Вохӯрӣ дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат

148

Рӯзи 8-уми июни соли 2018 дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД бо донишҷӯён ва омӯзгорони ин боргоҳи илм вохӯрии судманд доир намуданд. Чорабинии мазкур бо мақсади пешгирии конуншиканӣ дар байни ҷавонон, бахусус донишҷӯён роҳандозӣ гардид. 

149

Ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Қодирзода Диловар Баҳриддин бо сухани ифтитоҳӣ ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ баҳри пешрафт ва тараққиёти тамоми соҳаҳо шароит фароҳам оварда шудааст. Ҳукумати мамлакат ҷиҳати илмомӯзӣ, аз бар намудани забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосир баҳри насли ояндасози миллат ҳамаҷониба ғамхорӣ намуда, пайваста таваҷҷӯҳи хосса зоҳир мекунад.
Сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД полковники милитсия Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳор дар идомаи чорабинӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки вазифаи мову шумо ин аст, ки дар якчоягӣ ҷиҳати пешгирӣ намудани қонуншиканӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро ва даст задани онҳо ба ҷинояту чинояткорӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, пеши роҳи содиршавии амалҳои номатлубро бигирем. 
Сипас, аъзоёни гурӯҳи «Авангард» ва донишҷӯёни фаъол низ дар навбати хеш баромад намуданд. 
Дар анҷоми чорабинӣ роҳбарияти Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ва донишҷӯёни фаъол бо Ифтихорномаву Сипоснома аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

150

Гуфтан ба маврид аст, ки дар симои ҷавонон ҳамагон пеш аз ҳама насли умедбахшу ояндасоз, муборизу шуҷоъ ва бунёдкору ободгарро мебинанд. Аз ин лиҳоз, чунин вохӯриву суҳбатҳои муфид бо донишҷӯёни муассисаҳои олии кишвар пайваста ба роҳ монда мешавад, то ҳисси хештаншиносиву ғурури миллӣ, Ватандӯстиву инсонпарварӣ дар ниҳоди онҳо бедор гардад.
Абдулло Шоҳиён

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон