БАРХӮРДИ “МЕРСЕДЕС” БО КАМАЗ ДАР МАҲАЛЛАИ ХОВАРОН

Соати яки шаби 8 июн дар шоҳроҳи Душанбе – Ваҳдат дар рости маҳаллаи Ховарони шаҳри Душанбе як мошини "Мерседес”-и навъи МЛ бо мошини партовбараки КАМАЗ бархӯрдааст. Дар натиҷа ҳарду мошин корношоям шудаанд, вале хушбахтона, ронанда ва мусофирони "Мерседес” осеби ҷиддӣ надидаанд.

Як хонандаи сомонаи "Ахбор” хабар дод, ки шаби 7 ба 8 июн дар шоҳроҳи Душанбе – Ваҳдат шоҳиди садамаи мошини "Мерседес” бо як КАМАЗ шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, мошини КАМАЗ, рангаш норанҷӣ ва рақами давлатиаш 471, ба корхонаи роҳтозакунии пойтахт тааллуқ дошта, дар назди терминали таксиҳои водии Рашту минтақаи Кӯлоб дар канори роҳ истода буд, ки мошини "Мерседес” омада, ба он бархӯрдааст. Бовар меравад, ки ронандаи "Мерседес”-ро шояд хоб бурда бошад.

Ин мошини "Мерседес” аз ҷипҳои навъи МЛ ва рангаш сафед буда, рақами давлатиаш Т011 ТТ 178 ба минтақаи Санкт-Петербург ва вилояти Ленингради Русия тааллуқ дорад.

Ба гуфтаи манбаи "Ахбор”, хушбахтона, дар вақти садама болинҳои амниятии "Мерседес” кушода шудаанд ва ба шарофати онҳо, ронанда ва мусофиронаш, ки зану кӯдаконаш будаанд, осеби ҷиддӣ надидаанд.

Ҳамсӯҳбати "Ахбор” гуфт, кормандони БДА, ки дар ҷои ҳодиса ҳузур доштанд, аксу наворбардориро ба шоҳидон манъ карданд, вале дида мешуд, ки муҳаррики мошини "Мерседес” қариб то дами дари пешаш пурра хароб шуда, радиатораш пора шудааст. Мошини КАМАЗ низ, ба гуфтаи ӯ, осеби ҷиддӣ дидааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон