расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ФАВРӢ! ЯК КОРМАНДИ ФУРУДГОҲИ ДУШАНБЕ ХУДРО ПАРРОНДААСТ

Ҷомеа / Ҳаводис

ФАВРӢ! ЯК КОРМАНДИ ФУРУДГОҲИ ДУШАНБЕ ХУДРО ПАРРОНДААСТ

Бино ба иттилои дарёфтии сомонаи "Ахбор”, як муҳофизи фурудгоҳи шаҳри Душанбе бо номи Шеравган рӯзи 26 октябр, тахминан соати 14 дар ҷои кор худро аз силоҳи хидматӣ паррондааст. Манобеи "Ахбор” гуфтанд, ки Шеравган бар асари захми бардоштааш ҷон додааст.
Сабаби тирандозӣ маълум нест, ки оё ин худкушӣ буд ваё аз беэҳтиётӣ?
Вале ҳамсуҳбатони "Ахбор” мегӯянд, дар як моҳи охир ин дуюмин муҳофизи фурудгоҳи Душанбе аст, ки бо марги ғайритабиӣ аз дунё меравад. Моҳи сентябр як муҳофизи дигари фурудгоҳ, ки аз бонк қарздор буд, худро дар хонааш овехта буд.
Кормандони фурудгоҳи Душанбе мегӯянд, аз моҳи март маош нагирифтаанд. Ин дар ҳолест, ки ҳар рӯз аз фурудгоҳи Душанбе чандин парвози чартерӣ анҷом дода мешавад ва агарчӣ ҳавопаймоҳо ба Русия тақрибан холӣ парвоз мекунанд, аз он тараф пур бармегарданд. Ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ чиптаҳоро бо нархи ду баробар қимат мефурӯшанд.
Фурудгоҳҳои Тоҷикистон моҳи март бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус баста шуданд. Вале ҳоло аз Тоҷикистон ба Истанбулу Дубай парвозҳои мунтазам ва ба Русия парвозҳои чартерӣ анҷом дода мешаванд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.