ ШЕРАФГАН ХОҶАҚУЛОВ: Ӯ БА НИШОНИ ЭЪТИРОЗ ХУДКУШӢ КАРД

Наздикони Шерафган Хоҷақуловкорманди фурудгоҳ мегӯяндӯ дар эътироз ба моҳҳо нагирифтани маош худро бо таппончаи хидматӣ паррондааст. Шерафган Хоҷақулов рӯзи 26-уми октябр талаб кардаастки маоши 9 моҳаи ӯро пардохт кунанд. Аммо вақте посухи рад мегирадбо масъулини фурудгоҳ баҳс мекунад ва ба дилаш мепарронадҶамшед Давлатовтағои Шерафган ба Радиои Озодӣ гуфтҷиянаш 9 моҳ боз маош нагирифта буд ва соати 13 ба бародараш паёмак навиштаастки "омада мурдаи маро аз фурудгоҳ баред.” Умед Хоҷақуловбародари Шерафган дар гуфт, Шерафган дар манзили иҷора зиндагӣ мекард ва 14 ҳазор сомонӣ ҳаққи истифодаи манзили иҷораро напардохта буд. Ба ин далел, соҳибхона аз ӯ талаб кардаастки хонаро холӣ кунад.
Кормандони фурудгоҳи Душанбе мегӯянд, аз моҳи март маош нагирифтаанд. Дар як моҳи охир ин дуюмин муҳофизи фурудгоҳи Душанбе аст, ки ба нишони эътироз худкушӣ мекунад. Моҳи сентябр як муҳофизи дигари фурудгоҳ, ки аз бонк қарздор буд, худро дар хонааш овехта буд.

Як корманди фурудгоҳи Душанбе худкушӣ кардааст

Муллораҷаб Юсуфӣ, Радиои Озодӣ
 
Як корманди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нисфирӯзии 26-уми октбяр даст ба худкушӣ задааст.
Наздикони Шерафган Хоҷақулов, корманди фурудгоҳ мегӯянд, ӯ дар эътироз ба моҳҳо нагирифтани маош худро бо таппончаи хидматӣ паррондааст. Мақомот низ ҳодисаро тасдиқ карда гуфтанд, додситонӣ ба таҳқиқи он шуруъ кардааст.
Ҷамшед Давлатов, тағои Шерафган рӯзи 26-уми октябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷиянаш 9 моҳ боз маош нагирифта буд ва соати 13 ба бародараш паёмак навиштааст, ки "омада мурдаи маро аз фурудгоҳ баред.”
Ҳамсуҳбати мо гуфт, Шерафган дар манзили иҷора зиндагӣ мекард ва аз пули иҷора низ қарздор буд. Ӯ соҳиби се фарзанди ноболиғ будааст.
Умед Хоҷақулов, бародари Шерафган дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ 14 ҳазор сомонӣ ҳақи истифодаи манзили иҷораро напардохта будааст ва соҳибхона аз ӯ талаб кардааст, ки хонаро холӣ кунад.
Ба гуфтаи бародари ӯ, Шерафган баъди хизмати ҳарбӣ дар бахши бехатарии фурудгоҳ кор мекард, вале бо исрори батакрори ӯ роҳбарияти фурудгоҳ маошашро пардохт намекунанд.
Бародари Шерафган гуфт, ки ҷасдаро ба ӯ нишон доданд ва ӯ осори тирро дар дили бародараш мушоҳида кардааст.
Назари масъулини Фурудгоҳи Душанбе ба ин ҳодиса ҳанӯз дастрас нашудааст.
Ҷасади Шерафган Хоҷақуловро ба бемористони Ёрии таъҷилии Душанбе оварданд ва наздиконаш гуфтанд, баъд аз ташхис ҷасадро ба онҳо медиҳанд.
Дар бинои Беморхонаи ёрии таъҷилӣ кормандони зиёди милиса ҳозир буданд ва ба хабарнигорони Радиои Озодӣ иҷозаи ворид шудан ба дохилро надоданд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рух додани чунин ҳодисаро тасдиқ карда гуфт, додситонӣ ба таҳқиқи он шуруъ кардааст.
Як ҳамсуҳбати мо, ки аз ҳодиса бохабар аст гуфт, Шерафган Хоҷақулов рӯзи 26-уми октябр талаб кардааст, ки маоши 9 моҳаи ӯро пардохт кунанд. Аммо вақте посухи рад мегирад, бо масъулини фурудгоҳ баҳс мекунад ва ба дилаш мепарронад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.