ДАРГУЗАШТИ УСМОН СОЛЕҲ - СУХАНГӮИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТӢ

Усмон Солеҳ, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва амалан сухангғи ҲХДТ рӯзи 10 июн дар синни 61 бар сари сактаи мағзӣ аз олам чашм пӯшид. Маросими намози ҷанозаи Усмон Солеҳ 11 июн, дар намози бомдод дар Душанбе дар маҳаллаи 103кӯчаи Тунис 1/7, пушти Коллеҷи ҳарбӣ, назди мактаби 43 доир мешавад.

 

 

Усмон Солеҳ аз журналистони собиқадор ва боистеъдоди тоҷик буд, ки дар солҳои 80 ба майдони матбуот омад. Усмон Солеҳ баъди хатми донишгоҳ қариб 20 сол дар рӯзномаи "Ҷумҳурият”, ки дар даврони Шӯравӣ "Тоҷикистони советӣ” ном дошт, кор кард. Баъди таъсиси ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ)-и президент Эмомалӣ Раҳмон Усмон Солеҳ ба дастгоҳи марказии ин ҳизб ба кор гузашт ва дар тӯли солҳои зиёде роҳбарии бахши таблиғот, иттилоот ва матбуотро дар дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ бар дӯш дошт. Ӯ дар ин мақом амалан сухангӯи ҳизби ҳоким буд.

Усмон Солеҳ дар байни дӯстону ҳамкасбон ҳамчун як марди хеле дилсофу ҳалим ва хоксору беозор шинохта мешуд, ки ба қавли маъруф, дар умраш мӯреро наозурдааст.

Бино ба иттилои ҳамсабақи донишгоҳиаш Ҳуринисо Ализода, маросими намози ҷанозаи Усмон Солеҳ 11 июн, дар намози бомдод дар Душанбе дар маҳаллаи 103кӯчаи Тунис 1/7, пушти Коллеҷи ҳарбӣ, назди мактаби 43 доир мешавад.

 

Хуриннисо Ализода

Чанд лаҳза қабл риштаи умри Усмон Солеҳ сухангӯйи ҲХДТ дар синни 61 солагӣ канда шуд.

Усмон ҳамкурси банда буда миёни ҳамсабақон бо ҳалимиву покдилияш соҳибэҳтиром буд.
Ӯ аз зумраи инсонҳоест, ки дар бораашон мегӯянд:"Мӯреро ҳам наозурдааст".
Усмон марди шарифу дилсоф ва инсони хеле хоксору заминӣ буду ин ҷаҳонро дар дар даҳаи охири рамазон бар асари бемории фалаҷи майна тарк мегӯяд.
Худованд ӯро раҳмату мағфират кунад.
Ёдат ба хайру хонаи охиратат обод бод, ҳамкурс ва бародари арҷмандам.
(Ҷаноза намози бомдод дар маҳаллаи103 кӯчаи Тунис 1/7.Пушти Коллеҷи ҳарбӣ, назди мактаби 43. Аз дӯстон хоҳиш мекунам ба онҳое, ки майитро мешиносанд, хабар диҳед.)

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон